Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Дар Тоҷикистон бо иштироки Сарвазир маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 170 нафар кормандони соҳаҳои гуногун (илм, фарҳанг, тандурустӣ, соҳибкорӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ) барои саҳми арзандаи худ қадрдонӣ шуданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз 170 нафар барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар маросими мазкур директори филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Қурбонов Амиршо бо медали «Хизмати шоиста» ва Ҳамидов Фарҳод, директор Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.