Кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дарсҳои кушода гузарониданд
Аз 14 то 24 апрели соли равон дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020–2040)» ва «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021–2030» барои хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — Ҳакимова Нодира, Зоитова Манижа ва Урунова Маҳина дарсҳои кушода баргузор карда шуд.
Мақсади асосии чорабинии мазкур ҷалб намудани ҷавонон ба фанҳои дақиқ мебошад. Зеро ояндаи иқтисодиёти кишвар дар бисёр ҷанбаҳо аз ҷавонони болаёқатманд, олимони баландихтисос ва муҳандисони таҷрибадор вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, рушди илмҳои дақиқ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос бояд аз солҳои мактабӣ оғоз ёбад.
Чорабиниҳои мазкур дар се муассисаи таълимии пойтахт баргузор гардиданд:
Гимназия-интернати тоҷикӣ-русӣ «Хотам ва ПВ»;
Гимназияи байналмилалии хусусии ба номи Саидумар;
Литсейи №1 барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе.
Дар ҷараёни вохӯриҳо ба хонандагон маълумотҳои муфассал дар бораи самтҳои асосии фаъолият ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар озмоишгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расонида шуд.
Дар рафти чорабиниҳо саволу ҷавобҳо байни мутахассисони соҳавӣ ва мактаббачагон гузаронида шуд. Дарсҳои кушода хеле самаранок баргузор гардида, дар байни хонандагон таваҷҷӯҳи зиёд ва ҳавасмандӣ ба фанҳои дақиқ зоҳир гардид.
Дар хотимаи чорабинӣ кормандони Агентӣ ба муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе барои мусоидат дар баргузории чунин чорабиниҳо изҳори миннатдорӣ намуда, ҷонибҳо аҳамияти баланди онро қайд карданд.