Мулоқоти коршиносони Шуъбаи дастгирии татбиқи Конвенсия оид ба манъи силоҳи биологии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои халъи силоҳ
Рузи 29 июн Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо муовини роҳбари Шуъбаи дастгирии татбиқи Конвенсия оид ба манъи силоҳи биологӣ (BWC ISU)-и Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои халъи силоҳ (UNODA) доктор Ҳерман Алекс Лампалзер ва доктор Мариана Улиничи мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти амнияти биологӣ ва ҳифзи биологӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва кадрӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи татбиқи муқаррароти Конвенсия оид ба манъи силоҳи биологиро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, ба имкониятҳои ташкили курсҳои омӯзишӣ, таҷрибаомӯзиҳои кӯтоҳмуддати мутахассисон дар озмоишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ, татбиқи ташаббусҳои муштараки илмӣ ва таълимӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар самти ташхиси лабораторӣ, мониторинги эпидемиологӣ ва такмили низоми таъмини амнияти биологӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид