ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ ГЕНЕРАЛИИ АБНА АФЗАЛИЯТҲОИ ХУДРО ВОБАСТА БА БАРҚАРОРСОЗИИ ИНШООТҲОИ МЕРОСИ УРАНӢ МУАРРИФӢ НАМУД
16 сентябри соли 2026 дар доираи иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар Маркази байналмилалии Вена чорабинии махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Барқарорсозии иншоотхои мероси уранӣ дар Тоҷикистон: пешрафт, мушкилот ва афзалиятҳо» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, АБНА, Комиссияи Аврупо, Федератсияи Русия, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони техникӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Бо суханони ифтитоҳӣ ба иштирокчиён директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ва директори Шуъбаи амнияти радиатсионӣ, нақлиётӣ ва партовҳои Департаменти амнияти ядроӣ ва ҳифзи ҷисмонии ядроии АБНА Ҳилдегард Ванденхове муроҷиат намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ зикр гардид, ки барои Тоҷикистон барқарорсозии минтақаҳое, ки аз фаъолияти собиқи саноати истихроҷ ва коркарди уран осеб дидаанд, яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти радиатсионӣ ва экологӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳофизати захираҳои обӣ ба ҳисоб меравад.
Бо гузориши асосӣ оид ба раванди кор ва афзалиятҳои барқарорсозии иншоотхои мероси уранӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар баромад намуд.
Илҳом Мирсаидзода вобаста ба танзим ва назорати давлатии иншоотхои мероси уранӣ баромад намуд. Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир дар кишвар низоми мукаммал ва фарогири танзим ташаккул ёфтааст, ки экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, иҷозатномадиҳӣ, санчиш, мониторинги радиатсионӣ ва назорати минбаъдаи минтақаҳои барқароршударо дар бар мегирад.
Ба нақши ҳамроҳии илмию техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Директори Ташкилоти илмию техникии дастгирии Агентии амнияти ХБРЯ Бахтиёр Баротзода оид ба таъминоти илмию техникии раванди барқарорсозӣ ва мониторинги минтақаҳои олудашуда маълумот пешниҳод намуд.
Тибқи маълумоти ҷониби Тоҷикистон, корҳои анҷомдодаи барқарорсозӣ имкон доданд, ки хавфҳои радиологӣ дар як қатор иншоотхои афзалиятнок ба таври назаррас коҳиш дода шаванд. Ҳамзамон, зарурати таъмини мониторинги дарозмуддат, назорати институтсионалӣ ва идомаи корҳои барқарорсозӣ дар иншоотхои нисбатан мураккаби мероси уранӣ боқӣ мемонад.
Дар қатори вазифаҳои асосӣ идомаи корҳои муҳандисӣ ва барқарорсозӣ дар иншоотхои афзалиятнок, такмили низоми мониторинги баъди барқарорсозӣ, идоракунии ҷараёнҳои обӣ ва дигар роҳҳои паҳншавии моддаҳои ифлоскунанда, назорати чанг ва радон, таҳкими заминаи озмоишгоҳӣ, инчунин омодасозии минбаъдаи мутахассисони миллӣ муайян гардиданд.
Дар рафти муҳокима масъалаи таъмини амнияти дарозмуддати объектҳои Истиқлол ва Дегмай мавқеи махсус дошт. Иншоотхои мазкур бо назардошти таъсири эҳтимолии онҳо ба муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва захираҳои обӣ ҳамоно аз ҷумлаи афзалиятҳои миллии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи дуюми давлатӣ барои солҳои 2025–2030-ро қабул намудааст, ки ба ҳалли мушкилоти минтақаҳои аз фаъолияти собиқи истихроҷ ва коркарди уран зарардида равона шудааст. Ҷониби Тоҷикистон зарурати идомаи дастгирии байналмилалии техникӣ ва молиявиро барои татбиқи чорабиниҳои барқарорсозӣ, таҳкими иқтидори озмоишгоҳӣ ва таъмини мониторинги дарозмуддат таъкид намуд.
Дар доираи чорабинӣ котиби илмии Гурӯҳи ҳамоҳангсозии АБНА оид ба объектҳои мероси уранӣ (CGULS) Эдгар Карвалью дар бораи дастгирӣ ва ҳамкории АБНА дар самти барқарорсозии иншоотхои мероси уранӣ дар Осиёи Марказӣ маълумот пешниҳод намуд.
Дар бораи нақши Федератсияи Русия дар ҳалли мушкилоти мероси уранӣ директори лоиҳаҳои байналмилалии Корпоратсияи давлатии «Росатом» Марина Беляева сухан гуфт. Мавқеъ ва саҳми Комиссияи Аврупоро роҳбари бахши амнияти ядроӣ, идоракунии партовҳои радиоактивӣ ва кафолатҳои Комиссияи Аврупо Инте Стокманн муаррифӣ намуд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки ҳалли самараноки мушкилоти мероси уранӣ ҳамоҳангии амалҳои мақомоти миллӣ, АБНА, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, давлатҳои донор ва дигар шариконро тақозо менамояд.
Ҷониби Тоҷикистон ба АБНА, Комиссияи Аврупо, Федератсияи Русия ва дигар шарикони байналмилалӣ барои дастгирии техникӣ, экспертӣ ва молиявии расонидашуда изҳори сипос намуда, ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид кард.
Таваҷҷуҳи махсус ба он равона гардид, ки марҳилаи минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ бояд на танҳо ба иҷрои корҳои алоҳидаи барқарорсозӣ, балки ба ташаккули низоми устувори мониторинги дарозмуддат, ҳифзи сатҳи бадастомадаи амният ва рушди иқтидори миллии илмию техникӣ нигаронида шавад.
Чорабинӣ бо муҳокима ва табодули афкор бо иштироки намояндагони давлатҳои аъзои АБНА, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд анҷом ёфт. Бо сухани ҷамъбастӣ муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар баромад намуд.
Дар натиҷаи мулоқот таъкид гардид, ки ҳадафи асосии Тоҷикистон табдил додани минтақаҳои аз фаъолияти собиқи саноати уран зарардида ба ҳудудҳои бехатар, таҳти назорат ва устувор идорашаванда, инчунин ҳалли пайгиронаи масъалаҳои боқимонда тавассути ҳамгироии талошҳои миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад.