МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ ДАР МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ БЕХАТАРӢ, АМНИЯТ ВА КАФОЛАТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОИИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХБРЯ-И АМИТ
Санаи 11 ноябри соли 2026 дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи васеи коллоквиуми озмоишгоҳӣ муҳокимаи пешакии рисолаи илмии муҳаққиқи ҷавони Агентӣ Алишерзода М. баргузор гардид.
Таҳқиқоти мазкур дар мавзӯи «Арзёбии таъсири маҳфузгоҳҳои уранӣ ба муҳити зист, таҳлили сатҳи таъсири радиатсионии беруна ба мутахассисон ва аҳолӣ, мониторинги экологии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси «Радиоэкология» таҳти роҳбарии номзади илмҳои химия Ҳакимова Н.У. омода карда шудааст.
Дар ҷараёни ҷаласа унвонҷӯ муҳиммият, навоварии илмӣ, ҳадафу вазифаҳо ва натиҷаҳои асосии таҳқиқоти анҷомдодашударо ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Таъкид гардид, ки мавзӯи матраҳшуда барои таъмини бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи муҳити зист ва баҳогузории хатарҳои экологӣ дар минтақаҳои дорои партовгоҳҳои уранӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти калидии илмиву амалӣ дорад.
Пас аз шунидани маърӯза, миёни олимон, коршиносони соҳа ва иштирокчиёни коллоквиум мубодилаи афкори судманд сурат гирифт. Мутахассисон ба сатҳи илмии таҳқиқот баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам такмил додани баъзе паҳлуҳои рисола ва омода намудани он ба марҳилаи минбаъдаи дифоъ тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.
Дар анҷом, бо назардошти аҳаммияти илмӣ ва амалӣ, рисолаи илмии Алишерзода М. аз ҷониби аъзои коллоквиум барои пешниҳод ба зинаҳои минбаъдаи ҳимоя тавсия карда шуд.