Вохӯрии коршиноси АБНА Сандра Стейскал бо аъзои WiN Tajikistan («Хонуми ядроӣ»)
Имрӯз коршиноси АБНА Сандра Стейскал бо аъзои WiN Tajikistan, ки дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ фаъолият доранд, вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ хонум Сандра Стейскал бо фаъолияти бахш, дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки он шинос гардида, рушди иштироки занон дар соҳаи ядроӣ ва ҷалби ҷавононро муҳим арзёбӣ намуд.
Коршиноси АБНА таъкид кард, ки иштироки фаъолонаи занон дар соҳаи ядроӣ барои рушди устувори ин соҳа ва таҳкими иқтидори кадрӣ аҳамияти хос дорад. Ӯ фаъолияти WiN Tajikistan-ро дар ин самт муҳим шуморида, омодагии худро барои дастгирии ташаббусҳои минбаъда изҳор дошт.
Ҳамзамон, хонум Сандра Стейскал изҳор дошт, ки аз фаъолияти занони фаъоли Тоҷикистон дар соҳаи ядроӣ огоҳ буда, аз чорабиниҳо ва ташаббусҳое, ки барои ҷалби занон ва ҷавонон ба ин самт роҳандозӣ мешаванд, истиқбол менамояд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардид.