Баргузории дарси кушод дар Филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе.
30 майи соли 2026 дар партави барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва бахшида ба ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дарси кушод баргузор гардид. Дар раванди чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони Ассотсиатсияи кор бо ҷавонони «Атом»-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ — Раҳматшоев Самандар, Исматова Шаҳноза, Сатторзода Субҳоналӣ ва Баҳронов Соҷидхон маърузаҳо вобаста ба нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар рушди илми тоҷик, фаъолияти озмоишгоҳи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, радиатсия чист ва таъсири он ба ҳаёти инсон” саҳми ҷавонон дар соҳаи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ҳамчунин ҷалби онҳо ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ пешкаши шунавандагон намуданд.
Иловатан барои баланд бардоштани ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрузу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол маруза пешкаши шунавандагон гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи ҳадафҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ, дар сатҳи баланди ташкиливу методӣ баргузор гардида, аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон бо таваҷҷуҳи зиёд ва арзёбии мусбат пазируфта шуд. Мазмуну муҳтавои чорабинӣ ба баланд бардоштани сатҳи савияи донишу малакаи хонаддагон дар ин самт, мусоидат намуда, аҳаммияти онро дар раванди таълиму тарбия ва пешбудри илми тоҷик боз ҳам тақвият бахшид. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ ҷалби ҷавонон баҳри пешбурди иолми тоҷик дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ дар давоми сол ба таври мунтазам идома дода мешавад.