ТАСДИҚИ РИСОЛАИ ИЛМӢ МУБОРАК БОД!
Мутобиқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.07.2026, таҳти №256/ ди рисолаи илмии Холматзода Тӯйчи Бурихон- ходими калони илмии Шӯъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) зери роҳбарии доктори илмҳои химия, профессор академики АМИТ Устод Мирсаидов Улмас тасдиқ гардида, мутобиқи фармоиши мазкур ба ӯ дипломи намунаи давлатии дараҷаи илмии доктори фалсафа аз рӯйи ихтисоси - Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ дода мешавад.
Ҳайати кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ устодро ҷиҳати мушарраф гардидан ба дараҷаи илмии самимона табрику шодбош гуфта, дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барояшон барору комёбҳои беназир таманно менамоянд.