Баргузории дарсҳои кушод дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №82-и шаҳри Душанбе
14 майи соли 2026 дар доираи барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №82-и шаҳри Душанбе дарси кушод баргузор гардид.
Дар раванди чорабинии мазкур аз ҷониби фаъолони бахши миллии «Хонуми ядроӣ»-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ — Наҷмидинова Анисабону ва Собирова Мавзуна маърузаҳо вобаста ба нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар рушди илм, фаъолияти озмоишгоҳи Агентии мазкур, саҳми ҷавонон ва бонувон дар соҳаи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ҳамчунин ҷалби онҳо ба фанҳои дақиқ ироа гардид.
Чорабинӣ дар фазои фаъолу омӯзанда баргузор гардида, аз ҷониби омӯзгорону хонандагон хуб пазируфта шуд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ дар давоми сол низ ба нақша гирифта шудааст.