Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинар оид ба татбиқи Конвенсияи манъи силоҳи биологӣ ва токсинӣ
23–24 сентябри соли 2026 дар шаҳри Москва семинар оид ба масъалаҳои татбиқи Конвенсия дар бораи манъи коркард, истеҳсол ва захирасозии силоҳи бактериологӣ (биологӣ), ва токсинӣ ва нобудсозии онҳо бо иштироки намояндагон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.
Дар кори семинари мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини аввали директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Матин Аҳмадзода, мутахассиси пешбари Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Парвиз Олимзода ва котиби якуми Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҷамшед Шарифзода муаррифӣ намуданд.
Зимни семинар масъалаҳои татбиқи муқаррароти Конвенсия аз ҷониби давлатҳои иштирокчӣ, механизмҳои миллии татбиқи он, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти биологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи чорабинӣ Матин Аҳмадзода бо маърӯза оид ба масъалаҳои татбиқи муқаррароти Конвенсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Дар муаррифии худ ӯ оид ба механизмҳои миллӣ ва чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон андешидашаванда ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои дар доираи Конвенсия пешбинишуда маълумот пешниҳод намуда, самтҳои асосии ҳамкории минбаъдаи байналмилалиро дар ин соҳа муаррифӣ намуд.
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинар ба табодули таҷриба ва иттилооти амалӣ оид ба масъалаҳои иҷрои миллии Конвенсия, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирии таҳдидҳои биологӣ ва таъмини амнияти биологӣ мусоидат намуд.