ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – РАМЗИ НАҶОТ ВА ПОЯИ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН
Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо як арзиши маънавӣ, балки пояи устувории давлат ва рамзи наҷоти миллат аст. Пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, маҳз бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар рӯзи 27 июни соли 1997 роҳи сулҳу субот ва ҳамбастагӣ боз шуд. Аз он рӯз то имрӯз, ҳар сол мардуми кишвар рӯзи 27 июнро ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мекунанд. Имсол, мо 29-умин солгарди ин рӯйдоди таърихиро пешвоз мегирем.
Агар ваҳдати миллӣ намебуд, кишвар ба парокандагӣ ва нобудӣ рӯ ба рӯ мешуд. Ҷомеа бе сулҳ ва ҳамбастагӣ наметавонад иқтисодро рушд диҳад, фарҳангро ҳифз кунад ва насли навро бо орзуҳои созанда тарбия намояд. Бе ваҳдат, ҳар як қишри ҷомеа аз дигарон ҷудо мегардид, ноустуворӣ ва бесуботӣ ҳукмфармо мешуд ва давлат имкони пешрафтро аз даст медод. Таърих собит кардааст, ки миллатҳо бе ваҳдат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд, баръакс, вақте мардум муттаҳиданд, метавонанд аз ҳар гуна озмоиш гузаранд.
Бо ваҳдати миллӣ бошад, тамоми захираҳои инсонӣ ва табиӣ ба манфиати умумӣ равона мешаванд. Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандона на танҳо сулҳро барқарор карданд, балки барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ иқдомҳои бузург анҷом доданд. Баргардонидани гурезаҳо, барқарорсозии харобаҳо, сохтмони роҳҳо ва иншооти азим, инчунин навиштани асарҳои илмӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла «Забон ҳастии миллат» ва «Аз Ориён то Сомониён», ба таҳкими ваҳдат ва худшиносии тоҷикон мусоидат намуданд.
Ваҳдати миллӣ ба рушди иқтисодӣ низ таъсири амиқ гузошт. Танҳо дар фазои сулҳу субот ва ҳамкорӣ имкон пайдо шуд, ки корхонаҳо фаъолият кунанд, сармоягузорӣ ҷалб гардад ва роҳҳои нави ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон боз шаванд. Ҳамкории байни давлат ва ҷомеа, байни шаҳр ва деҳот, байни наслҳои калонсол ва ҷавонон – ҳамааш ба пешрафти иқтисод ва ободии кишвар мусоидат мекунад.
Фарҳанг низ бо ваҳдат қавитар мегардад. Вақте мардум арзишҳои фарҳангии худро эҳтиром мекунанд ва онҳоро бо ҳамдигар мубодила менамоянд, ҳисси якпорчагӣ афзоиш меёбад. Ҷашнҳо, анъанаҳо ва забонҳо метавонанд мардумро ба ҳам наздик созанд ва ваҳдатро устувор гардонанд.
Имрӯз ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон арзиши муқаддас аст. Он на танҳо хотиррасон кардани як санаи таърихӣ, балки рамзи зиндагии осуда, ҳамкорӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад. Барои корхонаҳо ва ташкилотҳо низ ваҳдат шарти асосии рушд ва муваффақият аст, зеро танҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва ҳамбастагӣ метавон ба дастовардҳои нав ноил шуд.
Холматзода Туйчи Бурихон
ходими калони илмии,
шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ,
Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ