Семинари интерактивӣ дар Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд
18 августи 2026 дар Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд бо иштироки сокинони шаҳрҳои Бӯстон, Истиқлол ва ҷамоатҳои деҳотӣ семинари интерактивӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор барои безараргардонии мероси ураниюм дар Осиёи Марказӣ» гузаронида шуда, ба омӯзиши ҳифзи саломатӣ, истифодаи воситаҳои муҳофизат ва назорати сатҳи радиатсия бахшида шуд.
18 августи соли 2026 дар Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиологӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагон аз ҷамоати шаҳраки Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ғозиён, ҷамоати шаҳраки Адрасмон, шаҳри Бӯстон ва Истиқлол семинари интерактивӣ таҳти унвони «Огоҳонидани аҳолӣ дар бораи чораҳои бехатарии радиатсионӣ» баргузор гардид.
Мақсади баргузории чорабинии мазкур, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ вобаста ба мавзеъҳои мероси уранӣ ва тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатӣ ва муҳити зист равона гардида буд.
Дар раванди чорабинӣ, аз ҷониби кормандони Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд мавзуҳо вобаста ба асосҳои бехатарии радиатсионӣ, масалаҳои назорати сатҳи радиатсия, қоидаҳои рафтор дар минтақаҳои хавфнок, истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва аҳамияти муоинаҳои мунтазами тиббӣ ба иштирокчиён ироа намуданд.
Чорабинӣ бо муҳокимаи муштарак байни иштирокчиён ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид, ки дар он сокинон тавонистанд ба саволҳои худ ҷавоби мушаххас гиранд.
Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи минтақавии «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор барои безараргардонии мероси ураниюм дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.