Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи муайянкунии молҳои таъиноташон дуҳадафа барои таҳкими назорати содиротӣ ба фаъолият оғоз намуд.
25 июни соли 2026 дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави муайянкунии молҳои таъиноташон дуҳадафа ба фаъолият оғоз намуд. Озмоишгоҳи мазкур бо мақсади таҳкими иқтидори экспертӣ ва таҳлилии кишвар дар самти назорати давлатӣ, назорати содиротӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии паҳншавии силоҳи қатли ом таъсис дода шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи озмоишгоҳ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода, Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Амонзода, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Илҳом Мирсаидзода, инчунин директорони институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок намуданд. Иштирокдорони чорабинӣ бо имкониятҳои техникии озмоишгоҳи нав, таҷҳизоти муосири таҳлилӣ ва нақши амалии он дар таҳкими дастгирии экспертии назорати содиротии молҳои таъиноташон дуҳадафа шинос гардиданд.
Оғози фаъолияти ин озмоишгоҳ қадами муҳим дар самти рушди зерсохтори миллии амниятӣ ба ҳисоб рафта, ба пешгирии гардиши ғайриқонунии молҳо, мавод, таҷҳизот ва технологияҳое равона гардидааст, ки метавонанд ҳам барои мақсадҳои осоишта ва ҳам дар ҳолатҳои муайян барои мақсадҳои ҳассос истифода шаванд. Ташкили чунин озмоишгоҳи махсус имкон медиҳад, ки сифати ташхиси илмию техникӣ баланд бардошта шуда, муайянсозии молҳои назоратшаванда бо дақиқии бештар анҷом ёбад ва мақомоти давлатӣ барои қабули қарорҳои асоснок заминаи боэътимоди экспертӣ дошта бошанд.
Вазифаи асосии озмоишгоҳ гузаронидани таҳлилҳои дақиқи лабораторӣ, ташхиси экспертӣ, муайянсозӣ ва таснифоти илмию техникии молҳо, мавод, таҷҳизот ва технологияҳое мебошад, ки эҳтимолан ба гурӯҳи молҳои таъиноташон дуҳадафа дохил мешаванд. Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқот озмоишгоҳ метавонад хулосаҳои илмии асоснок оид ба таъиноти воқеӣ, таркиби химиявӣ, хусусиятҳои техникӣ, соҳаи истифода ва эҳтимоли мансубияти чунин молҳо ба рӯйхатҳои молҳои назоратшавандаро пешниҳод намояд.
Дар шароити муосир назорати содиротии молҳои таъиноташон дуҳадафа яке аз унсурҳои муҳими низоми байналмилалии амният ба шумор меравад. Ҳадафи он пешгирӣ аз истифодаи мавод, технология ва таҷҳизоти ҳассос барои мақсадҳои марбут ба таҳия, истеҳсол ё паҳн намудани силоҳи қатли ом, воситаҳои интиқоли он ва дигар таҳдидҳо ба амнияти байналмилалӣ мебошад. Аз ин рӯ, мавҷудияти пойгоҳи миллии лабораторӣ, ки метавонад ташхиси мустақил ва касбиро таъмин намояд, аҳаммияти махсус дорад.
Озмоишгоҳи нав бо таҷҳизоти муосири таҳлилӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои хроматографияи моеъии баландсифат ва хроматографияи газӣ-масс-спектрометрӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ин технологияҳо имкон медиҳанд, ки таркиби химиявии маводҳои мураккаб, пайвастагиҳои органикӣ, моддаҳои заҳрнок, прекурсорҳои химиявӣ ва дигар ҷузъҳо, аз ҷумла дар консентратсияҳои паст, бо дақиқии баланд муайян карда шаванд. Ин иқдом имкониятҳои кишварро дар самти назорати экспертӣ, дастгирии расмиёти гумрукӣ, танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва таъмини амнияти технологӣ ба таври назаррас васеъ менамояд.
Имкониятҳои функсионалии озмоишгоҳ на танҳо барои самти амниятӣ, балки барои дастгирии соҳаҳои иқтисодӣ, саноатӣ, тиббӣ, фармасевтӣ, экологӣ ва дигар бахшҳои муҳим низ аҳаммияти зиёд доранд. Озмоишгоҳ метавонад таҳлили таркиби мавод ва маҳсулот, ташхиси моддаҳои органикии заҳрнок ва прекурсорҳои химиявӣ, инчунин дастгирии илмию техникиро дар ҷараёни расмиёти воридот, содирот, транзит, нигоҳдорӣ ва истифодаи молҳои назоратшаванда таъмин намояд.
Фаъолияти озмоишгоҳ барои дастгирии мақомоти давлатӣ, ки дар самти танзими савдои хориҷӣ, сиёсати саноатӣ, тандурустӣ, стандартизатсия, назорати гумрукӣ ва амнияти технологӣ масъул мебошанд, аҳаммияти махсус дорад. Озмоишгоҳ омода аст ба вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои манфиатдор, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти гумрук, Агентии «Тоҷикстандарт» ва дигар сохторҳои ваколатдор хизматрасонии таҳлилӣ, ташхисӣ, машваратӣ ва хулосадиҳии илмию техникиро пешниҳод намояд.
Таъсиси озмоишгоҳ ҷузъи сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими низоми миллии назорати молҳои таъиноташон дуҳадафа, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байниидоравӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии паҳншавии силоҳи қатли ом мебошад. Он имкон медиҳад, ки пояи экспертии назорати содиротӣ мустаҳкам гардида, шаффофият ва сифати расмиёти муайянсозии молҳо баланд бардошта шавад ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, амнияти иқтисодӣ ва нуфузи байналмилалии кишвар таъмин гардад.
Оғози фаъолияти ин озмоишгоҳ ҳамзамон аз афзоиши нақши Агентии амнияти ХБРЯ ҳамчун сохтори махсусгардонидашудаи миллӣ дар таъмини дастгирии илмию техникии мақомоти давлатӣ дар масъалаҳои амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ, ядроӣ ва технологӣ шаҳодат медиҳад.
Интизор меравад, ки фаъолияти Озмоишгоҳи муайянкунии молҳои таъиноташон дуҳадафа ба баланд бардоштани самаранокии назорати давлатӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии мавод ва технологияҳои ҳассос, таҳкими назорати содиротӣ ва рушди минбаъдаи иқтидори экспертии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба стандартҳо ва уҳдадориҳои байналмилалӣ мусоидат намояд.