Мақому манзалати занони даврони Истиқлолият
Дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба муносибати 35-солагии Истиқлолият мизи мудаввари «Мақому манзалати занони даврони Истиқлолият» доир гардид. Ҳозирин дар бораи дастовардҳо, нақши занон дар рушди илм ва амнияти ядроӣ, инчунин имкониятҳои фароҳам омадаи таҳсил ва фаъолияти касбӣ дар давраи Истиқлолият суҳбат карданд.
Имрӯз дар толори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ тибқи нақшаи бахши миллии «Хонуми ядроӣ» бахшида ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Мақому манзалати занони даврони Истиқлолият» баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои мақоми зан дар ҷомеа, дастовардҳои занон дар даврони Истиқлолият ва саҳми онҳо дар рушди илм, маориф ва дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аъзоёни бахши миллии «Хонуми ядроӣ» бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ баромад намуда, оид ба нақши занон дар рушди ҷомеа, дастгирии давлат ва саҳми занони мутахассис дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар даврони Истиқлолият барои занону духтарон ҷиҳати таҳсил, фаъолияти илмӣ ва касбӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуда ва нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа рӯз ба рӯз меафзояд.