Мулоқоти коршиносони Агентии байналмилалии неруи атомӣ бо Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Рузи 29 июни соли 2026 дар доираи ташрифи коршиносони Агентии байналмилалии неруи атомӣ оид ба баррасии тадбирҳои амнияти ҳастаии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чорабиниҳои оммавии сатҳи баланд, мулоқоти коршиносони байналмилалӣ бо Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахтзода баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими низоми миллии амнияти ҳастаӣ, баланд бардоштани омодагии сохторҳои дахлдор ҳангоми баргузории чорабиниҳои оммавӣ, рушди ҳамкории техникӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои радиатсионӣ ва ҳастаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни суҳбат таъкид намуд, ки таъмини амнияти ҳастаӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ, техникӣ ва танзимгарии кишвар ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон ба рушди ҳамкории созанда бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ аҳамияти хос медиҳад. Қайд гардид, ки баргузории чунин миссияҳо барои такмили иқтидори миллӣ, таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва омодасозии тавсияҳои амалӣ ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ, инфрасохтор ва муҳити зист аҳамияти муҳим дорад.
Коршиносони Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар навбати худ омодагии худро барои идомаи дастгирии техникӣ, мубодилаи таҷриба ва мусоидат ба рушди иқтидори миллӣ дар самти амнияти ҳастаӣ иброз намуданд. Таъкид гардид, ки чорабиниҳои оммавии сатҳи баланд тақозо менамоянд, ки механизмҳои пешгирикунанда, арзёбии таҳдидҳо, истифодаи таҷҳизоти муосири ошкорсозии радиатсионӣ ва нақшаҳои ҳамоҳангшудаи вокуниш дар сатҳи зарурӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд.
Таҷрибаи байналмилалӣ дар банақшагирии тадбирҳои амнияти ҳастаӣ ва арзёбии таҳдидҳо барои чорабиниҳои оммавӣ, инчунин тавсияҳои коршиносони АБНА вобаста ба таъмини амнияти ҳастаӣ зимни баргузории чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла ҷашни 35-лосагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳанд гардид.
Мулоқот дар фазои созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти таҳкими амнияти ҳастаӣ, рушди иқтидори миллӣ ва татбиқи стандартҳо ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ изҳор намуданд.