Дарси кушод дар Гимназияи №1 шаҳри Бӯстон, вилояти Суғд
29 апрели соли 2026 тибқи барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020–2040)», «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021–2030» ва дар асоси нақшаи кории кормандони Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар толори Гимназияи №1 шаҳри Бӯстон аз ҷониби кормандони Филиали Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд — Бобоев Б., Мирзоев А. ва Исматдинов М. барои хонандагони синфҳои болоӣ дарси кушод баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 60 нафар хонандагон ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Мақсади асосии чорабинии мазкур ҷалб намудани ҷавонон ба фанҳои дақиқ мебошад. Зеро ояндаи иқтисодиёти кишвар дар бисёр ҷанбаҳо аз ҷавонони болаёқатманд, олимони баландихтисос ва муҳандисони таҷрибадор вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, рушди илмҳои дақиқ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос бояд аз солҳои мактабӣ оғоз шавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба хонандагон маълумотҳои муфассал дар бораи самтҳои асосии фаъолият ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар озмоишгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расонида шуд.
Дар рафти чорабинӣ саволу ҷавобҳо байни мутахассисони соҳавӣ ва мактаббачагон гузаронида шуданд. Дарси кушод хеле самаранок баргузор гардида, дар байни хонандагон таваҷҷуҳи зиёд ва ҳавасмандӣ ба фанҳои дақиқ зоҳир гардид.
Дар хотимаи чорабинӣ кормандони Филиали Агентӣ ба муаллимони Гимназияи №1 шаҳри Бӯстон барои мусоидат дар баргузории чунин чорабиниҳо изҳори миннатдорӣ баён намуданд.