Экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
Санаи аз 13 то 23 июли соли 2026 бо мақсади мониторинг ва арзёбии вазъи радиатсионии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади омода намудани Атласи вазъи радиатсионии кишвар таҳти роҳбарии д.и.т., профессор Илҳом Мирсаидзода ва бо иштироки кормандони илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, экспедитсияи илмӣ – тадқиқотӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баргузор шуда истодааст.
Кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ вазъи радиатсионии ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро бо истифода аз усулҳои муосир таҷҳизотҳои наву замонавӣ, барои муайянкунӣ ва таҳияи харитаи радиатсионӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода истодаанд. Аз минтақаҳои тадқиқотшаванда дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, намунаҳои об ва хок гирифта шуда, онҳо барои ташхис ва таҳлили дақиқ барои муайян намудани мавҷудияти радионуклидҳо ба озмоишгоҳи шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.
Дар натиљаи љамъоварии маълумоте, ки дар рафти экспедитсия ба даст оварда мешавад, таҳияи харитаи дақиқи вазъи радиатсионии ҳудудҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ пешбинӣ шудааст.