Ғолибияти корманди Агентӣ дар озмуни “Илм фурғи маърифат”
Рӯзҳои 21 – 22 майи соли 2026 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурғи маърифат” дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Мудири шӯъбаи илмӣ-тадқиқотӣ ва назорати сифат, н.и.х. Бобоёров Меҳровар дар номинатсияи ихтироъкорӣ байни калонсолон дар мавзуъи “Тарзи истихроҷи металлҳои нодирзаминӣ аз партовҳои саноати уранӣ” иштирок намуда, сазовори ҷои 2-юм гашт ва ба даври шаҳрии озмун роҳхат ёфт. Мо Бобоёров Меҳроварро бо ин ғолибият табрик намуда, дар даврҳои минбаъда бурдборӣ таманно дорем.