БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ОИД БА ДУРНАМОИ РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ҲАСТАӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГИЯ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОИИ АМИТ
18 ноябри соли ҷорӣ дар доираи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)" ва дар амал татбиқ сохтани Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биология, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур магистрон, PhD-доктарантон, унвонҷӯён, ходимони илмӣ ва олимони ҷавон аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ ва Озмоишгоҳи “Коркарди ашёи хоми минералӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ иштирок намуда, масъалаҳои муҳимми соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Семинари илмиро академик Ӯлмас Мирсаидов бо маърузаи пурмуҳтаво дар мавзуи “Дурнамои рушди энергетика ва технологияҳои ҳастаӣ дар Тоҷикистон” ифтитоҳ намуданд ва иброз доштанд, ки ҳарчанд Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, афзоиши талабот ба нерӯи барқ, тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва камчинии об дар минтақаи Осиёи Марказӣ зарурати ҷустуҷӯи манбаъҳои нави энергияро ба миён меорад. Дар ин замина, сохтмони нерӯгоҳи барқи атомии (НБА) камқувват ҳамчун як қадами муҳим барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди минтақаҳои дурдаст арзёбӣ мегардад. Инчунин Устод Мирсаидов таъкид дошт, ки Барои амалӣ намудани лоиҳаҳои энергетикаи ҳастаӣ ҳалли як қатор масъалаҳои муҳим зарур аст:
• гузаронидани таҳқиқоти дақиқи экологӣ, гидрологӣ ва сейсмикӣ;
• масъалаҳои маблағгузорӣ ва арзёбии арзиши нерӯи барқ;
• омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ;
• таъмини бехатарӣ, назорати партовҳои ҳастаӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ.
Дар маъруза академик Мирсаидов қайд карданд, ки Тоҷикистон аз соли 2001 узви Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) буда, дар доираи кумакҳои техникӣ аз соли 2004 инҷониб зиёда аз 30 лоиҳаро ба маблағи беш аз 12 миллион евро бомуваффақият анҷом додааст. Технологияҳои ҳастаӣ дар кишвар барои рушди соҳаҳои зерин васеъ истифода мешаванд:
• Тиб: навсозии радиотерапия ва беҳтар кардани табобати бемориҳои саратон;
• Кишоварзӣ: арзёбии эрозияи хок ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ;
• Захираҳои обӣ: истифодаи усулҳои изотопӣ барои идоракунии самараноки об;
• Амнияти радиатсионӣ: таҳкими назорат ва ҳифзи муҳити зист.
Ҳадафи асосии баргузории чунин семинарҳои мунтазам — тақвияти иқтидори илмии кишвар, омода намудани мутахассисони ҷавони рақобатпазир дар сатҳи байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи амалӣ дар самти технологияҳои муосири коркарди ашёи хоми минералӣ ва амнияти ядроӣ мебошад.
Чорабинӣ дар фазои мубоҳисаи созандаи илмӣ сурат гирифта, олимони ҷавон ва донишҷӯёни соҳавии зинаҳои PhD ва магистратура имкон пайдо намуданд, ки донишҳои назариявию амалии худро сайқал диҳанд.