ИФТИТОҲИ СУТУНПОЯИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО БАЛАНДИИ 35 МЕТР ДАР НАЗДИ БИНОИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОИИ АМИТ
Имрӯз, 23 ноябр ба муносибати ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимон муҳаққиқон дар назди бинои Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 метрро ташкил дода, дарозии матои парчам 7 метр ва паҳноии он 4,8 метр мебошад. Баландии сутунпоя ва андозаи матои Парчам ба он имконият медиҳанд, ки ин рамзи муқаддаси миллӣ дар фазои шаҳраки академӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса парафшон гардида, таҷассумгари соҳибистиқлолӣ, соҳибдавлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон бошад.