Давраи байналмилалии омӯзишии АБНА оид ба таъсис ва мустаҳкамгардонии маркази миллии амнияти ҳастаӣ
Дар Душанбе давраи байналмилалии омӯзишии Агентии байналмилалии атомӣ (АБНА) барои таъсис ва мустаҳкамгардонии маркази миллии амнияти ҳастаӣ оғоз гардид. Он дар давоми ҳафтаи 22-26 июн ба тақвими миллӣ, рушди омади мутахассисон ва ҳамкории байналмилалӣ муассаҳа кард. Иштирокчиён масъалаҳои захираҳо, таҳлили интихоби модели иҷтимоӣ ва ҳамоҳангсозӣ мавриди баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳ ба таҷрибаи байналмилалӣ ва рушди низоми устувори амнияти ҳастаӣ зиёд буд. Ин давра ба таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо АБНА ва қадрати кишвар дар минтақаи амнияти ҳастаӣ ярнома мекунад.
Дар Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон давраи байналмилалии омӯзишии Агентии байналмилалии атомӣ (АБНА) барои коршиносон дар мавзӯи «Таъсис ва мустаҳкамгардонии маркази миллии амнияти ҳастаӣ» оғоз гардид.
Чорабинии мазкур аз 22 то 26 июни соли равон идома меёбад ва ба таҳкими иқтидори миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаи амнияти ҳастаӣ, рушди низоми омодасозии мутахассисон, такмили дастгирии илмию техникӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ равона гардидааст.
Дар маросими ифтитоҳи давраи омӯзишӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахтзода, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ профессор Илҳом Мирсаидзода, намояндагони АБНА, коршиносони байналмилалӣ ва мутахассисони соҳавӣ иштирок намуданд.
Баргузории чорабинии мазкур далели равшани густариши пайгиронаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо АБНА ва эътирофи нақши афзояндаи кишвар дар низоми минтақавии амнияти ҳастаӣ мебошад. Дар раванди мазкур фаъолияти Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ аҳамияти махсус дорад, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ гардида буд.
Имрӯз Маркази мазкур ҳамчун майдони муосири минтақавӣ барои баргузории давраҳои байналмилалии омӯзишӣ, омодасозии мутахассисон, табодули таҷрибаи коршиносон ва таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла АБНА, фаъолият менамояд. Фаъолияти он ба баланд бардоштани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти бехатарии радиатсионӣ, амнияти ҳастаӣ, муҳофизати ҷисмонӣ, паҳн накардан ва рушди иқтидори кадрӣ мусоидат мекунад.
Ҳадафи асосии давраи омӯзишӣ омода намудани мутахассисоне мебошад, ки метавонанд ба таъсис, рушд ва фаъолияти устувори марказҳои миллии амнияти ҳастаӣ мусоидат намоянд. Дар таҷрибаи байналмилалӣ чунин марказҳо ҳамчун унсури муҳими низоми миллии амнияти ҳастаӣ баррасӣ шуда, омӯзиш, кӯмакҳои техникӣ, роҳнамоии илмию методӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва ҳамоҳангсозии байниидоравиро дар як низоми ягона муттаҳид месозанд.
Дар давоми ҳафтаи омӯзишӣ иштирокчиён масъалаҳои нигоҳдории устувори низоми миллии амнияти ҳастаӣ, вазифаҳои асосии Маркази миллии амнияти ҳастаӣ, интихоби модели институтсионалӣ, арзёбии захираҳо, таҳлили камбудиҳо, механизмҳои ҳамоҳангсозӣ, банақшагирии стратегӣ, рушди озмоишгоҳҳо, хариди таҷҳизотҳои озмоишӣ, баҳодиҳии барномаҳо ва нишондиҳандаҳои самаранокиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Ба машғулиятҳои амалӣ, таҳлили ҳолатҳои омӯзишӣ, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва табодули таҷрибаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар доираи давраи омӯзишӣ таҷрибаи муассисаҳо ва коршиносони кишварҳои гуногун муаррифӣ гардида, ба иштирокчиён имконият медиҳад, ки моделҳои миллиро муқоиса намоянд, роҳҳои самараноки фаъолиятро муайян созанд ва таҷрибаи пешқадамро ба шароити миллии худ мутобиқ гардонанд.
Қисмати дигари барнома ба рушди захираҳои инсонӣ, дастгирии техникӣ ва ҳамкориҳои илмӣ бахшида шудааст. Самтҳои мазкур барои устувории низоми миллии амнияти ҳастаӣ аҳамияти калидӣ доранд. Дар шароити муосир амният на танҳо ба таҷҳизот ва санадҳои меъёрӣ, балки ба омодагии доимии кадрҳо, мавҷудияти мутахассисони бо таҷриба, ҳамоҳангсозии самараноки байниидоравӣ ва фарҳанги баланди амнияти ҳастаӣ вобаста аст.
Инчунин, дар доираи чорабинӣ таҷрибаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ оид ба рақамикунонии равандҳои танзимкунанда, аз ҷумла тартиб ва талаботи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатнома тавассути платформаи E-License, муаррифӣ гардид. Самти мазкур талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои навсозии низоми миллии танзим, баланд бардоштани шаффофияти расмиёти маъмурӣ ва ҷорӣ намудани воситаҳои муосир дар соҳаи амнияти радиатсионӣ ва ҳастаӣ инъикос менамояд.
Ба андешаи иштирокчиён, баргузории давраи байналмилалии омӯзишии АБНА дар шаҳри Душанбе ба таҳкими иқтидори миллӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии мутахассисон, рушди низоми устувори омӯзиш ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҳастаӣ мусоидат хоҳад кард.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои чорабинии мазкур саҳми муҳим дар рушди минбаъдаи зерсохтори илмию техникӣ ва омӯзишӣ, баланд бардоштани нақши Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ ҳамчун маркази миллӣ ва минтақавӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо АБНА нақш хоҳад гузошт.