8-уми март – Рӯзи Модарон
Боиси ифтихору фараҳмандист, ки дастгирии давлатии ташаббусҳои неку дурандешонаи занону бонувон ва пуштибонӣ аз иқдомҳои шоистаи модарон дар меҳвари сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақши занон таъкид намудаанд: «Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан – модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шавқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст».
Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.
Зан – модари бомаърифат, поягузор ва созандаи маърифати миллат аст. Маҳз модар бо иффату покдоманӣ, ақлу фаросат, ахлоқи ҳамида ва меҳру шафқат рӯзгори моро зебову пурмазмун мегардонад. Мо мехоҳем, ки занони мо босаводу соҳибмаърифат, болаёқату соҳибихтисос ва пешрафтаву бофарҳанг бошанд, зеро онҳо на танҳо тарбиятгари насли миллатанд, балки оина ва зебу зинати миллати сарбаланди тоҷик ва ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо низ мебошанд.
Модари тоҷик, ки дар тӯли асрҳо ба инсоният ҳазорон алломаву нобиғаҳо бахшидааст, сиёсатмадорону давлатмардони бузург, паҳлавонону қаҳрамонони миллатро дар домони поки худ парваридааст, имрӯз ва фардо низ қудрат дорад фарзандоне ба дунё оварад, ки номбардори аҷдоди хеш бошанд. Занону модарони оқилу бономуси мо ҳалқаҳои заррини пайванди гузашта бо имрӯз ва ояндаи миллати кӯҳанбунёди мо ҳастанд. Фарҳанги волои миллати соҳибмаърифат ва тамаддунсози мо аз «Алла»-и ширини тоҷикии занону модарони меҳрубон ва поксиришт ибтидо мегирад. Пас месазад, ки чунин занону модарони фозилро тоҷи сар намоем ва дар назди қадру манзалати онҳо бо эҳтироми самимӣ сар фуруд орем.
Мо ба шумо – занону модарон ва хоҳарону духтарони меҳрубон – ҳамчун неруи бузурги ҷомеа бовару эътимоди комил дорем ва аз шумо тарбияи фарзандони содиқу ватандӯст, саҳмгузорӣ дар ободонии кишвари азиз ва анҷоми иқдомҳои неку созандаро интизорем.
Итминон дорем, ки шумо ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, офарандаи зиндагӣ ва зебоӣ, посдори меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона ширкат варзида, барои пешрафти давлат рисолати созандаи худро сарбаландона иҷро менамоед.
Ҳамаи шумо – гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагӣ – ва дар симои шумо тамоми занону модарон ва бонувони ҷумҳуриро ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ, саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоем.
Бигзор лабони занону модарон, хоҳарону духтарон ҳамеша пурханда бошанд ва онҳо ҳаргиз ранҷу ғамро набинанд. Орзу дорем, ки Худованди мутаъол хонадонатонро пур аз файзу баракат гардонад ва шуморо ба тамоми ниятҳои некатон расонад.
Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!
Директори Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд н.и.т., Эрматов Комилҷон