ИЛМ, ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН: НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИЛМИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ НУФУЗИ ИЛМИИ ТОҶИКИСТОН
Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон на танҳо оғози марҳилаи нави сиёсӣ, балки заминаи эҳёи фикри миллӣ, рушди илм, маориф, фарҳанг ва ташаккули ниҳодҳои муосири давлатӣ гардид. Дар шароите ки солҳои аввали истиқлолият бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳ буданд, нигоҳ доштани неруи зеҳнӣ, ҳифзи мактабҳои илмӣ ва таъмини пайванди илм бо эҳтиёҷоти давлату ҷомеа яке аз вазифаҳои тақдирсоз ба ҳисоб мерафт. Маҳз дар чунин марҳилаи ҳассос мавқеи устувор, сиёсати дурбинона ва ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифз ва рушди илми миллӣ аҳаммияти таърихӣ пайдо намуд.
Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини роҳбарии худ илм ва маорифро ҳамчун пояи устувори давлатдории миллӣ, воситаи асосии таҳкими истиқлолият ва омили муҳимми пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ намуданд. Сухани таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 29 феврали соли 1996 дар назди олимони кишвар иброз гардида буд, имрӯз низ мазмуну аҳаммияти худро пурра нигоҳ доштааст: «Академияи илмҳои ҷумҳурӣ оинаест, ки нерӯи зеҳнӣ, сатҳи маърифат, дониш ва тамаддуни ҷомеаи моро инъикос менамояд». Ин андеша моҳияти аслии муносибати роҳбарияти давлатро ба илм ифода мекунад: илм на танҳо маҷмӯи таҳқиқот, балки нишондиҳандаи сатҳи тамаддун, неруи давлатсоз ва василаи муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар солҳои душвори баъди ба даст овардани истиқлолият дастгирии давлатии соҳаи илм хусусияти наҷотбахш дошт. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд: ҳифзи мақоми Академияи илмҳо ҳамчун маркази асосии илмии мамлакат, дастгирии таҳқиқоти бунёдӣ, ташаккули заминаҳои молиявӣ барои ҳавасмандсозии олимон, таъсиси стипендияҳо барои аспирантон ва муҳаққиқони ҷавон, таҳкими мақоми аъзои Академия, инвентаризатсияи мавзӯъҳои илмӣ ва мутобиқ сохтани онҳо ба талаботи давлатдории соҳибистиқлол. Дар ҳамон давраҳои душвор масъалаҳои омӯзиши захираҳои об, манбаъҳои нави энергия, биотехнология, экология, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва рушди илмҳои дақиқ ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян гардиданд.
Ин сиёсат аз назари стратегӣ ду паҳлуи муҳим дошт. Аз як тараф, он имконият дод, ки мактабҳои илмии миллӣ, ки дар тӯли даҳсолаҳо ташаккул ёфта буданд, аз байн нараванд. Аз тарафи дигар, илм тадриҷан ба равандҳои давлатсозӣ, таҳияи сиёсати давлатӣ, рушди иқтисод, амнияти миллӣ ва муаррифии байналмилалии Тоҷикистон пайваст гардид. Ба ин маъно, дастгирии илм дар солҳои аввали истиқлол танҳо як иқдоми соҳавӣ набуда, балки ҷузъи сиёсати бузурги барқарорсозии давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сохтмони ҷомеаи муосир буд.
Илми тоҷик решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Номи фарзандони бузурги тамаддуни ориёӣ ва исломии форсу тоҷик – Муҳаммад Хоразмӣ, Абӯбакри Розӣ, Абӯмансури Муваффақ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳо донишманди дигар – дар таърихи илми ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Онҳо на танҳо илми замони худро пеш бурданд, балки бо андешаҳои фалсафӣ, тиббӣ, риёзӣ, нуҷумӣ ва табиатшиносии худ барои рушди тамаддуни башарӣ замина гузоштанд. Аз ин рӯ, ташаккули муассисаҳои илмии муосир дар Тоҷикистон идомаи мантиқии ҳамон мероси бузурги таърихӣ мебошад.
Дар асри ХХ, таъсиси пойгоҳи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон, табдили он ба шуъба ва баъдан таъсиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1951 марҳилаи сифатан нави рушди илмро ба вуҷуд овард. Академия тадриҷан ба маркази муттаҳидкунандаи неруҳои илмӣ табдил ёфт, ки дар он таҳқиқоти геологӣ, биологӣ, таърихӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, физикӣ, химиявӣ, фалсафӣ ва иқтисодӣ рушд карданд. Нақши сарварони нахустини Академия – устод Садриддин Айнӣ, академик Султон Умаров ва академик Муҳаммад Осимӣ – дар ташаккули анъанаҳои илмӣ, робитаи илм бо маориф ва хоҷагии халқ, тарбияи кадрҳои миллӣ ва таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ниҳоят бузург аст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ин анъанаҳо бо мазмуну вазифаҳои нав ғанӣ гардиданд. Илм дар Тоҷикистон дигар танҳо ба доираи таҳқиқоти академӣ маҳдуд намонд; он ба омили муҳимми сиёсати давлатӣ, амнияти миллӣ, рушди иқтисоди инноватсионӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетика, тандурустӣ ва дипломатияи байналмилалӣ табдил ёфт. Имрӯз давлати тоҷикон илмро ҳамчун сармояи стратегии миллӣ мешиносад, зеро дар ҷаҳони муосир рақобати кишварҳо бештар ба сатҳи дониш, технология, инноватсия, рақамикунонӣ ва иқтидори инсонӣ вобаста гардидааст.
Дар Паёмҳо ва суханрониҳои Пешвои миллат ба масъалаи илм ва маориф пайваста таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Эълон гардидани солҳои 2020–2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф яке аз иқдомҳои таърихӣ дар самти баланд бардоштани тафаккури илмӣ, техникӣ ва инноватсионии ҷомеа мебошад. Ин иқдом ба рушди ҷаҳонбинии илмии насли нав, афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва муҳандисӣ, инчунин ба омодасозии кадрҳои рақобатпазир барои иқтисоди муосир равона шудааст.
Мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки 30 майи соли 2024 баргузор гардид, аз ҷиҳати мазмун ва вазифагузорӣ аҳаммияти махсус дошт. Дар он ҳолати кунунии рушди илм, дурнамои таҳқиқоти ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ихтироъкорӣ ва беҳтар намудани сифати тайёр кардани кадрҳои илмӣ мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифт. Таъкиди Пешвои миллат дар бораи зарурати ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илм, баланд бардоштани самаранокии таҳқиқот ва пайваст намудани натиҷаҳои илмӣ бо эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ имрӯз барои тамоми муассисаҳои илмӣ ҳамчун дастури амал хизмат мекунад.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати муосири илмӣ ин тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ мебошад. Дар шароити иқтисоди донишбунёд илм бояд танҳо ба нашри мақолаҳо ва ҳисоботҳои илмӣ маҳдуд набошад; он бояд ба технология, маҳсулот, усули нави истеҳсол, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва афзоиши рақобатпазирии иқтисоди миллӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ, қабули заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили инфрасохтори зарурӣ барои татбиқи натиҷаҳои илмӣ ба истеҳсолот, рушди стартапҳо, паркҳои технологӣ, лабораторияҳои муосир ва ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо бахши хусусӣ аҳаммияти рӯзафзун дорад.
Дар марҳилаи кунунӣ сиёсати илмии Тоҷикистон бо самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ҳамоҳанг гардидааст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 таваҷҷуҳи махсус ба рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», сармояи инсонӣ, саноатикунонии босуръат ва истифодаи имкониятҳои нави инноватсионӣ зоҳир гардид. Ин раванд нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид мешавад, ки дар он илм, технология ва инноватсия бояд асоси идоракунии давлатӣ, истеҳсолот, энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва амнияти миллӣ гарданд.
Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хусусияти илмӣ ва тамаддунӣ доранд. Пешниҳодҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди устувор Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор, масъулиятшинос ва дорои мавқеи созанда дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд. Қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон, аз ҷумла дар масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ, далели он аст, ки дипломатияи муосири Тоҷикистон ба дониш, таҳлил, илм ва масъулияти глобалӣ такя мекунад.
Дар ин замина, дипломатияи илмӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил меёбад. Сиёсати «дарҳои кушода», ки аз ҷониби Пешвои миллат пайваста таъкид мегардад, барои тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ, ҷалби технологияҳои муосир, иштирок дар барномаҳои минтақавию байналмилалӣ, рушди таҳқиқоти муштарак ва таҳкими нуфузи байналмилалии муассисаҳои илмии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардааст. Имрӯз ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, ЮНЕСКО, инчунин марказҳои илмии кишварҳои шарик, имконият медиҳад, ки илм ҳамчун пули ҳамкорӣ, эътимод ва рушди устувор амал намояд.
Намунаи равшани пайванди илм, амният, сиёсати давлатӣ ва ҳамкории байналмилалӣ фаъолияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Таъсиси ин ниҳод дар соли 2003 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ба зарурати танзими давлатӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист, таъмини назорати илмӣ ва техникии манбаъҳои хатарнок ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишвар ҷавобгӯ буд. Бо гузашти вақт фаъолияти Агентӣ густариш ёфта, самтҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроиро фаро гирифт ва ба яке аз сохторҳои муҳимми илмӣ, танзимгарӣ ва ҳамоҳангсозии давлатӣ табдил ёфт.
Ифтитоҳи бинои нави бахши Агентӣ дар шаҳри Бӯстон 9 августи соли 2022 ва ба истифода додани Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ 29 октябри соли 2024 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели таваҷҷуҳи олии роҳбарияти давлат ба рушди инфрасохтори муосири илмӣ ва амниятӣ мебошад. Ин марказ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти стратегӣ дорад. Он имконият медиҳад, ки омӯзиш, таҳқиқот, такмили ихтисос, ҳамоҳангсозии амалҳои соҳавӣ, таҳкими иқтидори миллӣ ва минтақавӣ дар самти бехатарӣ ва амнияти ХБРЯ ба сатҳи нав бароварда шавад.
Соҳиб гардидани Агентии ХБРЯ ба мақоми Маркази ҳамкории Агентии байналмилалии энергияи атомӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ барои солҳои 2025–2029 марҳилаи нави эътирофи байналмилалии илм ва иқтидори техникии Тоҷикистон мебошад. Ин дастовард нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амнияти ядроӣ, ҳифзи манбаъҳои радиоактивӣ, омодасозии кадрҳо, таҳкими низоми миллӣ ва дастгирии фаъолиятҳои минтақавӣ на танҳо истифодабарандаи кумакҳои байналмилалӣ, балки шарики фаъол ва саҳмгузори масъул мебошад. Барои кишвари мо ин мақом рамзи афзоиши эътимоди ҷомеаи байналмилалӣ ба иқтидори илмӣ, ташкилӣ ва инсонӣ маҳсуб мешавад.
Дар шароити муосир илм бояд ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси рушди миллӣ равона карда шавад. Тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, масъалаҳои обу энергетика, амнияти озуқаворӣ, бемориҳои сироятӣ, бехатарии биологӣ, идоракунии партовҳои радиоактивӣ, рушди саноати муосир, киберамният, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки иштироки фаъолонаи олимон, муҳаққиқон ва муассисаҳои илмиро талаб мекунанд. Илми тоҷик бояд дар ин раванд мавқеи пешсаф дошта, таҳқиқоти амалгаро, натиҷаҳои татбиқшаванда ва тавсияҳои асосноки сиёсӣ пешниҳод намояд.
Вазифаи дигари муҳим тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ мебошад. Давлати соҳибистиқлол ба насли донишманд, ватандӯст, соҳибкасб ва дорои ҷаҳонбинии илмӣ ниёз дорад. Барои ин зарур аст, ки робитаи мактаб, донишгоҳ, пажӯҳишгоҳ ва истеҳсолот таҳким ёбад; ҷавонон ба таҳқиқот ҷалб карда шаванд; омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва методологияи муосири илмӣ густариш ёбад; муҳаққиқони ҷавон дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ва озмоишгоҳҳои муосир иштирок намоянд. Танҳо бо такя ба кадрҳои соҳибмаърифат ва соҳибихтисос Тоҷикистон метавонад дар ҷаҳони рақобатнок ҷойгоҳи шоиста касб кунад.
Дар баробари ин, илм вазифаи бузурги маънавӣ ва миллӣ низ дорад. Он бояд ба таҳкими худшиносӣ, ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ, муқовимат ба хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандии насли нав мусоидат намояд. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки рушди давлат аз насли босавод, соҳибмаърифат, ватандӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, илм ва маориф бояд ҳамзамон неруи зеҳнӣ ва неруи ахлоқии ҷомеаро тақвият бахшанд.
Ҳамин тариқ, дастовардҳои замони соҳибистиқлол дар соҳаи илм натиҷаи сиёсати устувор, дурбинона ва созандаи давлат, бахусус ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар тӯли беш аз се даҳсолаи истиқлолият илми тоҷик аз марҳилаи ҳифз ва барқарорсозӣ ба марҳилаи рушд, навсозӣ, байналмилалишавӣ ва пайвастшавӣ ба иқтисоди инноватсионӣ ворид гардид. Имрӯз вазифаи олимон ва муассисаҳои илмӣ аз он иборат аст, ки ба ин эътимоди баланди давлатӣ бо таҳқиқоти арзишманд, натиҷаҳои татбиқшаванда, мавқеи ватандорона ва саҳми воқеӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷавоб диҳанд.
Илм дар Тоҷикистони навин танҳо соҳаи алоҳида нест; он пояи истиқлол, неруи давлатсоз, сарчашмаи инноватсия, воситаи таҳкими амният, кафили рушди устувор ва омили муаррифии шоистаи миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, рушди минбаъдаи илми миллӣ, таҳкими мақоми олимон, дастгирии ҷавонони муҳаққиқ, навсозии инфрасохтори илмӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бояд ҳамеша дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дошта бошад. Бо чунин равиш Тоҷикистон метавонад ҳамчун давлати соҳибмаърифат, инноватсионӣ ва ташаббускор дар минтақа ва ҷаҳон мақоми боз ҳам баландтар касб намояд.
У.М. Мирсаидов