Санаи 04.06.2026 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни даври ноҳиявии «Илм фурȳғи маърифат» баргузор гардид.
Бобоёров Меҳровар – номзади илмҳои химия, мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ ва таъмини сифати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ишғоли ҷойи дуюм аз рȳи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» дар байни ходимони илмӣ, аспирантону докторантон ва намояндагони касбу кори гуногун бо диплом аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.
Ба Бобоёров М.Д. барои иштирок дар даврҳои минбаъда ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ҷодаи илмҳои дақиқ барору комёбӣ хоҳонем.