МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁН ВА УСТОДОН ДАР МАҲФИЛИ ИЛМИИ “ЗЕҲН”-И ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Рӯзи 2-юми ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) вохӯрии ходими пешбари илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Саломов Ҷ.А. бо донишҷӯён, ҳайати устодон ва ходимони илмии факулта баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи фаъолияти маҳфили илмию факултавии “ЗЕҲН” ташкил карда шуд.
Дар ибтидои вохӯрӣ ҳозирин ва ташкилкунандагони маҳфил фаъолияти пурсамари илмию педагогии устод Саломов Ҷ.А.-ро махсус қайд намуданд. Таъкид гардид, ки маҳз хизматҳои шоистаи устод Саломов Ҷ.А., ки зиёда аз 35 сол ба ҳайси омӯзгори соҳибтаҷриба ва 15 сол дар вазифаи мудири кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ фаъолият намуда, дар баробари ин, давоми 25 сол дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ фаъолияти густурдаи илмиро пеш бурдаанд, дар тарбияву омодасозии садҳо шогирдон ва мутахассисони ватанӣ дар соҳаи физикаи ядроӣ ва амнияти радиатсионӣ саҳми босазо гузоштааст.
Сипас, дотсент Саломов Ҷ.А. дар мавзуи муҳим ва актуалӣ — “Радиатсия ва ҳаёт – ривоят ва ҳақиқат” баромади илмию оммафаҳм намуд. Дар баромади худ мавсуф ба ҷанбаҳои гуногуни таъсири радиатсия ба ҳаёти инсон, фарқияти байни тарсу ҳароси беасоси ҷомеа (ривоятҳо) ва нишондодҳои воқеии илмӣ (ҳақиқат) таваҷҷуҳи хосса зоҳир кард. Устод инчунин доир ба нақши амнияти радиатсионӣ дар замони муосир ва тадқиқотҳои охирини соҳавӣ маълумоти муфассал дод.
Дар хотимаи вохӯрӣ миёни донишҷӯёну олимони ҷавон ва маърузачии соҳибтаҷриба табодули афкори созанда сурат гирифт. Ҷавонони шавқманд ба саволҳои сершумори худ дар самти физикаи ядроӣ ва амнияти радиатсионӣ ҷавобҳои мушаххасу илмӣ гирифтанд. Ин вохӯрӣ барои донишҷӯён ҳамчун як майдони хуби сайқали донишу маҳорат ва ҳавасмандгардонии онҳо ба корҳои илмию тадқиқотӣ хизмат намуд.