Иштироки кормандони Агентии амниятии ХБРЯ-АМИТ дар давраи омӯзишӣ оид ба масъалаҳои экологӣ
Рӯзҳои 4–5 май дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ (Training of Trainers) барои омӯзгорони ҷавон оид ба масъалаҳои экологӣ баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе ташкил карда шуда, ду рӯз идома ёфт.
Ҳадафи асосии семинар шиносоӣ бо фаъолияти гурӯҳи «Нозирони сабз», инчунин баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои омӯзгорони ҷавон дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди маърифати экологӣ мебошад.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён бо усулҳои муосири омӯзиш, роҳҳои ҷалби ҷавонон ба фаъолияти экологӣ ва татбиқи ташаббусҳои экологӣ шинос шуданд.
Дар чорабинии мазкур кормандони Агентии амниятии ХБРЯ-АМИТ, аъзои бахши миллии «Хонуми ядроӣ» — Шодмонова Мадина ва Мусоева Ситорабону иштирок намуданд.