Ҷаласа зери унвони «Оилаи солим — пояи устувории ҷомеа»
Имрӯз, 15 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бахшида ба "Рӯзи байналмилалии оила" ҷаласа бо иштироки Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими арзишҳои оилавӣ, баланд бардоштани маърифати занон ва нақши онҳо дар рушди ҷомеа баррасӣ шуд.
Яке аз самтҳои калидии фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ҷалби занону духтарон ба илм ва донишомӯзӣ арзёбӣ гардид. Иброз шуд, ки сатҳи босаводӣ ва фарҳанги занон бевосита ба устуворӣ ва солимии оила таъсири муҳим мерасонад.
Дар рафти маҷлис иштирокдорон қайд намуданд, ки барои тақвияти ҳавасмандии занон ва духтарон ба илм ва маориф зарур буда, чорабиниҳои маърифатӣ ва тарғиботӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо бештар баргузор карда шаванд. Иқдоми мазкур метавонад дар рушди зеҳнии насли наврас ва боло бурдани мақоми зан дар ҷомеаи имрӯза саҳм гузорад.