Семинари илмӣ-амалӣ дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
22 апрели соли равон дар доираи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)" ва дар амал татбиқ сохтани Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Семинари илмӣ таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов баргузор гардид, ки дар он унвонҷӯён, ходимон ва олимони ҷавони илмӣ аз Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва озмоишгоҳи “Коркарди ашёи хоми минералӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ академик Улмас Мирсаидов иброз доштанд, ки ҳадафи асосии баргузории чунин семинарҳо тақвияти иқтидори илмии кишвар, омода намудани мутахассисони ҷавон ва табодули таҷрибаи амалӣ дар самти технологияҳои муосири коркарди ашёи хоми минералӣ мебошад.
Дар доираи семинар мазкур натиҷаҳои семоҳаи якуми соли ҷорӣ муҳокима шуданд, ҳозирин қайд намуданд, ки дар озмоишгоҳи “Коркарди ашёи хоми минералӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ бо коркард намудани маъданҳои бор ва алюминидор минералҳои данбурит, доталит, нефелин, сиенитҳо ҷода карда шуданд. Аз минералҳои данбурит ва доталити бадастовардашуда бо роҳи сулфитизатсия ва таҷзия бо кислотаи фосфор пайвастагиҳои бор ва аз минералҳои нефелин ва сиенитҳо пайвастагиҳои алюминий ҷудо карда шуд.
Инчунин вобаста ба натиҷаҳои дар семоҳаи аввали сол бадаст омада вобаста ба мониторинги радиатсионии мавзеъҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва коркарди маъданҳои урану торийдор муҳақиқони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ баромад карданд.
Гузоришҳои пешниҳодшуда мавриди баррасии амиқ ва муҳокимаи иштирокчиён қарор гирифта, академик Улмас Мирсаидов барои такмили корҳои тадқиқотии ҷавонон тавсияҳои муфид доданд.
Чорабинӣ дар фазои мубоҳисаи созанда сурат гирифта, барои олимони ҷавон ҳамчун майдони муносиби сайқали донишҳои назариявию амалӣ хизмат намуд.