Машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия оид ба масъалаҳои амнияти биологӣ
25 сентябр дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия оид ба масъалаҳои амнияти биологӣ баргузор гардиданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Амирзода ва ҳайати Федератсияи Россияро муовини директори Департаменти масъалаҳои паҳн накардан ва назорати силоҳи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия К.В. Воронсов роҳбарӣ намуданд.
Ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин муовини аввали директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Матин Аҳмадзода, сармутахассиси Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Парвиз Олимзода ва котиби якуми Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҷамшед Шарифзода шомил буданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба арзёбии таҳдидҳои амнияти биологӣ дар фазои пасошӯравӣ табодули назар намуданд. Ҷонибҳо татбиқи Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба масьалахои таъмини амнияти биологӣ, аз ҷумла самтҳои мушаххаси ҳамкории минбаъдаро, баррасӣ намуданд.
Ба масъалаҳои такмил ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи ҳадафҳо ва муқаррароти ҳуҷҷати мазкур тавассути таъсиси механизми дахлдори машваратӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Вохӯрӣ ҳамоҳангии мавқеъҳои Тоҷикистон ва Россияро дар масъалаҳои амнияти биологӣ тасдиқ намуд. Зарурати идомаи ҳамоҳангсозии зич ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар минбарҳои дахлдори бисёрҷониба, пеш аз ҳама дар доираи Конвенсия оид ба манъи силоҳи биологӣ ва токсинӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таъкид гардид.
Мутобиқи Ёддошти ҳусни тафоҳум мақомоти салоҳиятдоре, ки барои ҳамоҳангсозии иҷрои он масъул мебошанд, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон — Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аз ҷониби Федератсияи Россия — Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия муайян гардидаанд.