Кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустӣ» сарфароз гардонида шуданд
Бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода, №1187 аз 10 августи соли 2026, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – профессор, Илҳом Мирсаидзода, муовини аввали директори Агентӣ - Аҳмадзода Матин ва мудири шуъбаи менеҷмент ва робита бо ҷомеаи Агентӣ - Азизӣ Олим барои татбиқи лоиҳаҳои Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) вобаста ба омода намудани мутахассисони касбӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои ташхисию табобатӣ дар марказҳои саратоншиносии ҷумҳуриявӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустӣ» сазовор гардонида шуданд.