ҶАЛАСА ОИД БА НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2026
17 сентябри соли 2026 дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИ Тоҷикистон ҷаласаи натиҷагирии 9 моҳаи соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки Аҳмадзода Матин роҳбарӣ кард, натиҷаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ташкилиашро баррасӣ намуданд.
Мавзӯъҳои асосӣ ба амнияти радиатсионӣ, истихроҷ ва коркарди уран, ҳифзи муҳити зист ва мониторинги бемориҳои зоонозӣ бахшида шудаанд. Айни ҳол ду лоиҳаи фармоишӣ дар соҳаи технологияҳои истихроҷи уран ва баҳодиҳии радиоэкологӣ идома меёбанд.
17 сентябри соли 2026 дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Агентӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисобот оид ба ва натиҷагирии илмӣ ва илимю ташкилӣ ва дастовардҳои Агентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори он аъзои Шӯрои илмӣ, директорони филиалҳо, мудирони шуъбаҳо ва озмоишгоҳҳо, инчунин ходимони илмӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини директори аввали Агентӣ Аҳмадзода Матин оғоз намуда, оид ба натиҷаҳои давраи ҳисоботӣ суханронӣ кард. Дар ҳисобот таъкид гардид, ки фаъолияти олимони Агентӣ ба таҳкими заминаи таҳқиқот, рушди корҳои илмӣ ва татбиқи натиҷаҳо равона шудааст.
Мавзӯъҳои асосии таҳқиқотҳо ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, мониторинги радиатсионӣ, истихроҷ ва коркарди уран, ҳифзи муҳити зист аз партовҳои радиоактивӣ ва арзёбии хавфҳои биологӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, баҳодиҳии радиоэкологӣ, омӯзиши истихроҷи консентрати уран ва мониторинги бемориҳои фаромарзии зоонозӣ гузаронида шуданд.
Айни замон ду лоиҳаи фармоишии илмӣ - оид ба технологияҳои инноватсионии истихроҷи уран ва баҳодиҳии радиоэкологӣ идома доранд.
Дар фарҷоми ҷаласа иштирокчиён фикру пешниҳодҳои худро баён намуда, масъалаҳои беҳтар намудани сифати корҳои илмӣ, рушди ҳамкорӣ ва татбиқи васеи натиҷаҳоро баррасӣ карданд.