Дар шаҳри Кӯлоб хобгоҳи нави замонавӣ барои тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ёрирасони №1 ифтитоҳ гардид
5 октябри соли 2026 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бинои нави замонавии хобгоҳи Мактаб-интернати ёрирасони №1 мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур 5 октябр дар шакли фосилавӣ бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.
Бинои нави хобгоҳ ва маҷмӯи иншооти инфрасохтории иҷтимоиву варзишӣ бо мақсади ба таври назаррас беҳтар намудани шароити зист, таҳсил, истироҳат ва рушди ҷисмонии тарбиятгирандагони мактаб-интернат бунёд гардидаанд.
Корҳои сохтмонӣ бо ташаббуси академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов ва бо дастгирии молиявии шогирдони ӯ ва соҳибкорони ватанӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар татбиқи ташаббуси мазкур соҳибкорон Аюбҷон Маҳмадов ва Мирсаид Мирсаидов саҳм гузоштанд. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ, тарбия ва фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагӣ барои кӯдакони ятим ва кӯдакони ниёзманд ба ғамхории махсус равона шудааст, мебошад.
Бинои нави сеошёнаи хобгоҳ дорои зиёда аз 1200 метри мураббаъ масоҳати муфид мебошад. Дар он 14 ҳуҷраи хоб, ду толори васеъ барои бозиҳо ва машғулиятҳои инкишофдиҳанда, панҷ ҳуҷраи корӣ ва дигар утоқу бахшҳои ёрирасон муҷаҳҳаз гардидаанд. Шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки барои то 160 нафар тарбиятгиранда шароити муносибу муосири зист ва таҳсил таъмин карда шавад.
Лоиҳа танҳо бо сохтмони як бино маҳдуд нагардида, њамзамон ҳудуди мактаб-интернат ба таври комплексӣ таҷдиду обод гардид. Инфрасохтори нав барои таъмини зиндагии шоиста ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон бунёд карда шуд.
Дар ҳудуди муассиса майдони нави футбол ва ҳамзамон майдончаи замонавии кушоди варзишӣ сохта шуданд. Майдонча бо маҷмӯи таҷҳизоти муосири варзишии берунӣ, аз ҷумла турникҳо, панҷараҳои уфуқӣ, брусҳо, дастгоҳҳои қувваозмоӣ барои гурӯҳҳои гуногуни мушакҳо, таҷҳизоти машқӣ барои рушди мушакҳои пой, даст ва камарбанди китф, дастгоҳҳои кардио ва ҳамоҳангсозии ҳаракат, инчунин дигар лавозимоти зарурӣ барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Чунин инфрасохтор ба тарбиятгирандагон имкон фароњам меоварад, ки бевосита дар ҳудуди муассиса мунтазам ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.
Ба таъмини фаъолияти устувор ва мустақили мактаб-интернат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Бо мақсади таъмини бефосилаи неруи барқ, аз ҷумла дар фасли зимистон, дар ҳудуди муассиса системаи панелҳои офтобӣ насб гардид, ки ҳангоми хомуш шудани неруи барқ аз шабакаи марказӣ манбаи алтернативии энергия истифода гардида, равшанӣ ва фаъолияти биноҳои асосӣ таъмин карда шавад.
Ҳамзамон яке аз масъалаҳои муҳимтарини маишии муассиса — таъминоти устувори об — ҳалли худро ёфт. Бо њамин мақсад чоҳи амудии дорои чуќурии зиёда аз 100 метр омода карда шуд, ки тавассути он мактаб-интернат бо манбаи доимии об таъмин гардид. Илова бар ин, дар ҳудуди муассиса обанбори фишордиҳандаи дорои ғунҷоиши 25 метри мукааб мавҷуд аст, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагидорӣ пешбинӣ шудааст.
Дар доираи лоиҳа ба масъалаи ташкили ғизои босифат барои тарбиятгирандагон низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шуд. Ошхона, бахши омодасозии ғизо ва утоқҳои ёрирасон, аз ҷумла анборҳои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ, аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Иншоот мутобиқ ба талаботи муосири санитарию маишӣ таҷдид гардида, ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои кормандони ошхона шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар баробари корҳои таъмирӣ барои хӯрокхона таҷҳизоти муосири ошхонагӣ ва технологӣ харидорӣ гардид, ки барои омода намудани ҳаррӯзаи ғизои гарм ва мукаммал барои тарбиятгирандагон зарур мебошад. Аз ҷумла, бахши омодасозии ғизо бо плитаҳои муосири барқӣ ва саноатӣ, танӯрҳои пухтупаз ва бирёнкунӣ, таҷҳизоти яхдонӣ ва сармодонҳо, печҳои микромавҷӣ, дастгоҳҳои омода ва гарм намудани ғизо, мизҳои кории истеҳсолӣ, бахшҳои махсуси шустушӯӣ, ҷевонҳо ва рафҳо барои нигоҳдории асбобу анҷоми ошхона ва маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин зарфҳои зарурӣ ва дигар таҷҳизоти ошхонагӣ таъмин карда шуд.
Ба истифода додани бахши навшудаи омодасозии ғизо имкон медиҳад, ки наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва шом бевосита дар худи муассиса, дар шароити беҳтари санитарӣ, бехатар ва бароҳат омода карда шаванд. Таҷҳизоти нав ҳамзамон фаъолияти кормандонро осон намуда, сифати омодасозии ғизоро баланд мебардорад ва барои мунтазам бо ғизои гарм таъмин намудани кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам месозад.
Ҳудуди атрофи муассиса низ пурра ободу зебо гардонида шудааст: ҳавлӣ, боғ ва иншооти ёрирасон ба тартиб дароварда шуда, панҷараҳои иҳотавӣ насб ва минтақаи таваққуфгоҳ муҷаҳҳаз карда шудааст. Дар назди мактаб-интернат хоҷагии ёрирасон мавҷуд аст, ки дар он зиёда аз 670 бех дарахти мевадиҳанда шинонида шудааст.
Айни замон дар Мактаб-интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб тақрибан 150 нафар тарбиятгирандаи синни мактабӣ ба таври шабонарӯзӣ нигоҳубин ва таҳсил мекунанд. Муассиса дар баробари иҷрои вазифаи таълимӣ, ҳамчунин нақши муҳими иҷтимоиро ба анҷом расонида, барои кӯдакон нигоҳубини доимӣ, тарбия ва шароити зарурии рушдро таъмин менамояд.
Арзиши умумии сохтмони бинои нави хобгоҳ, таъмири асосии хӯрокхона ва иншооти ёрирасон, бунёди системаи обтаъминкунӣ, майдони футбол ва дигар инфрасохтор зиёда аз 12 миллион сомонӣ-ро ташкил дод. Корҳо аз ҳисоби маблағҳои хайриявии соҳибкорони ватанӣ ва бо ташаббуси академик Ӯлмас Мирсаидов амалӣ гардиданд.
Ташаббуси мазкури созанда дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, намунаи равшани иштироки намояндагони илму маориф, ҷомеаи соҳибкорӣ ва хайрхоҳон дар фароҳам овардани шароити муосир барои гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири кӯдакон ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам вобаста ба аҳамияти иштироки фаъолонаи соҳибкорон ва ҷомеа дар бунёд ва ободонии иншооти иҷтимоӣ ва таълимии мамлакат таъкид менамоянд.
Сохтмон ва таъмир дар Мактаб-интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб имкон дод, ки шароити зиндагии тарбиятгирандагон ба таври комплексӣ беҳтар карда шавад. Кӯдакон соҳиби хобгоҳи нави ободу замонавӣ, хӯрокхонаи муосир ва бахши муҷаҳҳази омодасозии ғизо, манбаи мустақили таъминоти доимии об, низоми эҳтиётии барқ дар асоси неруи офтобӣ, майдони нави футбол ва майдончаи муосири варзишӣ гардиданд.
Ҳамин тариқ, дар ҳудуди мактаб-интернат маҷмӯи ягонаи замонавӣ барои зиндагӣ, таҳсил, ғизогирӣ, истироҳат ва рушди ҷисмонии кӯдакон фароҳам оварда шуд.