МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ «САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ, ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ»
14 майи соли 2026 дар Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд мизи мудаввар бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар таҳкими истиқлол, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва арзишҳои миллӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Муҳаммадалӣ Бобоев, директори Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд Эрматов Комилҷон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Шаҳром Атобуллоев, муовини командири қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллӣ Абдуллозода Фотеҳ, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр Раҳмонов Умедҷон, инчунин ҷавонони фаъол ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ қайд карда шуд, ки аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдорӣ, зарурати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дастгирии ҷавонон аз самтҳои муҳими сиёсати Президенти мамлакат мебошанд. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки ояндаи давлат аз дониш, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон вобаста аст.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири равандҳои гуногуни иттилоотӣ зарур аст, ҷавонон бо дониши муосир, тафаккури солим ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ фаъолият намоянд.
Қайд карда шуд, ки ҷавонон на танҳо ворисони истиқлол, балки созандагони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд ва бояд дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлат саҳми фаъол гузоранд.
Имрӯз садҳо ҳазор ҷавонони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсил мекунанд ва ба рушди илму техника, инчунин соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ саҳм мегузоранд. Дар тӯли 35 сол кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Рушди инфрасохтор, пешрафти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, эҳёи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи ин дастовардҳо мебошанд. Ҳамаи ин натиҷаи заҳмати муштарак ва масъулияти баланди шаҳрвандон, хосатан ҷавонон мебошад ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба истиқболи сарбаландонаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ мекунад.
Дар анҷоми чорабинӣ як зумра ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва иштирокчиёни фаъоли ҳафтаи худидоракунӣ бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин дар фазои тантанавӣ ба як қатор ҷавонон шаҳодатномаҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» супорида шуд.
Иброз гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ аҳамияти муҳим дорад.