25 августи соли 2026 дар Қасри миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бошукӯҳи супоридани мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаҳо баргузор гардид.
Дар 25-уми августи соли 2026 дар Қасри миллат маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 22 нафар медали ҷашни «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорид. Дар қатори сарфарозшудагон Баротзода Бахтиёр Бурҳон, муовини директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИ Тоҷикистон низ дохил шуд.
Дар маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони касбу кори гуногунро, ки бо фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои шоиста дар рушди давлату ҷомеа саҳм гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳо қадрдонӣ намуданд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ саҳми шаҳрвандони фаъоли кишварро дар раванди созандагиву ободонӣ, рушди илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хизмати давлатӣ, истеҳсолот ва дигар бахшҳо назаррас арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки заҳмати содиқонаи онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат ба таври шоиста қадрдонӣ мегардад.
Дар доираи маросими мазкур ба 22 нафар медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд.
Боиси ифтихор аст, ки дар қатори сарфарозшудагон муовини директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Баротзода Бахтиёр Бурҳон низ бо медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардид.
Ин мукофот нишонаи эътирофи фаъолияти самаранок, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзандаи ӯ дар пешбурди вазифаҳои соҳавӣ, таҳкими амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва рушди фаъолияти Агентӣ мебошад.
Дар анҷоми маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сарфарозшудагонро самимона табрик гуфта, изҳори итминон намуданд, ки онҳо минбаъд низ донишу таҷриба, неру ва маҳорату малакаи худро барои пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона месозанд. Баротзода Бахтиёр Бурҳонро бо ин мукофоти арзанда самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои нав, сиҳатмандӣ ва муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу менамоем.