ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 23 ноябр, ба муносибати ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, дар сухани ифтитоҳии худ иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ мавқеи муҳим дорад.
Қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳассоси таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими сарнавиштсоз ба шумор рафта, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол нақши муассир гузоштааст.