АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
10 декабр Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон маҳсуб шуда, мақсад аз он ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки имсол аз қабули он 76 сол сипарӣ шуд.
Рушди ҳамкории минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озод — калиди таҳкими амнияти глобалӣ
5 декабри соли 2024 бахшида ба 15 солагии қабули созишнома дар бораи минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озод дар Осиёи Марказӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон ҷаласаи кишварҳои иштирокдори Созишнома дар бораи минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озод дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Мавзӯи чорабинӣ ба «Таҳкими ҳамкорӣ байни минтақаҳои мавҷудаи аз силоҳи ҳастаӣ озод» бахшида шуда, роҳбарии ҷаласа аз ҷониби Туркманистон анҷом ёфт.
ТАСДИҚИ ДИССЕРТАТСИЯИ НОМЗАДӢ МУБОРАК ШАВАД!
Тибқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №424/ди аз 2 декабри соли 2024, диссертатсияи номзадии ходими калони илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Бобоев Комрон, доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисоси 6D072001- технологияи моддаҳои ғайри органикӣ тасдиқ гардид.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар соли 2024
2 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 баргузор гардид.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи илмии кормандони ҷавон семинари машваратӣ баргузор гардид
28 ноябри соли равон дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ- и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати илмии мутахассисони ҷавон, бо иштироки олимон ва кормандони Марказ семинари машваратӣ баргузор гардид.
28 ноябри соли 2024 дар ҳошияи Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) оид ба масъалаҳои илми ҳаставӣ, фанновариҳо ва барномаи ҳамкориҳои фаннӣ, ки дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ оид ба "Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ" суханронӣ намуд.
Иштирок дар Конфронси АБНА ва мулоқот бо мудири кулли он
27 ноябри соли 2024 дар шаҳри Вена ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти робарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) оид ба масъалаҳои илми ҳаставӣ, фанновариҳо ва барномаи ҳамкориҳои фаннӣ иштирок кард. Дар ҳошияи Конфронси мазкур мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири кулли АБНА Рафаеэл Гросси баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва АБНА, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки феълӣ ва ҳамчунин тарҳҳои миллии нав дар самтҳои гуногун дар доираи Барномаи ҳамкориҳои фаннии АБНА барои солҳои 2026-2027-ро баррасӣ карданд.
ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ - ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ
Баъди барҳам хўрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат марҳилаи нав оғоз ёфт. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Конститутсия, Нишон ва Парчами миллии нав гардид. Кишварҳои муосири рӯйи замин дорои парчам, нишон ва суруди миллианд. Ин анъана дар замони ташаккули аввалин давлатҳои шарқи бостон бунёд ва тайи қарнҳои минбаъда доман густурдаву то ба даврони мо омада расидааст.
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ҳамоиши идона баргузор гардид
21 ноябр дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони шуъбаву бахшҳои тобеи Агентӣ иштирок намуданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
20 ноябр зимни мулоқоти маҷозии директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ва ректори Донишгоҳи давлатии миллии таҳқиқотии Нижний Новгород ба номи Н.И. Лобачевский Олег Трофимов тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Рӯзи Президент ва Иҷлосияи тақдирсоз
Иҷлосияи таърихи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кишвари мо Сарвари воқеиро муаррифӣ намуд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардумӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Имсол 32-юмин солагарди ин воқеаи барои ватанамон тақдирсоз таҷлил мешавад. Оғози Иҷлосия ба 16-уми ноябри соли 1992-юм рост омада, он 16 рўз идома ёфт. 16-уми ноябри соли 1994 аввалин савгандёдкунии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Тоҷикистон сурат гирифта.16-уми ноябр рўзи Президент эълон гардидан бе сабаб нест.
12 ноябри соли ҷорӣ дар толори Озмоишгоҳи навбунёди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони ҷавон ва ходимони илмии Агентӣ, дар мавзӯи “Алгоритми навиштани мақолаҳои илмӣ”, семинари илмӣ-амалӣ доир гардид. Семинари мазкур таҳти роҳбарии ходими илмии Агентӣ, номзади илмҳои химия - Хакимова Нодира баргузор гардида, ба шунавандагон тарзи дурусти пешниҳод ва навиштани мақолаҳои илмӣ, инчунин мавзуъҳои таҳиққшаванда бо иштироки ходимони илмӣ, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетикӣ мета-ваонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад.
Миллати точик аз кадимулайём сохиби хираду идрок ва мехнатдӯсту пурғайрат буд. Он хамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург хамеша кӯшиш бар он медиҳад, ки ба касе дастнигару эхтиёҷманд набошад. Душвориву мамониатҳоро бо заҳмати бузурги худ паси сар намояд.
Имрӯз, дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба гузаронидани “Мониторинги радиоэкологӣ” дар баъзе минтақаҳои сайёҳӣ, семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Имрӯз бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ профессор, Илҳом Мирсаидзода дар мавзӯи «Конститутсия–шиносномаи миллат», маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки дар он ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ, шуъбаву бахшҳо ва Филиалҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
30 СОЛ АЗ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: САНАДИ БУНЁДИИ ПЕШРАФТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ
6 ноябри соли 1994, дар таърихи Тоҷикистон санаи муҳиме сабт гардид. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, халқи тоҷик роҳ ба сӯи як давлати ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявиро бо тасмимгирии умумихалқӣ оғоз намуд. Ҳамчун санади бунёдии давлатдорӣ, Конститутсия заминаҳои мустаҳкам барои пойдории сулҳ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳдошти зиндагии мардум фароҳам овард. 30 соли гузашта нишон дод, ки ин санад на танҳо омили устувории дохилӣ, балки воситаи муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ низ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетики метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Таъкид бояд кард, ки ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби 55% дар сади захираҳои обӣ аст, ки аз ин неъмати бузург бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард.
Баррасии вазъи бехатарии радиатсионӣ ва радиологии маконҳои таърихию сайёҳӣ дар семинари навбатӣ
Дирӯз дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Вазъи бехатарии радиатсионӣ ва радиологии маконҳои таърихию сайёҳӣ”, семинари илмӣ-амалӣ доир гардид.
29 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Марказ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2021 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расид. Иншооти навбунёд 4-ошёна буда, дар масоҳати 35 садяк бо тарҳи меъмории замонавӣ бунёд ёфтааст.
24 - октябр ҳамчун Рӯзи иттифоқҳои касаба ҷашн гирифта мешавад
Шуруъ аз соли 2022 ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 октябр ҳамчун Рӯзи иттифоқҳои касаба ҷашн гирифта мешавад, ки заминаи он ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ин ташкилоти оммавӣ - ҷамъиятӣ ҳануз 24 октябри соли 2019 асос меёбад. Агар каме ба таърих рӯ биёрем, ҳанӯз 15 апрели соли 1926 Анҷумани якуми иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистии Тоҷикистон баргузор гардид, ки бо қарори он мақоми роҳбарикунандаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон – «Тоҷиксовпроф» таъсис дода шуд. 19 апрели соли 1937 мутобиқи қарори пленуми иттифоқҳои касаба марказии Итиҳоди Шӯравӣ шӯроҳои итифоқҳои касабаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва маҳаллӣ барҳам дода шуданд. Соли 1948 «Тоҷиксовпроф» аз нав таъсис дода шуд Бо қарори анҷумани XV Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз 24 январи соли 1991 «Тоҷиксовпроф» ба Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шуд.
Семинари навбатии илмӣ-амалӣ вобаста ба вазъи бехатарии радиоэкологӣ дар Тоҷикистон
Ҳафтаи сипаришуда дар Маркази омӯзишӣ ва таълимии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии академики АМИТ Улмас Мирсаидов семинари навбатии илмӣ-амалӣ вобаста ба вазъи бехатарии радиоэкологӣ доир гардид.
Эҳёи ҷашни Меҳргон дар Тоҷичкистон
Меҳргон – иди дӯстию меҳру муҳаббати табақаҳои гуногуни мардуми Машриқзамин аст. Дар иди қадимаи халқи тоҷик вакилони мардумони тамоми халқҳои ҷаҳон иштирок менамоянд ва ба ҷашни ҳақиқии байналмиллалӣ табдил меёбад. Меҳргон баробари инкишофи деҳқонӣ пайдо шудааст ва онро баъди ғунучини ҳосил ид мекарданд. Деҳқонон ба пешвози Меҳргон ҳашар мегузарониданд, сарулибоси нав мепӯшиданд, сайру базмҳо меростанд.
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон да ҳамкорӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ 15 октябри соли 2024 дар меҳмонхонаи Хаятт Редженси Душанбе чорабинии байналмилалии сатҳи баландро баргузор намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ пешниҳодҳои лоиҳаҳо барои таъсиси Маркази байналмилалии омӯзишӣ оид ба муқовимат бо терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом (ОМУ) ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ядроӣ (ХБРЯ) муаррифӣ шуданд. Илова бар ин лоиҳа, зиёда аз 30 пешниҳоди дигари лоиҳаҳо дар соҳаи ХБРЯ низ пешниҳод гардиданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муҷҷаҳаз гардонидани марказҳои саратоншиносӣ бо дастгоҳҳои замонавӣ дар кишвар, дар ин самт Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон саҳми назарас мегузорад. Аз ҷумла бо мусоидати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ ва маблағгузории Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) ба Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи нави пешрафтаи рентгении навъи «Ортоволтаж» дастрас гардид.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар соли 2024
4-уми октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нӯҳ моҳи соли 2024 баргузор гардид.
Дирӯз дар маркази омӯзишӣ - таълимии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов семинари омузишӣ дар мавзуи “Масъалаҳои арзёбии мониторинг дар минтақаҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Аз 1-ум то 3-юми октябри соли 2024, дар меҳмонхонаи “Хилтон”, шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Чораҳои эътимодбахшӣ" дар доираи Конвенсияи манъи силоҳи биологӣ ва токсинӣ (КБСТ) баргузор шуда истодааст. Конфронси мазкур аз ҷониби Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои халъи силоҳ (UNODA) дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардида истодааст.
Мавзӯи семинари навбатии илмӣ-амалӣ, ки бо иштироки кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар семинари навбатии илмӣ-амалӣ, ки ҳафтаи равон бо ибтикори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва лабораторияи коркарди ашёи хоми минералӣ ва партовхои Институти химияи ба номи И.Никитинаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони ҷавон ва муҳақиқони соҳа баргузор гардид, кори илмӣ оиди ба даст овардани шишаи бордор бо миқдорҳои гуногуни бор мавриди муҳокима қарор гирифт.
Эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст
Ояндаи Тоҷикистон аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Эмомалӣ Раҳмон
Хатмкунандагони зинаи магистратура бо ихтисоси Радиоэкология соҳиби дипломи аъло гаштанд
Истиқлолу озодӣ ба он мусоидат намуд, ки дар баробари дагар соҳаҳо соҳаи илму маориф низ ба пешравии назаррас ноил бигардад. Дар баробари ин барои беҳтар намудани сатҳу сифат ва рушди ин ё он соҳа дар доираи мутахассисони ҷавобгу ба талаботи замон боиси он гашт, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмии мамлакат ихтисосҳои нав таъсис дода шавад.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Илҳом Мирсаидзода, дар чорабинии канорӣ бо мавзӯи "Нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар коҳиши хатари марбут ба иншоотҳои меросӣ дар Осиёи Марказӣ", ки 16 сентябри соли 2024 дар доираи 68-умин ҷаласаи Конфронси Генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Иштироки олимони тоҷик дар 68-умин ҷаласаи Конфронси Генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ
Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, Илҳом Мирсаидзода, дар 68-умин ҷаласаи Конфронси Генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), ки аз 16 то 20 сентябри соли 2024 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор шуда истодааст, иштирок меварзад. Илҳом Мирсаидзода бо ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муовини вазири саноат ва технологияҳои нав, Азиз Назар ва роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди АБНА, Идибек Каландар, ҳамроҳӣ карда мешавад.
Омӯзиши вазъи радиатсионии баъзе ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон
Дар доираи иҷроиши мавзӯи илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии имҳои Тоҷикистон аз ҷониби кормандони шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ, таълиму омӯзиш ва хизмтрасониҳои техникии Агентӣ дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ мониторинги радиатсионӣ гузаронида шуда истодааст.
Корманди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо мукофоти медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ба намояндагони касбу кори гуногуни шаҳри Бӯстон, ки давоми фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас нишон додаанд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим карда шуданд.
11 - уми сентябри соли 2024 дар маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, корманди Агентӣ - Баҳронов Соҷидхон рисолаи номзадии худро зери унвони “Асосҳои технологии коркарди маводҳои уранӣ ва баҳодиҳии хавфи радиатсионии минтақаҳои Тоҷикистон”, таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор, Илҳом Мирсаидзода - директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 05.17.01 – «Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ» ва 03.02.08.04 - «Экология ва соҳаи илмҳои техникӣ» бо муваффақият ҳимоя намуд.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ
10-уми сентябри соли равон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академия миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ кормандони дастгоҳи марказӣ ва Филилҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
6-уми сентябри соли 2024, дар толори Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ба имзорасонии Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Маркази миллии таълимӣ барои гузаштани зинаи магистратура дар соҳаи физикаи тиббӣ дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Зи истиқлол бувад иқболи тоҷик
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддин ҷавобгу ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд.Бо зуҳури истиклол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранчкашидаи точик соҳибистиқлол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори точик аст, ки дар охири асри 20-ум ба даст омад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, хамфикрию хамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз ҳадия намуд. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи чахонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайѐра ҳамсадо месозад.
Бахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар АМИТ роҳпаймоии идона доир гардид
5-уми сентябри соли равон бахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки академӣ бо иштироки Қобилҷон Хушвахтзода - президенти АМИТ, раёсат ва олимони иститутҳои АМИТ бо шукургузори аз фазои сулҳу субот ва шиору овезаҳо, инчунин аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар доираи роҳпаймоии идона, ҳамзамон дар саҳни бинои Маркази омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ маҷлиси тантанавӣ идома ёфт.
4-уми сентябри соли равон дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ таҳти роҳбарии академики АМИТ Улмас Мирсаидов семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Технологияи коркарди маъданҳои урандор» баргузор гардид.
Истиқлолу озодӣ арзишмандтарин неъмате мебошанд, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Вақте, ки ин суханҳоро вирди забон меорем, ҳар яки моро муҳаббати бузурги ватандорию ватандӯстӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ фаро мегирад. Агарчӣ миллати соҳибфарҳанги тоҷик, ҳамчун як миллати соҳибдавлат ва тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти таърихии худ андешаи истиқлолхоҳӣ доштанд, зидди тохтутозҳои бегонагон ва носозгориҳои бешумори замон мубориза бурда, ваҳдат ва арзишҳои зиндагии худро ҳифз карда, ба наслҳои баъдӣ мерос гузоштанд.
Вохурӣ бо намояндагони ширкати “Радметрон” - и Ҷумҳурии Белорус
3-юми сентябри соли равон дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ вохӯрӣ бо намояндагони ширкати “Радметрон” - и Ҷумҳурии Белорус баргузор гардид. Дар вохурӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти АМИТ- раиси шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИТ - Амонзода Илҳом, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ - Илҳом Мирсаидзода, директори Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров АМИТ - Зарифзода Авзалшо ва ҷониби Ҷумҳурии Белорус, муовини директор оид ба фурӯши ширкати “Радметрон” - Белорус Владимир Коржовник ва котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Базюк Олег Иосифович иштирок намуданд. Инчунин, дар вохурии мазкур, муовини аввали директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ - Ахмедов Матин ва муовини директори Агентии номбурда - Баротов Бахтиёр иштирок варзиданд.
Либоси миллӣ- ҷузъи олами маънавии инсон аст
Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9 марти соли равон баргузор гардид, оиди муҳимияти арҷгузорӣ намудан ба либоси миллӣ тоҷикӣ ин нуктаро махсусан таъкид доштанд: “Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад”.
29 августи соли ҷорӣ дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Мушкилоти таҳияи усулҳои синтези уран, торий ва коркарди маъдани боросиликат, ҳамчун мавод барои муҳофизат аз нейтронҳо” баргузор гардид. Семинари илмӣ-амалӣ аз ҷониби шуъбаи илмӣ-таҳқиқоти ва хизматрасониҳои техникии Агентӣ дар ҳамкорӣ бо озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба В. И. Никитини АМИТ баргузор гардид.
Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист
Либос маҷмӯи маҳсулотест, ки одамон барои пӯшонидани бадани худ мепӯшанд. Бояд қайд кард, ки намуди либос одатан ба ҷинси пӯшанда мувофиқат мекунад. Аз ин рӯ, аксар вақт шумо метавонед мард ё занро бо шакли либос муайян кунед. Мақсади либос дар умум, ин муҳофизат аз сармо, гармо, пӯшонидани бараҳнагӣ ва дар умум зебогии шахс мебошад. Вақте, ки сухан дар бораи либос меравад, дар зери мафҳуми он либоси миллӣ ҳамчун як рукни муҳими фарҳанги миллӣ дар назар дошта мешавад, ки бояд арзишмандии маънавии онро ҳифз кунад, то наслҳои оянда низ ба он арҷгузору меросбар бошанд.
ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ
Истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёси боз намуд. Истиқлоли миллӣ , ҳамчунин , ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие пеш овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умум пазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем. Эмомалӣ Раҳмон
Ташаккули маърифати ҳуқуқӣ - омили рушди ҷомеа
Ба тасвиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 декабри соли 2023 №668 дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани «Соли 2024” хеле бамаврид буда, барои рушди ҳамаҷонибаи кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамчун қутбнамо хизмат менамояд.
Омӯзиши ҳолати радиатсионии ноҳияи Сангвор
Дар доираи сафари экспедитсионии илмӣ, ки бо мақсади арзёбии вазъи ҳолати радиатсионӣ, аз ҷониби кормандони шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ, таълиму омӯзиш ва хизмтрасониҳои техникии Агентии амнияти химияавӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар ноҳияи Сангвор, санаи 19-24 августи соли 2024 сурат гирифта истодааст, ки дар раванди он ҳолати радиатсионӣ ва ҷамъоварии намунаҳои хок ва об барои санҷиш ва муайянкунӣ гирифта шуд.
19 августи соли 2024, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани меморандуми ҳамкорӣ байни Корхонаи давлатии ҷумҳуриявӣ "Институти физикаи ядроӣ" Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
ЛИБОСИ МИЛЛӢ – МУAРРИФГAРИ ФAРҲAНГИ ТОҶИКОН
Либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассумгари расму оин, нишони зебопарастӣ ва ифтихори милатҳои мухталифи дунё баҳисоб меравад. Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебогиашро гум накардааст. Махсусан либосҳои милли мо тоҷикон аз муҳимтарин унсурҳои фарҳангу тамадуни чандинҳазорсолаамон ба шумор меравад.
Экспедитсияи навбатии илмии кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ноҳияи Нуробод
Мутахассисони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар баробари дигар самтҳои фаъолияти худ, ҳамчунин ба омӯзиш ва муаян намудани ҳолати радиатсионӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ пайваста ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва экспедитсионӣ машғул мебошанд. Экспедитсияи навбатии илмии кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ноҳияи Нуробод аз санаи 12 то 16 август, таҳти роҳбарии Ҳамидов Фарҳод - мудири шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ, таълиму омӯзиш ва хизматрасониҳои техникӣ бо муваффақият идома гардида истодааст.
Зиндагиро дар ҳар давлат бидуни Истиқлолият тасаввур кардан имконнопазир аст. Истиқлол орзуву ормони ҳар миллату халқ аст, ки тамоми муборизаҳо ва талошҳои башарият баҳри ба даст овардани он сурат гирифтааст. Халқи тоҷик дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷониби бузургтарин чеҳраҳои сиёсату илм, маърифату ҷомеашиносони дунё ба ҳайси як миллати соҳибхирад ва ватандӯсту озодхоҳ эътироф ва шинохта шудааст, ки дар тамоми марҳилаҳои тараққиву пешрафти ҷомеа барои озодӣ ва бунёди давлати соҳибистиқлоли худ пайгирона талош меварзад.
Шанбегӣ ва корҳои ободонӣ дар Филиали Агентии амнияти ХБРЯ дар вилояти Суғд
10-уми августи соли 2024 аз ҷониби кормандони Филиали Агентии амнияти ХБРЯ – и АМИТ дар вилояти Суғд шанбегӣ гузаронида шуд. Дар рафти шанбегӣ корҳои нармкунии бехи дарахтон, гулу буттаҳо, тозаю озодана намудани ҷӯйборҳо, баровардани партовҳо ва рангубор намудани гирду атрофи бинои маъмурӣ ва гирду атрофи он ба анҷом расонида шуд.
8 августи соли равон дар Маркази таълимии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ бо иштироки васеъи ходимони илм аз Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва кормандони озмоишгоҳи коркарди комплексии маъдан ва партовҳои Институти химияи ба номи В. И. Никитини АМИТ таҳти унвони “Ҳифзи муҳити зист аз партовҳои маъдан”, маҳфили илмӣ - амалӣ баргузор гардид.
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР
Дар айни замон фаъолияти созмонҳо, гурўҳҳои террористӣ васеъ шуда истодааст, ки ин хатари ҷидди рӯзмарра мебошад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар яке аз суханронии хеш қайд намуда буданд: «Терроризм ва эксремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли онҳо гувоҳ аст, ки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра ҳаст». Таҳқиқи падидаи экстремизм ва махсусан терроризм бисёр мушкил аст, вале маълум аст,ки терроризм ва экстремизм ин як зуҳӯроти манфии умумӣ, моҷароҷўӣ, зуроварӣ ва хушунат аст. Маъмулан террор ва иҷрокунандагони амали террористӣ эътироф мекунанд, ки террор ин зуроварӣ (ба фикри онҳо зуровари ин ба даст овардани ҳақу ҳуқуқ) аст.
Экспедитсияи илмӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои он
Дар баробари дигар самтҳои фаъолият, ходимони илмии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба таҳқиқотҳои илмӣ ва гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҳолати радиатсионии мантақаҳои ҷумҳурӣ машғул гардида, дар ин замина пояи илмӣ ва фаъолияти худро тақвият мебахшанд.
Рушди илму маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои ҷиддиеро ба вуҷуд овард, ки ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла ба илму маориф дахл доранд. Пас аз ба даст овардани соҳибихтиёрӣ, мамлакати мо ин соҳаҳои муҳимро фаъолона тараққӣ дода, дарк намуд, ки гул-гулшукуфоии ояндаи давлату миллат маҳз аз илму маориф вобастагӣ дорад.
Дар тамоми давру замон либоси миллӣ ин нишони арҷгузорӣ ва эҳтиром доштан ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни гузаштаи хеш мебошад. Давлатҳое ҳастанд, ки либосашон ягон нишонаи фарқкунандаи миллӣ надорад. Мояи ифтихор ва сарбаландии мо, тоҷикон аст, ки дорои таърихи чандинҳазорсола, нақшу нигори миллӣ ва тахаюли созандаю рангинамон дар либоси миллиамон инъикос ёфтааст. Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқу миллат дар худ таҷассум менамояд, василаи муҳими нигоҳдошти он ба ҳисоб меравад. Ҳар фарде, ки ба дараҷаи худшиносӣ расидааст, дарк мекунад, ки нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои миллӣ ҳам қарз асту ҳам нанг.
Экспедитсияи илмӣ дар ноҳияи Дарвоз ва шаҳраки қадимаи Карон
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ин гузаронидани мониторинги радиатсионӣ ва арзёбии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки мунтазам он аз ҷониби кормандони Агентӣ мавриди омӯзиш қарор мегирад. Дар доираи як сафари экспедитсионӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз ва атрофи он, ки аз 29 июл то 4 августи соли 2024 бо мақсади омӯзиши ҳолати радиатсионӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ идома дорад. Ҳамзамон, мутахассисон намунаҳои об, хок ва ҳаворо ҷамъоварӣ намуданд, ки он барои санҷиш ва муайянкунии ҳолати радиатсионии ин минтақа арзёбӣ мегардад.
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
33-сол муқаддам, яъне дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Имрӯз, ягон давлати миллиро бе доштани Истиқлолият тасаввур кардан ғайриимкон аст. Истиқлолият барои мо имкони фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба суи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёр таъмин намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин дастоварди давлатсозию давлатдории миллӣ, азму иродаи қави ва барои расидан ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ шароит фароҳам оварда, меъёрҳои ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандиро таҳким бахшид.
Маҳфили илмӣ дар Маркази омӯзишии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
31-уми июли соли 2024 дар Маркази омӯзишии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо иштироки академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Улмас Мирсаидов, ходимони илмии Агентӣ ва кормандони озмоишгоҳи коркарди комплексии маъдан ва партовҳои Институти химияи ба номи В. И. Никитини АМИТ, маҳфили илмӣ баргузор гардид.
Экспедитсияи илмӣ дар шаҳри Панҷакент ва ҳудудҳои атрофи он
Дар доираи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, ки мониторинги радиатсионии тамому шаҳр ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, санаи аз 8 то 12 июли соли равон дар шаҳри Панҷакент ва ҳудудҳои атрофи он таҳти роҳбарии академик Улмас Мирсаидов ҷамъоварии намунаҳои хок, об ва хаво сурат гирифт.
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ИЛМ-ҲАДАФИ АСОСИИ РОҲБАРИЯТИ ОЛИИ КИШВАР
Ҳадафи вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё , ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он , масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Афканишот” – КИИ “Хирадмандон” – и ҲХДТ
18 июни соли равон дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академия миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини КИИ “Хирадмандон” ҲХДТ дар АМИТ - Қурбонова Ширин, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ - Илҳом Мирсаидзода ва кормандони ин ниҳод маҷлиси васеъ баргузор гардид.
Қадрдонии корманди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо Сипоснома
Ҷавонон дар сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус мегиранд. Ҳамин аст, ки бо таваҷҷуҳ ба ин масъала Сарвари давлат дар ҳама мулоқоту баромадҳояшон доир ба нақши ҷавонон, дастгириву ғамхорӣ нисбат ба онҳо, муҳайё намудани шароити зарурӣ, таъмини ҷавонон бо ҷои кори доимӣ, инчунин ба таҳсил фаро гирифтани онҳо ва нақши ҷавонон дар рушду пешрафти мамлакат изҳори назар менамоянд.
Ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикстон
Хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30-соли фаъолияти худ бо садоқату матонат ва ҷасорату далерӣ дар таъмини якпорчагӣ ва ҳифзи марзу бӯми Ватани аҷдодиамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши арзишманд гузошта, рисолати худро баҳри пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ сарбаландона анҷом доданд.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!
Воқеан имрӯз қишри асосии аҳолии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷавонон ташкил медиҳад, ки саҳми онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бараъло эҳсос мегардад. Аз рӯ, Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон хусусан ба марому манзалати онҳо дар ҷомеа ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамчун нерӯи фаъолу қувваи асоссии бунёдкорони фардои дурахшони кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир меамоянд.
Мусоҳиба бо намояндагони шабакаи илмҳои ҳастаии Баҳри Сиёҳ
Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии амнияти ҳаставӣ (ICONS-2024), ки он аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор гардида истодааст, мулоқоти директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, профессор Илҳом Мирсаидзода бо намояндагони шабакаи илмҳои ҳастаии Баҳри Сиёҳ доир гардид.
Семинари «Мушкилоти экологии истеҳсоли уран»
23 майи соли равон бо ташаббуси Бахши миллии «Хонуми ядрої», ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба фанҳои дақиқ ва масъалаҳои экологӣ, аз ҷониби ходими пешбари илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, н.и.х. Нодира Њакимова дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба номи А.С. Пушкини ш. Душанбе бо иштироки хонандагони синфҳои 9-и муассисаи мазкур семинар баргузор гардид.
Иштирок дар Конфронси байналмилалии амнияти ҳаставӣ (ICONS-2024)
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар Конфронси байналмилалии амнияти ҳастаӣ (ICONS-2024), ки аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) санаи 20-24 майи соли 2024 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ташкил шудааст, иштирок намуд.
“ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГ, НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД” ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Бо ин мақсад дар арафаи Рӯзи ҷавонон имрӯз дар шаҳраки академӣ бо иштироки Қобилҷон Хушвахтзода - президенти АМИТ, раёсат ва олимони ҷавони институтҳои АМИТ таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат” роҳпаймоии осоишта баргузор гардид.
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байалмилалии оила, ки ҳамасола 15 майи таҷлил мегардад бо дастгирии Президенти АМИТ-Қобилҷон Хушвахтзода ва ташаббуси Бахши миллии «Хонуми ядрої»-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар ҳамкори бо Шурои занони АМИТ аксияи фарҳангӣ таҳти унвони «Тољикона мепўшем» баргузор гардид.
Корҳои созандагию ободкорӣ дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Дар пайравӣ аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати экологӣ” дар шаҳри Душанбе, таҳти №114 аз 27 феврали соли 2024 дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъат ёфта истодааст.
Cистемаи байналмилалии иттилооти ҳастаӣ дар Тоҷикистон
Системаи байналмилалии иттилооти ҳастаӣ (International Nuclear Information System - INIS) яке аз бузургтарин маҷмӯаҳои нашрияҳои ҷаҳонро дар бораи истифодаи осоиштаи илм ва технологияи ҳастаӣ дар бар мегирад. Системаи байналмилалии иттилооти ҳастаӣ (СБИҲ) як манбаи беназир ва арзишмандест, ки ба Шумо имкон медиҳад, ки ба маълумоти ҳастаӣ аз тамоми ҷаҳон дастрасӣ пайдо намоед.
Чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи Ғалаба»
6 майи соли 2024 тибқи дастуру супоришҳои Раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Афканишот” – КИИ “Хирадмандон” -и ҲХДТ бо иштироки муовини КИИ “Хирадмандон” ҲХДТ дар АМИТ - Қурбонова Ширин хониши сиёсӣ бахшида ба ҳафтаи поси хотироти иштирокчиёни Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ баргузор гардид.
Вебинари шабакаи занони Осиёи Марказӣ дар соҳаи ҳастаӣ
6 майи соли 2024 вебинари навбатии Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба занони дар саноати ҳастаӣ (Шабакаи WINCA Network) баргузор гардид, ки дар он зиёда аз чиҳил нафар иштирокчиёни минтақа – намояндагони мақомоти танзимкунанда, муассисаҳо ва идораҳои гуногун иштирок намуданд.
Ташкили шанбегии дастаҷамъона дар маркази таълимии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кишвари азизамон, ба хусус пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе рӯз то рӯз сабзу хуррам гашта, ба яке аз беҳтарин давлатҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза мубаддал гардидааст.
Таҳкими ҳамкориҳои судманд бо Корпаратсияи давлатии Россия «РОСАТОМ»
3 майи соли 2024 баррасии масъалаҳои таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ ва радиатсионӣ, ҳифзи аҳолӣ ва корҳои солимгардонӣ дар минатақаҳои партоҳои уран аз мавзуъҳое буданд, ки дар меҳвари мулоқоти роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муовини директори генералии Корпоратсияи давлатии Россия «Росатом» Николай Николаевич қарор гирифт.
Таъмини амнияти иттиллоотӣ ва муҳимияти он дар шароити имрӯз
Асри XXI дар таърихи башарият бо таҳаваллуоти бузурги илмию техникӣ оғоз гардид ва ин раванд бо суръати баланд идома дорад. Ҳамарӯз аз кашф ва ихтирооти тозаи илмию фановарӣ, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумот пахш мешавад ва дастрасии мардум ба технологияи муосири иттилоотӣ боз ҳам бештар мегардад. Аз ин ҷост, ки асри XXI-ро асри иттилоот унвон кардаанд. Ин омил сабаб гардидааст, ки иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон ба мафкураи ҷомеа бисёр амиқ ва нишонрас ба мушоҳида бирасад. Ҳатто расонаҳои иттилоотӣ ба майдони мубоҳисаҳои гуногун табдил ёфтаанд.
Лексия дар мавзӯи: Тарбияи занону духтарон — асоси комёбиҳои онҳо дар илм
Дар комёбиҳои занон дар соҳаи илм дар Тоҷикистон чун дар бисьёр дигар мамлакатҳо маориф нақши асосӣ мебозад. Дар даҳсолаҳои охир ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф, аз ҷумла занону духтарон таваҷҷуҳи фаъолона зоҳир мекунад. Ин ба зиёд шудани шумораи заноне, ки маълумоти олӣ доранд, ёрӣ мерасонад ва дар натиҷа иштироки онҳо дар тадқиқот ва комёбиҳои илмӣ меафзояд.
Имрӯз аз садамаи мудҳиши Чернобил 38 сол сипарӣ гардид
Имрӯз шаҳрвандони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ба хотираи онҳое, ки дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ ҷони худро нисор кардаанд, ёдбуд мекунанд.
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ ва геопалитикии таҳрезишуда равона гардидааст. Экстремизм бошад ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст.
Санаи 25- апрели соли 2024 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Саноатикунонии рақамӣ ва рушди энергетикӣ аз нигоҳи олимону муҳаққиқон” бахшида ба таҷлили рӯзи илми тоҷик инчунин эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.
Санаи 25 апрели соли 2024 бахшида ба “Рӯзи ихтироъкорон” Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ихтироот, аз ғоя то маҳсулот» дар меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенси” бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
22 - апрели соли равон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – (Соли маърифати ҳуқуқӣ), дар толори Академия миллии илҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии “Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон” баргузор гардид.22 - апрели соли равон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – (Соли маърифати ҳуқуқӣ), дар толори Академия миллии илҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии “Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон” баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, профессор Илҳом Мирсаидзода аз 17 то 18 апрели соли 2024 сафари бомуваффақият ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро анҷом дод, ки ҳадафи он густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои амнияти химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ байни гумруки ду кишвар ва Агентии зикргардида мебошад.
Вохурии иштирокчиёни «Хонуми ядроӣ» бо намояндагони TechWomen
19 апрели соли 2024 вохурӣ байни иштирокчиёни «Хонуми ядроӣ» ва намояндагони TechWomen баргузор гардид. Дар доираи вохурӣ оиди мавзӯи «Занҳо дар STEM» симпозиум баргузор гардид. Дар чорабинӣ Кэти Зи - директори TechWoman, Институти таълимии байналмилалӣ, мураббиёни касбӣ ва идроргирандагони TechWoman аз Ӯзбекистон, Туркманистон, Миср, Лубнон, инчунин Зарина Сайфиева - президенти “Хонуми ядрои” ва Гайбуллаева Зумрат Ҳабибовна - доктори илмҳои химия, профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва дигар аъзоёни «Хонуми ядроӣ» иштирок намуданд.
Озмуни иншо дар мавзуъ «Саҳми занони олими Тоҷикистон дар рушди илми ҷаҳонӣ»
18-уми апрели соли равон дар доираи Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ҷиҳати ҳавасмандгардрнӣ ва ҷалби таваҷҷуҳ ба илм байни ҷавондухтарон дар Маркази таълимии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ марҳилаи дуюми озмуни асарҳо дар мавзуи «Саҳми занони олими тоҷик дар рушди илми ҷаҳонӣ», баргузор гардид.
Мизи мудаввар вобаста ба амнияти химиявӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Аз 17-ум то 19-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон, мизи мудаввар вобаста ба амнияти химиявӣ баргузор гардид. Дар мизи мудаввари мазкур намояндагон аз давлатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Департаменти давлатии ИМА ва коршиносон аз Фонди глобалии тадқиқот ва рушди шаҳрвандӣ ба таври фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук ширкат варзиданд.
Ҷомеаи муосирро бе қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки муносибатҳо миёни одамон, давлатҳо ва институтҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба устувории қонун ва тартибот ҳамталош аст, барномаҳои тарғиботи ҳуқуқиро байни шаҳрвандонаш фаъолона ҷорӣ мекунад. Дар ин раванд, аҳамияти махсус ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 "Барномаи тарбия ва таълими ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030" дода мешавад.
16 апрел – дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ зери унвони “Мероси уранӣ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо” бахшида ба ҳафтаи илм баргузор гардид. Конфронси мазкур аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии собиқадорони нерӯи атомӣ ва саноат, Созмони собиқадорони Тоҷикистон ва Агенти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳом Тоҷикистон ташкил гардидааст.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида рӯзи илм дар АМИТ
16-уми апрели соли равон бахшида ба Рӯзи илм дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳақиқон ва кормандони ин ниҳоди илмӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири маориф ва илм, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, намояндаи Академияи илмҳои кишоварзӣ иштирок суханронӣ намуданд.
Санаи 11 апрели соли 2024 дар чорчубаи чорабинии «Ҳафтаи илм» бахшида ба иди касбии олимон – Рӯзи кормандони илм ва бо мақсади шиносоӣ бо кор ва фаъолияти кормандон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода дар ҳамроҳии директории Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Илҳом Мирсаидзода ба Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон ташриф оварданд.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
11-уми апрели соли 2024 дар Маркази таълимии минтақавӣ ва омӯзишӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ, ядроӣ ва муқовимат бо терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом -и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - назариявии олимон ва ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои (2020-2040)», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028 ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур олимону муҳақиқон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Санаи 8-уми апрели соли 2024 дар Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ, таҳти роҳбарии доктори илмҳои химия, профессор, академики АМИТ Улмас Мирсаидов, ходими илмии шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ, таълиму омӯзиш ва хизматрасониҳои техникии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ Бобоев Комрон Одилович рисолиаи номзадии худро дар мавзуи «Асосҳои технологии коркарди маъданҳои урандори кони Тоҷикистони шимолӣ-2 ва партовҳои маҳфузгоҳи Адрасман» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи 6D072001 «Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ» бомуваффақият ҳимоя намуд.
Шанбегии дастаҷамъона дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати экологӣ” дар шаҳри Душанбе, таҳти №114 аз 27 феврали соли 2024, бо мақсади корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ, 6-уми апрели соли 2024 дар Маркази таълимии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ шанбегӣ баргузор гардид.
Дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандони ин ниҳод маҷлиси васеъ баргузор гардид. Дар маҷлис таваҷҷӯҳи асоси ба масъалаи терроризму эктремизм, шомилшавии ҷавонон ба гуррӯҳҳои ифротгаро ва терористӣ, пайдоиши шахсони манфиатҷӯ, масхусан гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет ва дар маҷмуъ вазъи пурпечутоб ва геополитикии минтақа ва ҷаҳон зоҳир карда шуд.
Таҳкими корҳои таълимию тарбиявӣ ва ташвиқотӣ, яке аз роҳҳои пешгирӣ аз терроризиму экстремизм
Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлуб ва даҳшатовар дар мисоли терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст. Таҳлилҳо собит сохтаанд, ки терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба аъзои ҷамъият ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, зоҳир мегардад.
Шанбегии дастаҷамъонаи кормандони Филиали Агентии амнияти ХБРЯ – и АМИТ дар вилояти Суғд
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Протоколи №1 аз 24 январи соли 2024, ҳамзамон супориши Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва фармоиши директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиастсионӣ ва ядроии АМИТ - Илҳом Мирсаидзода аз 28 феврали соли 2024 оид ба тақвият додани корҳои созандагиву ободонӣ дар муассисаҳои илмӣ, филиалҳо ва ниҳодҳои Агентии амнияти ХБРЯ – и АМИТ, 30 - уми марти соли 2024 дар саҳни ҳавлии бинои Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар вилояти Суғд шанбегӣ гузаронида шуд.
29 – уми марти соли 2024 дар доираи Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки Ассотсиатсияи ҷавонони “Атом”- и Агенти амнияти ХБРЯ, мизи мудаввар дар мавзуи “Амнияти иттилоотӣ, ташкилотҳои экстремистию террористӣ дар интернет: пешгирӣ ва ҷавобгарӣ” баргузор гардид.
Саҳми бонувони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар рушди илм ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, таҳти роҳбарии Асосугузори сулҳу ваҳдати мили-Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан-модаро баланд бардошта, бо таваҷҷуҳ ба ин масъала нақши занонро дар пешрафти соҳаҳои ҷомеа муҳим арзёби кардаанд.
Санаи 18 марти соли 2024 дар Институти химияи ба номи В.И Никитанаи АМИТ ходими калони илмии филиали Агентии амнияти химявӣ, билогоӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар вилояти Суғд Мирзоев Далер Иномҷонович рисолиаи номзадии худро дар мавзуи “Асосҳои физикию химиявӣ ва технологии ҳосил кардани композитҳои таъйиноти махсус аз маводи ашёи хоми маҳаллии Тоҷикистон”, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 05.17.01 – «Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ» бо муваффақият ҳимоя намуд.
Бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №49 аз 15 – уми марти соли 2024, Илҳом Мирсаидзода – директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо унвони илмии «Профессорӣ” сарфароз гардонида шуд.
Тантанаҳои Наврӯзӣ дар Академия миллии илмҳои Тоҷикистон
19 – уми марти соли 2024 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва ниҳодҳои зертобеи он Наврӯзи байналмилалӣ бо тантанаҳои ба худ хоси аҷдодӣ ҷашн гирифта шуд. Дар Чорабинии Наврӯзӣ, Президенти Академияи милли илмҳои Тоҷмикистон ҳамаи ҳозиринро бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз аз эҳёи табиат, ғалабаи гармӣ бар сардӣ, баробаршавии шабу рӯз, оғози кори деҳқон ва ҳазорҳо амали неки дигар дарак дода, ҳамагонро ба покию меҳнатқаринӣ, ки баракати рӯзгор аст, даъват менамояд.
18 - уми марти соли 2024 бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Маркази рушди зеҳнӣ” дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупориии озмуни “100 – чеҳраи муваффақ” баргузор гардид.
Ифтитоҳи майдони варзишӣ дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти ХБРЯ – и АМИТ
18 марти соли 2024 дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Қобилҷон Хушвахтзода - Президенти Академия милли илмҳои Тоҷикистон ва Илҳом Мирсаидзоада -директори Агентии амнияти ХБРЯ– и АМИТ, маросими кушодашавии майдони варзишӣ дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ баргузор гардид.
Шанбегии дастаҷамъонаи кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Бо ин мақсад, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани назди коргоҳу роҳравҳо, сабзу хуррам гардонии ҳифзи муҳити зист ва ба ин васила баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа дар тамоми корхонаву муасиссаҳо “Рӯзҳои шанбегӣ” баргузор мегардад.
Лексия дар мавзӯи: Принсипҳои асосии бехатарӣ ҳангоми сафар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ
15 марти соли 2024 дар доираи фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» оид ба табодули дониш ва таҷриба дар мавзӯи «Принсипҳои асосии бехатарӣ ҳангоми сафар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ» лексия баргузор гардид. Маърузачӣ Нигора Нафизовна Абиджанова, роҳбари филиал/намояндаи кишвари Тоҷикистон дар ICAP Global Health.
Конференсияи илмӣ - амалӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”
14 - уми марти соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Анҷумани “Занони пиряхшинос” -и Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи кор бо ҷавонони “Атом”-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» баргузор гардид.
Тавре қаблан иттиллоъ додем, 14 - уми марти соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Анҷумани “Занони пиряхшинос” -и Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи кор бо ҷавонони “Атом”-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» баргузор гардид.
Семинари бозомӯзии минтақавӣ барои шахсони тамоси миллӣ
Санаи 12 - 13 марти соли 2024 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон семинари бозомӯзии минтақавӣ барои шахсони тамоси миллӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Конвенсияи манъи силоҳи биологӣ (бактериологӣ) дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Дафтари СММ оид ба бесилоҳгардонӣ (UNODA) ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши занон дар илм»
14 марти соли 2024 дар ш. Маскав дар мавзуи «Нақши занон дар илм» ба сурати гибрид мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он 16 намояндаи созмонҳои мухталиф дар соҳаҳо ва бахшҳои гуногуни фаъолият аз Федератсияи Русия (Маскав, Санкт-Петербург), Тоҷикистон ва Қирғизистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва чаҳорумин солгарди таъсиси Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»
7 марти соли 2024 бахшида ба Рӯзи модарон ва чорсолагии ташкил ёфтани Бахши миллии «Хонуми Ядроӣ» чорабинии фарҳангӣ барпо гардид. Аз номи дастаи мардонаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроиӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон директори Агентӣ, доктори илмҳои техникӣ Илҳом Мирсаидзода, сухани ифтитоҳӣ намуданд: “Занони азиз, мо бо чанд сухан ба шумо муроҷиат карданӣем.
Озмуни "Дастархони таомхои миллӣ"
7 марти соли 2024 бахшида ба рӯзи модарон дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи фаъолияти Филиали миллии «Хонуми ядроӣ» ҷиҳати таҳкими ҳувияти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон ва духтарони ҷавон дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ бо мақсади эҳё ва нигоҳ доштани анъанаҳои таомҳои миллӣ, таблиғи ғизои солим ва тарзи ҳаёти солим, озмӯни ҳарсолаи «Дастархони таомҳои миллӣ» баргузор гардид.
Ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷикон- наҷотбахши сайёра
Дар шароити ҷаҳонишавиии муосир ва бархурди манфиатҳои миллӣ, ҳифзи муҳити солим ҳамчун заминае мебошад, ки ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро таъмин менамояд. Ба ин муносибат дар соҳаи муносибатҳои экологӣ ҳамаи проблемаҳои мавҷуда ба соҳаҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Дар байни ин мушкилоти экологӣ, яке аз тамоюлҳои муосир ин проблемаи обшавии пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ мебошад.
Чорабинии хайриявӣ дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
26 - 28 феврали соли 2024 дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии минтақавии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари миллӣ таҳти унвони “Татбиқи стандартҳо ва дараҷаи асосии бехатарӣ дар корхонаҳои саноати химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Тибқи супориш ва дастгириҳои пайваста ва ҳамаҷонибаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам, Эмомали Раҳмон ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 августи соли 2023, № 407, дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон карда шудани “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани саҳми занҳо дар ҷомеа аъзоёни анҷумани “Занони пиряхшинос”-и Маркази омӯзиши пиряхҳо дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи кор бо ҷавонон ба номи “Атом”-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, санаи 28-уми феврали соли 2024, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55, шаҳри Душанбе, бо иштироки хонандагони синфҳои 6 - 11 дарси кушод гузарониданд.
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо ташаббуси Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон семинари илмӣ - назариявӣ зери унвони “Бехатарии радиатсионӣ” баргузор гардид.
Санаи 22- юми феврали соли 2024 бахшида ба муносибати 31 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони маркази омӯзишии минтақавии Агентии амнияти химияӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии варзишӣ бо иштироки ҷавонони ниҳодҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Конференсияи 10-уми илмии ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илми муосир»
21 феврали соли 2024 дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии назди Академияи миллии илмњои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм Конференсияи X илмӣ-ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илми муосир» баргузор гардид. Конференсияи мазкур дар доираи «Бистсолагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» баргузор гардид.
15-уми феврали соли 2024 дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ (АБНА) TAD6007 - тақвияти марказҳои саратоншиносӣ ва TAD6008 - рушди хизматрасониҳои ташхисии марказҳои саратоншиносӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими навбатии таҷҳизоти иловагӣ, аз ҷумла, мизи универсалӣ барои томографияи компютерӣ ва дигар таҷҳизоти муосири ташхисӣ, ба марказ баргузор гардид.
Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм
Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм, ки ҳамасола 11 феврал таҷлил мешавад, аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади таъмини дастрасии комил ва баробарии занону духтарон ба илм ва иштироки онҳо қабул шудааст. Хотиррасон мекунем, ки дар ин рӯз занон ва духтарон дар ҷомеаи илму техника нақши муҳим доранд ва иштироки онҳо бояд зиёд карда шаванд. Таҷлили Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм аз ҷониби ЮНЕСКО ва Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳо ва шарикони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба иштироки занон ва духтарон дар илм мусоидат мекунанд, ташкил карда мешавад.
Саҳми Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ
Лексия дар мавзӯи «Синдроми сўхташавии эҳсосӣ»
26 январи соли 2024 дар доираи фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» оид ба табодули дониш ва таҷриба дар мавзӯи «Синдроми сӯхташавии эҳсосӣ» лексия баргузор гардид. Маърӯзачӣ Абиджанова Нигора Нафизовна, роҳбари филиал/намояндаи кишварии ICAP Global Health дар Тоҷикистон, н.и.ф. онкология ва тандурустии ҷамъиятӣ.
ҶАЛБИ ЗАНОН ВА ҶАВОНОН БА КАСБИЯТҲОИ ТЕХНИКӢ
Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ амалӣ гардонида истодааст.
18 - уми январи соли 2024 дар Маркази миллии ташхиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи лоиҳаи миллии Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ (АБНА) TAD7003 "Таҳкими иқтидор оид ба мониторинги радионуклидҳо дар хӯрокворӣ, маводи ғизоӣ ва об" мулоқот доир гардид.
Ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои соли 2023
29 - уми декабри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии солона бо иштироки ҷамъи кормандони Агентӣ баргузор гардид.
28-уми декабри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядрои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тавассути шабакаҳои телевизионӣ баргузор гардид.
27-уми декабри соли 2023 маросими расмии супоридани автомашинаҳои тамғаи «Toyota Hilux», ки бо детекторҳои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ муҷаҳҳаз шуда ба Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи чорабиниҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қатъномаи 1540 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид доир гардид.
Маҷлиси солонаи Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»
27 декабри соли 2023 ҷаласаи Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» баргузор гардид, ки ба ҷамъбасти сол бахшида шуд.
Ба шарофати ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳамасола таҷлил намудани 21-уми март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии пиряхҳо, инчунин таъсиси Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ имкон медиҳанд, ки дар доираи корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо васеъ ва ҳамзамон ба сатҳи байналмилалӣ ва ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба таври пурра мувофиқат кунанд.
20-уми декабри соли 2023 дар Маркази вилоятии саратоншиносии вилояти Суғд вохӯрӣ бо мутахассисоне, ки дар клиникаҳои пешрафтаи саратоншиносии кишварҳои хориҷӣ вобаста ба самтҳои физидони тиббӣ, муолиҷаи нурӣ ва ташхис дар доираи татбиқи лоиҳаҳои миллии Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ (АБНА) TAD6007 - таҳкими марказҳои саратоншиносӣ ва TAD6008 - рушди хизматрасониҳои ташхисӣ дар марказҳои саратоншиносӣ доир гардид.
Санаи 9 декеабри соли 2023 бо дастгирии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва Агентии Байналмилалии Нерӯи Атомӣ (АБНА) дар доираи лоиҳаи миллии TAD5006 – “Татбиқи усулҳои ядроӣ ва молекулярӣ барои ташхис ва назорати бемориҳои фаромарзии ҳайвонот” ба Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон як қатор таҷҳизот ва лавозимоти муосир ворид гардид.
1-уми декабри соли 2023 дар доираи фаъолияти Бахши миллии “Хонуми ядроӣ”, роҳбари филиали /давлатӣ, намоядаи Тоҷикистон ICAP Global Health, оиди масъалаҳои саратон ва саломатии аҳолӣ, н.и.т. Абиҷонова Нигора Нафизовна ба сифати сухангӯй дар семинар оиди мавзӯи “Роҳбари чист?”. баромад намуданд.
29 ноябри соли 2023 дар доираи фаъолияти Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” бо мақсади ҳавасмандгардонии шавқу рағбат ба илм дар байни ҷавонон барои хонандагони синфҳои 10-11 дар Мактаби Байналмилалии Контофилд, биология ва география омӯзгор Екатерина Геннадьевна Дон ба Маркази минтақавии таълимӣ ва омӯзишӣ дар соҳаи амнияти ХБРЯ ва муқовимат бо терроризм бо истифода аз силоҳи қатли оми ва озмоишгоҳи Агентии Амнияти ХБРЯ Ҷумҳурии Тоҷикистон экскурсияи шиносоӣ ташкил намуд.
28 - уми ноябри соли 2023 маросими расмии супоридани хроматографи ионӣ ба озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ (АБНА) TAD7004 - «Ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии ҳолати пиряхҳо ва қабати барф дар шароити тағйирёбандаи иқлим» баргузор гардид.
Рӯзи 27-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Остона Ассотсиатсияи «Ҷамъияти ҳастаии Қазоқистон» ва Фонди дастгирӣ ва рушди ташаббусҳои занон «Муттаҳид кардани занон дар саноати ҳастаӣ» бо дастгирии Корпоратсияи давлатии «Росатом» Форум-муколама «Занони Қазоқистон ва Русия: Энергияи ҳамкорӣ барои рушди устувори соҳаҳои технологияҳои баланд» баргузор гардид.
24 – уми ноябри соли 2023 ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби аъзои фаъоли Клуби “Атом” дар Маркази омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ баргузор гардиданд.
21 ноябри соли 2023 дар доираи фаъолияти Бахши миллии “Хонуми ядрои” барои табодули дониш ва таҷриба Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе якҷоя бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиационӣ ва ядроии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» дар мавзуи «Биоматериалҳои сохтории ғайриорганикӣ», семинари илмӣ барпо гардид. Маърузаро доктори илмҳои химия, профессори факултети материалшиносии Университети давлатии Москва ба номи М. Ломоносов Кнотко Александр Валерьевич хонданд.
Маросими расмии супоридани таҷҳизоти ташхисӣ ба маркази Вилоятии саратоншиносӣ дар шаҳри Кӯлоб
17 ноябри соли 2023 маросими расмии супоридани таҷҳизоти ташхисӣ ба маъмурияти Маркази вилоятии саратоншиносӣ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) TAD6009 - “Такмили имкониятҳои ташхисӣ дар Маркази вилоятии саратоншиносии шаҳри Кӯлоб” баргузор гардид.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ
16-уми ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи нақша - чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоии “Афканишот”-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар назди АМИТ чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Санаи 15 ноябри соли 2023 маросими расмии супоридани таҷҳизоти ташхисӣ (ултрасадо) ва табобатӣ (рентгентерапия) ба маъмурияти Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) TAD6007 - тақвияти марказҳои саратоншиносӣ ва TAD6008 - рушди хизматрасониҳои ташхисии марказҳои саратоншиносӣ сурат гирифт.
30-умин Конфронси байналмилалии WiN Global 12—16 ноябрь, Асуан, Миср
Аз 12 то 16 ноябр дар шаҳри Асуан (Миср) 30-умин Конфронси байналмилалии солона дар мавзӯи «Занон барои рушди устувори технологияҳои ҳастаӣ ва радиатсионӣ» баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба арзишҳои низоми демократӣ рӯй оварда, эъмори давлати соҳибистиқлолро пеш гирифтааст. Соҳибистиқлолии давлат пеш аз ҳама аз рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии қонунгузории ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад. Пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дар таърихи халқи тоҷик давраи нави инкишофи давлатдорӣ оғоз гардид. Аз ҳамин давра сар карда, дар ҷомеаи навбунёди давлати тоҷикон равандҳои демократикунонии ҷомеа, ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ оғоз ёфтанд.ӣ
Имрӯз бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ профессор, Илҳом Мирсаидзода дар мавзӯи «Конститутсия–шиносномаи миллат» бо иштироки ҳайати кормандони Агентӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Иқдоми фарҳангӣ бахшида ба Рузи забони давлатӣ
Ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арҷгузоштан ба арзиши миллӣ – забони модарӣ 05-октябри соли 2023 дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери унвони “Лавзи ширини тоҷикӣ” аз ҷониби раиси ҷавонони Агентӣ ва ТИ “Афканишот” – и КИИ “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ иқдоми фарҳангӣ гузаронида шуд.
Тавре, ки хабар доред, охири моҳи августи соли 2023 дар ҳудуди баъзе аз навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон обхезии шадид ба вуқуъ пайваста, дар натиҷа боиси фаромадани сел, ярч ва сангрезиҳои зиёд гардида буд.
Иштирок дар 67-умин иҷлоси Конфронси умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА)
Аз 25 то 29 сентябри соли 2023 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия 67-умин иҷлоси Конфронси умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) доир гардида истодааст.
26-уми сентябр Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ
Барҳамдиҳии пурраи силоҳи ҳастаӣ афзалияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар соҳаи безараргардонӣ мебошад. Он мавзӯи аввалин қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ дар соли 1946 буд. Инчунин, аз соли 1959 сар карда, дар баробари безараргардонии умумӣ ва пурра ба рӯзномаи Ассамблеяи Генералии СММ дохил карда шуд. Он мавзӯи асосии конфронсҳои мушоҳидавӣ буд, ки аз соли 1975 дар СММ аз ҷониби давлатҳои иштирокчии Шартномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ гузаронида мешуданд. Он ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятноки сессияи якуми махсуси Ассамблеяи Генералии СММ безараргардонӣ дар соли 1978 муайян карда шуд, ки ба мушкилоти безараргардонии ҳастаӣ диққати махсус дод. Илова бар ин, аз ҷониби ҳар як котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ карда шуд.
15-уми сентябри соли 2023 дар доираи татбиқи Барномаи миллии чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани автомашинаҳои тамғаи «Toyota Hilux» ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қатъномаи 1540 Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
14 - уми сентябри соли 2023 маросими расмии супоридани асбобу таҷҳизоти зарурӣ ба маъмурияти Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Лоиҳаи ҳамкории минтақавии техникии АБНА RER5024 «Беҳтар намудани технологияи ҳосилнокӣ ва устувории иқлими зироатҳои асосии ғизоӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
12-уми сентябри соли 2023 бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Қатъномаи 1540 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид маросими расмии супоридани автомашинаҳои тамғаи “Toyota Hilux“ ба ихтиёри Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласаи идона ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 - уми сентябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба муносибати 32 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ибтидоии ҲХДТ “Афканишот” дар соли 2023 бо иштироки кулли кормандони ин ниҳод ҷамъомад доир гардид.
Бахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар АМИТ роҳпаймоии идона доир гардид
5-уми сентябри соли равон бахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки академӣ бо иштироки Қобилҷон Хушвахтзода - президенти АМИТ, раёсат ва олимони иститутҳои АМИТ бо шукургузори аз фазои сулҳу субот бо шиору овезаҳои ва аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Рӯзҳои 4-6 августи соли 2023 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААХБРЯ АМИТ) Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Аз 3-юми август то 5-уми августи соли 2023 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон (воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд) Форуми миллӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор оид ба барқарорсозии мавзеъҳои мероси ураниум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
СЕМИНАР ДАР МАВЗУИ «МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ЁРИИ ПАЛЛИАТИВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН»
30 - юми июни соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» семинар оид ба мавзуи: «Масъалаҳои рушди ёрии паллиативӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
ҶАЛАСАИ СЕРӮЗАИ МИНТАҚАВИИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи серӯзаи минтақавии ҳамоҳангсозиро баргузор карданд, ки он дар ҳамкории қавӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баргузор шуд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баррасии дастовардҳо, инчунин муҳокимаи фаъолиятҳои оянда дар доираи иҷрои лоиҳаи “RER 2020003 – дастгирии таҳлили роҳҳои камкарбон ба бахши энергетикаи сертакаббури декарбонизатсияшуда то соли 2050” мебошад.
Мизи мудаввар дар мавзуи “Дар таъмини бехтарии муҳити зист ва аҳолӣ ба мо ҳамроҳ шавед!”
27-майи соли равон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ассотсиатсияи ҷавонони ба номи “Атом” ва Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” – и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҳти унвони “Дар таъмини бехтарии муҳити зист ва аҳолӣ ба мо ҳамроҳ шавед”, мизи мудаввар баргузор гардид.
Нишасти байналмилалии ҳамоҳангсозони миллии иртиботии АБНА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз санаи 23-юми май то 26-уми майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби маъмурияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Агентии ХБРЯ-и АМИТ) дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) бо мақсади густариши барномаҳои ҳамкории техникии АБНА нишасти ҳамоҳангсозони миллии иртиботӣ баргузор гардид.
ЧОРАБИНИИ ХАЙРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
25 - уми майи соли 2023 иштирокчиёни Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» -и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо» барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки дар шароити реабилитатсионӣ қарор доранд, чорабинии хайриявӣ баргузор намуданд.
17 майи соли 2023 мактаббачагони гимназияи No1 барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе аз лабораторияи илмии Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки бо масъалаҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиация ва бехатарии ядрой. Дар рафти сафар мактаббачагон имкони беназир пайдо карданд, ки бо технологияҳои пешқадами соҳаи илму техника шинос шаванд, инчунин дар бораи он, ки дар соҳаи амният чӣ гуна корҳои илмӣ бурда мешаванд.
11 - уми майи соли 2023 аъзои Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» аз Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ва инчунин Неругоҳи барқи обии «Сарбанд»-и шаҳри Леваканди вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Ифтитоҳи корҳои барқарорсозӣ дар партовгоҳи партовҳои саноати уран дар шаҳри истиқлол
Хотиррасон менамоем, ки дар макони меросии маъдани уран, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар), ки аз соли 1945 то соли 1965 барои коркарди маъдани уран ташкил шуда буд, ҳудуди 16 миллион тонна партовҳои саноати уран ҷамъ карда шудааст. Аз нуқтаи назари бехатарии радиатсионӣ, макони меросии уран ба шаҳрак хеле наздик аст. Мушкилоти асосии ҳифзи радиатсионии маҳаллӣ бо истифода аз об аз минтақаи №6 ва чоҳи кушод, ҷойгиршавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 (дорои 170 нафар хонанда) дар даромадгоҳи мавзеъ, бо истифодаи зуд-зуд аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ ҳамчун макони парвариши ҳайвоноти хонагӣ, инчунин бо мушкилоти ҷойгиршавии хоҷагиҳои хурд, боғу токзорҳо мебошанд.
Семинари илмӣ-амалӣ оид ба мавзуъ «Ғизои функсионалӣ ва нақши он дар ҷаҳони муосир»
27 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи факултети муҳандисӣ-технологии ДТТ ва ДДТТ семинари муштараки илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ғизои функсионалӣ ва нақши он дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид. Филиали миллии WiN Global «Хонуми Ядрудӣ» (WiN Тоҷикистон).
21 - уми апрели соли 2023 Форум ва Ҷоизаи KOLBA барои занони олим ва мутахассисони соҳаҳои мухталифи касбӣ бори дуюм бо дастгирии Бунёди ташаббусҳои касбии занони саноати ҳастаӣ баргузор гардид. Дар рафти баргузории Форуми байналмилалӣ ва маросими ҷоизасупорӣ 340 нафар иштироки фаъолона доштанд.
18 - уми апрели соли 2023 дар доираи фаъолияти Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” ва ҳамзамон бо мақсади ҳавасмандгардонии бонувон ба илм дар байни ҷавондухтарон марҳалаи дуюми озмуни иншо дар мавзуи “Роҳбарии занони Тоҷикистон дар касбҳои илмию техникӣ” миёни донишҷӯйёни курсҳои 1-ум ва 2-юми мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Рӯзи 14 – уми апрели соли 2023 дар доираи фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) духтури шинохта, номзади илмҳои тиб Абиджанова Нигора Нафизовна дар мавзуи «Таъсири нурҳои офтобӣ ва масъалаҳои мубрами саратони пӯст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо гурӯҳи бонувони фаъоли Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» машварати кушод баргузор намуд, ки он басо ҳам муфид буд.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СЕМОҲАИ БАХШИ МИЛЛИИ WIN GLOBAL «ХОНУМИ ЯДРOӢ» (WIN TAJIKISTAN)
Рӯзи 7 – уми апрели соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки аъзои он, аз он ҷумла бонувони фаъол, ҷаласаи навбатии семоҳаи Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Тоҷикистон) баргузор гардид.
Намоишгоҳи байналмилалии технологияҳои инноватсионии Маскав «Архимед»
Аз 28 то 30 март 26-умин Намоишгоҳи байналмилалии технологияҳои инноватсионии Маскав «Архимед» баргузор гардид, ки дар он олимони тоҷик ширкат варзиданд.
ЧОРАБИНИИ ХАЙРИЯ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ
18-уми марти соли 2023 Анҷумани «Занони пиряхшинос»-и назди Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» бахшида ба муносибати ҷашни Наврӯз барои кӯдакони Маркази дастгирии оила ва кӯдаки рақами 2-и шаҳри Душанбе чорабинии хайриявӣ доир намуд.
15 - уми марти соли 2023 дар доираи фаъолияти Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) бо мақсади бедор намудани завқу рағбати наврасону ҷавонон ба илм бо ибтикори Зарина Шоймардонова - ходими калони илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои 10 -11-и ТРЛИ «Ҳотам ва ПВ» (филиал дар шаҳри Ҳисор) экскурсия ташкил намуд. Толибилмони даъватшуда иштирокчиёни олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ аз фанҳои физика, химия ва математика мебошанд.
10 - уми марти соли 2023 аъзои Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” номзади илмҳои химия, ходими калони илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳакимова Нодира Умаровна, лаборанти калони Агентии мазкур Сабрина Тағоева ва омӯзгори фанни биологияи Литсейи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ - Дон Екатерина Геннадевна дар мавзуи «Мушкилоти экологии партовгоҳҳои уран дар шаҳри Истиқлол» барои хонандагони синфи 11-и Литсейи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ семинар доир намуданд.
МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ ДАР ТИБ ВА ТАБОБАТИ НУРӢ ДАР ЁРИИ ПАЛЛИАТИВӢ»
10-уми марти соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини президенти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ», доктори илмҳои тиб Шарофова Мижгона Умедҷоновна мизи мудаввар дар мавзуи: «Бехатарии радиатсионӣ дар тиб ва табобати нурӣ дар ёрии паллиативӣ» баргузор гардид.
Озмуни "Дастурхони таомҳои миллӣ"
6 марти соли 2023 дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ, ва ядроии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) ҷиҳати таҳкими ҳувияти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занону ҷавондухтарон дар ҳаёти фарҳангию ҷамъиятӣ озмуни «Дастурхони таомҳои миллӣ», бахшида ба ҷашни давтии Рӯзи Модарон баргузор гардид.
ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА СЕЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ БАХШИ МИЛЛИИ «ХОНУМИ ЯДРОӢ»
6 - уми марти соли 2023 дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 3 - юмин солгарди таъсисёбии Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Санаи 27 феврали соли 2023 дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд маросими расмии супоридани Детекторҳои махсус барои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ, бо мақсади муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
Конфронси Ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ зери унвони “Нақши занон дар рушди илми дақиқ”
24 –уми феврали соли 2023 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши занон дар рушди илмҳои дақиқ” баргузор гардид. Конференсияро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар рушди илмҳои дақиқ нақши занону бонувон қобили қабул мебошад ва мо ифтихор дорем, ки занони олима дар баробари мардон фаъолияти илмии густурдаро анҷом медиҳанд.
ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
23 - уми феврали соли 2023 бахшида ба муносибати 30 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти химияӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии мутантан бо иштироки аҳли кормандони Агентии мазкур баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо иштироки номзадҳо ва докторҳои илмии Бахши миллии
17 феврали соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти ХБРЯ – и АМИТ бо иштироки номзадҳо ва докторҳои илм аз бахши миллии "Хонуми ядроӣ" вохӯрӣ баргузор гардид.
Баромади намояндаи Бахши миллии
11 феврали соли 2023 дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»: Саҳми занон дар рушди илм бахшида ба “Рӯзи байналмилалии Занону духтарон дар илм”, мусоҳибаи хабарнигори радиои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (шаҳри Душанбе) – Манижа Баҳромзода бо ноиби Президенти Бахши миллии WiN Tajikistan «Хонуми ядроӣ»-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медал ва шаҳодатномаи байналмилалии KIPO ва KWIA дар Намоишгоҳи байналмилалии занони ихтироъкор "KIWIE-2021" дар Корея, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи Маркази тадқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ, ва ҳамзамон директори Институти тибби Авитсенна ва фармакология – Шарофова Мижгона Умедҷоновна баргузор гардид.
Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм
Ҳамасола 11 феврал дар саросари ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» таҷлил мегардад, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ бо мақсади таъмини дастрасии комил ва баробар иштироки занон ва духтарон дар илм қабул шудааст. Аз ин лиҳоз, 9 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби ноибони Президенти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan), Қаюмова Дилором Абдулҳамидовна (н.и.т.), масъули оммавигардонии илм дар байни ҷавондухтарон, ва Шарофова Миҷгона Умедҷоновна (д.и.т.) бахшида ба «Рузи байналмилалии занон ва духтарони дар илм» мизи мудаввар барпо гардид. Тавассути табодули таҷриба оммавӣгардонидани илм дар байни занону духтарон яке аз мақсадҳои асосии баргузории ин мизи мудаввар мебошад.
Маросими супоридани лавозимот ба КДАМ ҶТ
8-уми феврали соли 2022 маросими расмии супоридани лавозимоти ҳарбӣ ба масъулини Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амалиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид таҳти рақами 1540 баргузор гардид.
Дарсҳои роҳнамоии касб барои талабагони мактабҳои миёна
Мувофиқи нақшаи кории бахши миллии “Хонуми ядроӣ” корҳои ташвиқу тарғиботӣ байни хатмкунандагони мактабҳои миёна ва ҷалби ҷавондухтарон ба омӯхтани касбу ҳунар ва давом додани таҳсил дар мактабҳои олӣ рузҳои аз 7 то 10 феврали соли 2023 гузаронида шуд.
Рӯзи 20-уми январи соли 2023 дар толори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзуъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд. Дар ин бора ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.
19-уми январи соли 2023 дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо иштироки директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода маросими расмии супоридани таҷҳизотҳои озмоиши сурат гирифт.
13 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе, дар назди Агентии Миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» сӯҳбат бо аъзои Бахши миллии “Хонуми ядроӣ”-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи медали тиллоӣ Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, номзади илмҳои химиявӣ, дотсенти донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна дар барномаи “Зан ва зиндагӣ” дар мавзӯи “Нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ”, сӯҳбат гузаронида шуд.
13 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе, дар назди Агентии Миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» сӯҳбат бо аъзои Бахши миллии “Хонуми ядроӣ”-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи медали тиллоӣ Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, номзади илмҳои химиявӣ, дотсенти донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна дар барномаи “Зан ва зиндагӣ” дар мавзӯи “Нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ”, сӯҳбат гузаронида шуд.
9-уми январи соли 2023 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-041-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ҳамкорамон Муминов Сафаралӣ Валиевич рисолаи илмии худро таҳти унвони «Вазъи бехатарии радиатсионӣ ва мониторинги радон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рўйи ихтисоси 03.02.08 – Экология (соҳаи илмҳои техникӣ) бомуваффақият ҳимоя намуд.
23 декабри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ намоиши дастаҷамъонаи пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тавассути шабакаи телевизион баргузор гардид.
Семинари омӯзишӣ ҷиҳати таъмини бехатарии радиатсионӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Бо мақсади таҳкими устувор ва таъмини бехатарии радиатсионӣ кормандон ва аҳолӣ роҳбарияти Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд (Филиали Агентӣ) якҷо бо Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд санаи 21 – уми декабри соли ҷорӣ дар бинои навбунёди Филиали Агентӣ бо кормандони соҳаи тиб, духтур-рентгенолог, рентгенлаборантҳо ва роҳбарони муасисаҳои ғайридавлатӣ, ки новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравӣ дар фаъолияти худ аз манбаъҳои афканишоти ионофар истифода менамоянд, семинари омӯзишӣ ҷиҳати таъмини бехатарии радиатсионӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро баргузор намуд.
Аз 3 ноябр то 5 ноябри соли 2022 дар доираи татбиқи Лоиҳаи минтақавии «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар барқарорсозии мероси уран дар Осиёи Марказӣ Марҳилаи II» дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд семинари техникӣ оид ба таҳия намудани нақшаи чорабиниҳо барои огоҳонидани аҳолӣ дар бораи омодагӣ ба корҳои барқарорсозӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор гузаронида шуд.
Санаи 28-уми октябри соли 2022 дар Муассисаи илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”- и АМИТ мулоқот бо сардори бахши шуъбаи Аврупо оид ба ҳамкориҳои техникии АБНА, Сандра Мария Стейскал бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф баргузор гардид.
Санаи 28 октябри соли 2022 дар Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон маросими супоридани таҷҳизот дар доираи лоиҳаи миллии АБНА TAD/5/006 «Истифодаи технологияҳои ядроӣ ва молекулярӣ барои ташхис ва назорати бемориҳои фаромарзии ҳайвонот» баргузор гардид.
14 октябри соли 2022 маросими расмии супоридани таҷҳизотҳои ошкор намудани маводҳои ядроӣ ва радиатсионӣ ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Таҷҳизотҳо дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбиқи Қатъномаи 1540-и Шӯрои амнияти СММ тақдим карда шудааст.
7 октябри соли 2022 маросими расмии супоридани таҷҳизотҳои замонавӣ ба Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚС КДАМ ҶТ) дар доираи татбиқи Нақшаи амалиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қатъномаи 1540 Шӯрои Амнияти СММ доир гардид.
6 октябри соли 2022 дар нуқтаи гузаргоҳи гумрукии Фотеҳобод маросими ба истифода додани детекторҳои муосири ядроӣ ва радиатсионӣ бо мақсади пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои миллӣ оид ба Қатъномаи 1540 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки бо Қарори Ҳукумати №54 аз 9 феврали соли 2016 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
Вохурии Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо намояндагони шуъбаи ҳамкориҳои техникии АБНА
28 сентябри соли 2022 дар арафаи иҷлосияи 66-уми Конфронси генералии АБНА, Директори Агентии амнияти химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Илҳом Мирсаидзода бо намояндагони шуъбаи ҳамкориҳои техникии АБНА мулоқот намуд.
Вохӯрии намояндагони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо намояндагони шуъбаи кафолатҳои АБНА
27 сентябри соли 2022 дар ҳошияи иҷлосияи 66-уми Конфронси генералии АБНА мулоқоти директор - Илҳом Мирсаидзода ва Фарҳод Ҳамидов - Cардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ, санҷиш ва эътино ба ҳолатҳои садамавӣ химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбар ва намояндагони шуъбаи кафолатҳои АБНА баргузор гардид.
66-умин иҷлосияи Конфронси генералии АБНА
Аз 26 то 30 сентябри соли ҷори намояндагони 175 кишвари узви АБНА барои ширкат дар 66-умин иҷлосияи Конфронси генералии АБНА дар қароргоҳи Агентӣ дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ҷамъ омаданд.
Рӯзҳои 24-26-уми августи соли 2022 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, Конфронси III-юми байналмилалии илмӣ-амалии «Нақши занони олим дар рушди илм, инноватсия ва технология», ки дар он зиёда аз 100 нафар иштирокчиён ширкат варзидан, баргузор гардид. Ташкилкунандагони конфронс: - Агентии амнияти химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ХБРЯ-и АМИТ); - Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» (WiN Тоҷикистон) дар назди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ; - Шӯъбаи минтақавии Тоҷикистонии Маркази байналмилалии илмию техникӣ (МБИТ).
Ҷаласаи машваратии байниидоравии Русияву Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини амнияти биологӣ
16 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратии Русияву Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини амнияти биологӣ баргузор гардид.
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар вилояти Суғд расман ифтитоҳ бахшиданд.
Аз 2 то 4 августи соли 2022 дар шаҳри Москваи Федерасияи Русия Конфронси байналмилалии «Ваъзият ва дурнамои рушди инфрасохтори барои аз кор берун андохтани иншоотҳои хатарноки ядроӣ ва радиатсионӣ, идоракунии партовҳои радиоактивӣ ва саноатӣ, сӯзишвории ядроии истифодашуда дар кишварҳои узви ИДМ», ки аз ҷониби ҶСК” ТВЕЛ”, Ширкати давлатии “Росатом”, ФР - Ташкилоти пойгоҳи ИДМ, Комиссияи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба истифодаи энергияи атом ба мақсадҳои осоишта ташкил шуда буд, баргузор гардид.
23 майи соли 2022 дар толори Шӯрои олимони ДДСТР бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии байнидонишгоҳӣ таҳти унвони «Мушкилоти актуалии замони мо: нигоҳи ҷавонон» баргузор гардид.
20-21 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе Семинари машварати оид ба ташкил намудани кор бо аҳолӣ ва тарафҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилоти солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовгоҳҳои радиоактивӣ дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи Консепсияи миллии ҶТ оид ба “Солимгардонии мафҳузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои соли 2014 – 2024” баргузор гардид.
Аз 9 то 13 майи соли 2022 боздиди коршиноси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаи миллии TAD7004 – оид ба ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии пиряхҳою барфҳо ба Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар шароити тағйирёбии иқлим сурат гирифт.
ОЗМУНИ ИНШО ДАР МАВЗУИ: «САҲМИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ИЛМ»
13 майи соли 2022 дар Маркази таълимии минтақавӣ оид ба паҳн накардани аслиҳаи қатли ом ва назорати содирот барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон, Филиали миллии WiN Тоҷикистон озмуни иншо дар мавзуи «Саҳми занони Тоҷикистон дар инкишофи илмҳои табиатшиносӣ» баргузор гардид.
13 апрели соли 2022 дар толори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо намояндагони вазорату идораҳо ҷиҳати омода ва пешниҳоди лоиҳаҳои Барномаи ҳамкории фаннии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) барои солҳои 2024-2025 вохӯрӣ баргузор гардид.
8 апрели соли 2022 маросими расмии супоридани таҷҳизотҳои замонавӣ ба Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚС КДАМ ҶТ) дар доираи татбиқи Нақшаи амалиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қатъномаи 1540 Шӯрои Амнияти СММ доир гардид.
ОЗМУНИ ИНШО ДАР МАВЗУИ: «САҲМИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ИЛМ»
Муҳиммияти мавзуи интихобшуда аз он иборат аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 саҳми назарраси занонро дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ қайд намуда, инчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021 № 167 «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2030».
Баргузории озмуни «Дастархони таомҳои миллӣ»
17 марти соли 2022 дар Маркази таълимии минтақавӣ Клуби «Хонуми ядроӣ» бахшида ба 2-солагии таъсисёбии клуб байни магистрони АМИТ озмуни «Дастархони таомҳои миллӣ» доир гардид.
Дар чорчубаи амалӣ намудани Консепсияи миллӣ оид ба “Солимгардонии партовгоҳҳои радиоактӣ” дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б. Ғафуров вилояти Суғд рӯзҳои 11- 12 марти соли 2022 вохӯрӣ бо роҳбарони ҷамоатҳо ва ҷонибҳои манфиатдори шаҳраки Ғафуров баргузор гардид.
Дар чорчубаи амалӣ намудани Консепсияи миллӣ оид ба “Солимгардонии партовгоҳҳои радиоактӣ” дар бинои ҷамотаи Ғозиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд рӯзҳои 4 - 5 марти соли 2022 вохӯрӣ бо намояндагони ҷамоат ва ҷонибҳои манфиатдор баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 2-юмин солгарди клуби “Хонуми ядроӣ”
4 марти соли 2022 бахшида ба дуюмин солгарди клуби “Хонуми ядрои” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 60 нафар иштирокчиён, аз ҷумла аз хориҷи кишвар тавассути маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар чорчубаи амалӣ намудани Консепсияи миллӣ оид ба “Солимгардонии партовгоҳҳои радиоактӣ” дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд рӯзҳои рӯзҳои 24 - 25 феврали соли 2022 соли 2022 вохӯрӣ бо роҳбарони ҷамоатҳо ва ҷонибҳои манфиатдори шаҳри Истиқлол баргузор гардид.
Дар чорчубаи амалӣ намудани Консепсияи миллӣ оид ба “Солимгардонии партовгоҳҳои радиоактӣ” дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд аз 21 то 23 феврали соли 2022 курси омӯзишӣ барои кормандони матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии баъзе ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Суғд оиди иттилоотонии аҳолӣ дар бораи партовгоҳҳои радиоактивӣ, баргузор гардид.
Маросими расмии супурдани таҷҳизот ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 18 феврал дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қатъномаи 1540 Шӯрои Амнияти СММ маросими расмии супурдани таҷҳизот ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
11 феврали соли 2022 байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ёддошти ҳамкорӣ дар самти бехатарии радиатсионӣ ба имзо расид.
7 феврали соли 2022 маросими расмии супоридани таҷҳизотҳои замонавӣ ба Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚС КДАМ ҶТ) дар доираи татбиқи Нақшаи амалиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қатъномаи 1540 Шӯрои Амнияти СММ доир гардид.
Интихоботи довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холӣ дар Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ
07 феврали соли 2022 Раиси Шӯрои олимони Агентӣ Мирсаидзода Илҳом оид ба интихоб намудани довталабон барои ишғоли мансабҳои холӣ дар толори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ баромад намуд.
Маҷлиси солонаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
29 декабри соли 2021 дар Маркази таълимии минтақавӣ маҷлиси солона баргузор гардид.
Маҷлиси навбатии клуби “Хонуми ядроӣ”
28 декабри соли 2021 маҷлиси навбатии клуби “Хонуми ядроӣ” дар толори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ баргузор гардид. Дар маҷлис ҳисоботи мухтассар оид ба корҳои анҷомдодашуда дар соли 2021 ва дурнамо барои соли 2022 муаррифӣ карда шуд.
28 декабри соли 2021 маросими расмии супоридани таҷҳизот барои муайян намудани бемории COVID-19 ба Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид. Таҷҳизот аз ҷониби Агентии Байналмилалии Нерӯи Атомӣ (АБНА) дар доираи лоиҳаи INT0098 барои таҳкими иқтидори миллии озмоишгоҳҳои таъиншуда дар мубориза бо пандемияи COVID-19 пешкаш шудааст.
Татбиқи лоиҳаи миллии АБНА дар Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
28 декабри соли 2021 Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаи миллии Агентии Байналмилалии Нерӯи Атомӣ (АБНА), TAD5006 – Татбиқи усулҳои ядроӣ ва молекулярӣ барои ташхис ва назорати ҳайвоноти фаромарзӣ ба Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ташриф овард.
Маҷлиси ҳисоботии солонаи ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Афканишот»
27 декабри соли 2021 дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) «Хирадмандон " дар назди АМИТ, Ширин Қурбонова ҷаласаи ҳисоботии солонаи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Афканишот» баргузор гардид.
Чорабинии хайриявӣ барои хонаи махсуси кӯдакони томактабии №1, шаҳри Душанбе
27 декабри соли 2021 аъзоёни клуби “Хонуми ядроӣ” дар якҷоягӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арафаи соли нав ба хонаи махсуси кӯдакони томактабии №1, шаҳри Душанбе аз қабили хӯрокворӣ, бозича, дору, памперс ва воситаҳои шустушӯйӣ кӯмаки хайриявӣ расонид.
21 декабри соли 2021 дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ намоиши дастаҷамъонаи пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тавассути шабакаи телевизион баргузор гардид.
8 декабри соли 2021 семинари минтақавии доир ба талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини бехатарии радиатсионӣ дар минтақаи Истаравшан баргузор гардид.
6 декабри соли 2021 коршиносони вазорати энергетикаи ИМА оид ба масъалаҳои ҷиҳозонидани мониторҳои порталии радиатсионӣ (МПР) дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии “Саразм” – и шаҳри Панҷакент дидан карданд.
5 декабри соли 2021 коршиносони Идораи миллии амнияти ядроии Вазорати энергетикаи ИМА (DOE / NNSA), Идораи ошкор ва боздошти қочоқи ядроӣ (NSDD) ва кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААХБРЯ АМИТ) дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд.
4-уми декабри соли 2021 сафари коршиносони Вазорати энергетикаи ИМА оид ба муҷаҳҳаз намудани мониторҳои портали радиатсионӣ (МПР) дар гузаргоҳи “Гулистон” – и шаҳри Исфара баргузор гардид.
Боздиди Вазорати энергетикаи ИМА аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
3 декабри соли 2021 коршиносони Идораи миллии амнияти ядроии Вазорати энергетикаи ИМА (DOE / NNSA) ва Идораи ошкор ва пешгирии қочоқи ядроӣ (NSDD) ва кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААХБРЯ АМИТ) ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.
Идораи миллии амнияти ядроии Вазорати энергетикаи ИМА (DOE/NNSA) ва Идораи ошкор ва боздошти қочоқи ядроӣ (NSDD) ба нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиоатсионӣ кӯмак хоҳанд кард. Ин марҳилаи аввали хайриявии вазорати энергетикаи ИМА ба Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) мебошад.
Санҷиши фаъолияти МПР дар гузаргоҳи «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода
30 ноябри соли 2021 коршиносони Идораи миллии амнияти ядроии Вазорати энергетикаи ИМА (DOE/NNSA), Идораи ошкор ва боздоштани қочоқи ядроӣ (NSDD) ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААХБРЯ АМИТ) дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳи «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода дидан карданд.
29 ноябри соли 2021 вохӯрӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идораи миллии амнияти ядроии Вазорати энергетикаи ИМА (DOE/NNSA), Идораи ошкор ва боздоштани қочоқи ядроӣ (NSDD) ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААХБРЯ АМИТ) баргузор гардид.
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси нақша чорабинии Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва мушовири шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Бобоева Д., кормандони Филиали Агентӣ бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзӯи “Афканишоти радиатсионӣ ва ҳаёт” чорабиниро ба тариқи интерактивӣ баргузор намуданд.
Баргузор гардидани даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм фурӯғи маърифат» дар номинатсияи «Ихтироот»
Рӯзҳои 17 - 19 ноябри соли 2021 дар Маркази омӯзишии минтақавӣ оид ба пешгирии паҳншавии силоҳи қатли ом ва назорати содирот барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Авғонистон даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» аз ҷумла, дастгоҳу таҷҳизот, техникаву технология, навъу намунаҳои нави зироат, дарахту буттаҳо ва маводи доруворӣ баргузор гардид.
Аз 11 то 13 ноябри соли 2021 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Нақшаи миллӣ ғ амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Қатъномаи 1540-и Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид (ША СММ) баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои иҷрои нақшаи миллӣ-амамлии 5 сола муҳокима карда шуд (2016-2021).
Маркази байналмилалии илм ва технология (МНТЦ) бо хушнудӣ эълон мекунад, ки стипендияи нави криминалистикаи ҳастаӣ барои солҳои 2022-2024 оғоз гардид.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 70 солагии АМИТ
29 октябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи АМИТ бахшида ба 70-солагии таъсисёбии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ академикҳои АМИТ, аъзои вобастаи АМИТ, докторону номзадҳои илм, инчунин, меҳмонон аз вазорату муассисаҳои давлатӣ иштирок намуданд. Намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири ҶТ Матлубаи Сатториён ҷашни 70 - солагиро рӯхдоди таърихӣ ном бурда, олимонро бо ин санаи хотирмон табрику таҳният гуфт.
Ҷаласаи ҳизбии Ташкилоти ибтидоии “Афканишот” – и дар КИИ “Хирадмандон” – и ҲХДТ дар АМИТ
Санаи 05.10.2021 дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААЯР АМИТ) ҷаласаи ҳизбии Ташкилоти ибтидоии “Афканишот” – и дар КИИ “Хирадмандон” – и ҲХДТ дар АМИТ бахшида ба рӯзи забони тоҷикӣ гузаронида шуд.
23 сентябри соли 2021 дар ҳошияи иҷлосияи 65-уми Конфронси генералии АБНА, Илҳом Мирсаидзода - директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ; Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди АБНА бо хонум Эве-Кулли - Калла, директор ва Сандра Стейскал, муовини директори шуъбаи ҳамкори техникии Бахши аврупоии АБНА вохӯрӣ гузаронида шуд.
22 сентябри соли 2021 дар ҳошияи иҷлосияи 65-уми Конфронси генералии АБНА, Илҳом Мирсаидзода, директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ бо намояндагони Барномаи амал оид ба табобати саратон (БАТС) ва Шуъбаи ҳамкориҳои техникии АБНА баргузор гардид.
21 сентябри соли 2021 дар ҳошияи иҷлосияи 65 -уми Конфронси Генералии АБНА маросими имзои Созишномаи стратегии нақшаи такмилёфтаи солимгардонии партовҳои урандор дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Иҷлосияи 65-уми Конфронси Генералии АБНА
Аз 20 то 24 сентябри соли 2021 дар Маркази Байналмилалии Вена (VIC)-и Ҷумҳурии Австрия, 65-умин Иҷлосияи навбатии Конфронси Генералии АБНА баргузор шуда истодааст, ки дар он мақомоти баландпоя ва намояндагони кишварҳои аъзои АБНА як қатор масъалаҳо баррасӣ намуда истодаанд.
Имрӯз дар санаи 08.09.2021 дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Конфронси 2-юми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи
Аз 16 то 19 августи соли 2021 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистони Вилояти Суғд, Конфронси 2-юми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи "Нақши бонувони олим дар рушди илм, инноватсия ва технология" баргузор гардид.
29-уми июни соли 2021 семинари омӯзишӣ навбатӣ тибқи нақшаи якҷояи Филиали Агентӣ ба Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар шаҳраки Айнӣ баргузор гардид.
Маҷлис бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
25 июни соли 2021 дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААЯР АМИТ) бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлис баргузор гардид.
Гузаронидани чорабинии навбати дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) №20
Санаи 31-уми майи соли ҷорӣ ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) №20-и ба номи Насруллоҷон Домуллоҷонович, н.Б.Ѓафуров, ҷамоати доҳоти Ѓозиёни н.Б.Ѓафуров дар асоси нақша чорабинии Филиали ААЯР АМИТ дар вилояти Суғд ва Раёсати маорифи вилояти Суғд бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзӯи «Радиатсия ва ҳаёт» чорабиниро ба тариқи интерактивӣ баргузор намуданд.
Бо мақсади тақвияти минбаъдаи тавонмандиҳои Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии ғайриқонунии маводҳои эҳтимолан хатарноки химиявӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ядроӣ (ХБРЯ), Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ду микроавтобусро ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААЯР АМИТ) супорид.
КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: АЗ МАСЪАЛАҲОИ МУОСИРИ ИЛМИ ХИМИЯ ТО ФАЪОЛИЯТИ ОЗМОИШГОҲИ «ПЕПТИД»
14 майи соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60-солагии таъсисёбии кафедраи химияи органикии Донишгоҳи миллӣ дар пояи факултети химияи донишгоҳ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири химия, татбиқ ва дурнамои онҳо» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.
6 майи соли 2021 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), корманди Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ Шосафарова Шоира Гулмаҳмадовна ҳимояи рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Арзёбии дозаи шуоъхӯрии касбии гурӯҳҳои мухталифи тиббї ва аҳолии дар минтақаҳои аз радон хатарнок истиқоматкунанда» ҳимоя намуд.
Семенари навбатии интерактивӣ дар мавзӯи “Чернобил – фоҷиаи асри ХХ”
26 – уми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ба номи А.Фирдавсӣ – и ш. Хуҷанд бахшида ба 35-солагии садамаи Чернобил, семинари интерактивиро дар мавзӯи “Чернобил – фоҷиаи асри ХХ” ба хонандагони синфҳои болои гузаронида шуд.
Фаъолияти илмӣ ва сиёсӣ Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович
Манфиатҳои илмии Мирсаидов У.М. - химияи моддаҳои сершиддат, технологияи маводи ғайриорганикӣ ва бехатарии радиатсионӣ, инчунин экологияи кимиёвӣ. Як қатор корҳое, ки солҳои 1970-1990 иҷро шудаанд, ба химияи алюминий - ҷузъҳои потенсиалии сӯзишвории сахти мушакӣ ва манбаъҳои гидроген дахл доранд.
Семинари навбатии ААЯР АМИТ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
23 апрели соли 2021 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди тадқиқот дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва радиоэкологӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Маҷлиси ҳисоботии ҷамъбасти семоҳаи ТИҲ “Афканишот”
12 апрели соли 2021 дар маркази омӯзишии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизби “Афканишот” бо иштироки муовини раиси КИИ “Хирадмандон” – и ҲХДТ дар АМИТ Қурбонова Ширин маҷлисҳои ҳисоботии ҷамъбасти семоҳа аз натиҷагирии фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2021, баргузор гардид.
8 апрел дар рӯзи дуюми сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои таълиму тарбия дар он шинос шуданд.
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ баҳри ҷалби ҷавонон ба соҳаҳои илмҳои дақиқ дар доираи чорабиниҳо вобаста ба «Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (солҳои 2020-2040)» чорабинии навбатиро дар Озмоишгоҳи хизматрасониҳои техникии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ баргузор намуд. Ба озмоишгоҳ хонандагони синфи 7-и «А»-и Литсейи техникии Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М. Осимӣ ташриф намуданд.
Дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи муддавар оид ба таъмин намудани иҷроиши супориши Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.03.2020, № 18 бо иштироки намояндагони Вазоратҳо баргузор гардид.
Роҳбарияти Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд (Филиали Агентӣ) тасмим гирифтааст, ки дар соли 2021 ба минтақаҳои ш.Хуҷанд, ш.Истаравшан, ш.Исфара ва н.Айни кормандони соҳаи тиб (рентгенологҳо ва рентгенлаборатҳо) - ро сарҷамъ намуда корҳои фаҳмондадиҳи “нисбат ба сохт ва истифодабарии утоқҳои рентгенӣ, дастгоҳҳои рентгенӣ ва гузаронидани тадқиқотҳои рентгенологӣ” – ро пурзӯр намояд.
Ба ифтихори дар сатҳи баланд баргузор намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри тозаву озода ва гулгуншукуфон намудани гирду атроф, омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ, бо иштироки кормандони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААЯР АМИТ) шанбегиҳо гузаронида шуда истодаанд.
Бо мақсади иҷрои банди 9 Нақшаи фаъолияти Шӯрои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ барои солҳои 2020-2021, санаи 11 марти соли 2021, санги аввал барои оғози сохтмони бахши Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳо дар вилояти Суғд бо мақсади назорати корҳои солимгардонии партовгоҳҳои коркарди маъдани уран гузошта шуд.
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни "Рӯзи модарон" ва солгарди клуби «Хонуми ядроӣ”
5 марти соли 2021 дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААЯР АМИТ) чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни “Рӯзи модарон” ва солгарди таъсиси бунёди Клуби «Хонуми ядроӣ» баргузор гардид.
Чорабинии интерактивӣ дар мавзӯи
Санаи 8-уми феврали соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и шаҳри Хуҷанд ба номи Ҷаббор Расулов дар асоси нақша чорабинии Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раёсати маорифи вилояти Суғд бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзӯи “Афканишоти радиатсионӣ ва ҳаёт” чорабиниро ба тариқи интерактивӣ баргузор намуданд.
28 январ дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корманди филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд Эрматов Комилҷон Абдулмаликович дар мавзӯи "Муҳоҷирати обии уран ва радон дар қаламрави шимоли Тоҷикистон" рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Рисолаи Эрматов Комилҷон Абдулмаликович дар шуъбаи тадқиқотии ААЯР АМИТ гузаронида шудааст.
28 январи соли равон дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, бо мавзӯи "Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии Байналмилалии Нерӯи Атомӣ (АБНА)" семинари илмӣ баргузор гардид.
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
26 январи 2021 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААЯР АМИТ) роҳбарият ва кормандони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ, дастаҷамъона Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки он мустақиман тариқи шабакаҳои телевизионӣ баргузор гардида буд, тамошо намуданд.
Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-и шаҳри Истаравшан
Бо иқдоми академикҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ӯлмас Мирсаидов ва Махкам Маҳмудзода дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон” идома доранд.
НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2020 ДАР МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ «ХИРАДМАНДОН»
Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҳамидиён Илҳомҷон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор ва Раҳимӣ Фарҳод - раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2020 баргузор гардид.
Маҷлиси навбатии моҳонаи клуби “Хонуми ядроӣ”
Дар санаи 11 январи соли 2021 маҷлиси навбатии аъзоёни клуби “Хонуми ядроӣ” дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААЯР АМИТ) баргузор гардид. Дар он Раиси клуб – Ҳакимова Нодира, директори Агентӣ – Илҳом Мирсаидзода ва дигар аъзоёни клуб иштирок намуданд.
Маҷлиси умумии моҳонаи ААЯР АМИТ
Дар санаи 4 январи соли 2021 маҷлиси навбатии умумии моҳонаи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААЯР АМИТ) баргузор гардид, ки дар он мушкилиҳои мавҷуд буда ва нақшаҳо барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маҷлиси ҷамъбасти солонаи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ
29 декабри соли 2020 дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АЯРБ НАНТ) маҷлиси ҷамъбастии солона баргузор гардид.
МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АФКАНИШОТ”
Бо иштироки Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Қурбонова Руқия Атоевна, Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, муовини раиси КИИ ҲХДТ "Хирадмандон" Қурбонова Ширин Исмоиловна ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ташкилоти ибтидоии “Афканишот” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид. Нахустсуханро, Ширин Қурбонова ифтитоҳ намуда, зимни баррасии масоил аз таърихи пайдоиш ва густариши ҳизб суханронӣ намуд.
15 декабри соли 2020 дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААЯР АМИТ), аввалин Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Нақши бонувони олим дар рушди илм, инноватсия ва технология" баргузор гардид.
Корҳои ободонӣ, созандагӣ ва ниҳолшинонӣ дар ААЯР АМИТ
Роҳбари Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ ва кормандони он, даъвати Раиси шаҳри Душанбе-ро оид ба саҳмгузорӣ дар сабзгардонии пойтахтро, ки зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум изҳор дошта шуда буд, пазируфта, рӯзи 12 декабри соли 2020 ба корҳои ободонию ниҳолшинонӣ баромаданд.
Наворхои видео оид ба COVID-19
Наворҳои зерин пешниход шудааст: Истифодабарии таҷҳизоти муҳофизатии инфироди ҳангоми қабули беморон; Қабули беморон дар маркази лабораторӣ; Гирифтани намунаҳои клиникӣ; Нигоҳдори ва интиқоли намунаҳо; Қабул ва коркарди намунаҳо; Истихроҷи вирусҳои РНК; Реаксияи занҷири полимериази; Тафсири натиҷаҳои ПЦР; Назорати сифат.
Марде фарҳангӣ дар хидмати илмӣ ватанӣ (Бахшида ба 75- солагии академик Улмас Мирсаидов)
Зиндагӣ майдони набард аст. Дар ин майдон бештар ба ноадаолативу бераҳмӣ рӯ ба рӯ меойӣ. Ва онҳое дар ин майдон пирӯз мегарданду ҳақиқатро соҳиб мешаванд, ки дорои иродаи матин буда, дар сангарҳои зиндагӣ чун шахсият обутоб ёфтаву ба камол расидаанд. Корзори илм, ки дар тобеияти майдони зиндагӣ қарор гирифтааст, шабеҳ ба варзишгоҳи чавгонбозист.
Ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷикон- наҷотбахши сайёра
Дар шароити ҷаҳонишавиии муосир ва бархурди манфиатҳои миллӣ, ҳифзи муҳити солим ҳамчун заминае мебошад, ки ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро таъмин менамояд. Ба ин муносибат дар соҳаи муносибатҳои экологӣ ҳамаи проблемаҳои мавҷуда ба соҳаҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Дар байни ин мушкилоти экологӣ, яке аз тамоюлҳои муосир ин проблемаи обшавии пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ мебошад.
Ба ифтихори ин рӯзи фархунда, бо камоли эҳтирому садоқатмандӣ, иҷозат фармоед шахсан аз номи худ ва инчунин ҳайати кормандони Агентӣ ба Шумо тансиҳатӣ, рӯзгори бофароғат ва саодати ду ҷаҳонро талаб намоем. Умедворем, ки Шумо солҳои тӯлонӣ дар рушду соҳаи илм ва таҳкими ваҳдату истиқлоли кишвар нақши бориз гузошта ба роҳу равиши шогирдон ҳамчун моҳи мунир нури худафрӯзию худшиносии худро мебахшед.
Хизматрасониҳои асосии мунтазам ба соҳаи тандурустӣ: Дастурамали фаврӣ дар заминаи COVID-19
Дар тамоми ҷаҳон, мамлакатҳо бо мушкилиҳои афзоиши талаботи хизматрасониҳои тандурустӣ вобаса ба COVID-19 рӯ ба рӯ мешаванд. Кишварҳо барои нигоҳ доштани мувозинати ниёзҳои вокуниши мустақим ба пандемияи COVID-19 қарорҳои душвор қабул мекунанд.
Ҳадаф аз ташакил намудани ин курси омӯзишӣ ин роҳнамоӣ ба мақомоти тандурустӣ ва ташкилкунандагони чорабиниҳо дар давраи пандемияи COVID-19 бо мақсади пешгирии хавфҳои гузариши ин сироят мебошад.
23 сентябри соли 2020 маросими расмии пешкаши таҷҳизоти муайянкунандаи COVID-19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Таҷҳизот аз ҷониби Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ (АБНА) тавассути лоиҳаи INT0098 ҷиҳати таҳкими иқтидори миллии озмоишгоҳҳои гуногуни Вазорат дар мубориза бо пандемияи COVID-19 пешкаш гардидааст.
Пандемияи COVID-19 дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, идома дорад. То имрӯз шумораи мубталоён дар Қазоқистон ба 18 765 нафар расидааст, дар Ӯзбекистон - 6755, дар Тоҷикистон - 5567 ва Қирғизистон - 3726. Ин пандемия таҳдиди ҷиддӣ ба рушди устувор мебошад ва мубориза бо ин мушкилот танҳо тавассути маълумот дақиқ ва донистани роҳҳои муҳофизати худ аз ин вирус имконпазир аст.
Бояд тазаккур дод, ки бо сиёсати созанда, ояндасоз ва хирандмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №134 аз 29 марти соли 2019 «Дар бораи муайян намудани ҳамоҳангсози миллии амалинамоии Конвенсия оид ба манъи коркард, истеҳсол ва ҷамъ намудани захираҳои силоҳи бактериологӣ (биологӣ), токсинӣ ва нест кардани онҳо» қабул гардид, ки дар мувофиқи он Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоҳангсоз муайян гардид.
Давлатҳои аъзо дар минтақаи аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) айни замон марҳилаҳои гуногуни пандемияи COVID-19-ро аз сар гузаронида истодаанд. Бо вуҷуди ин, новобаста дар кадом марҳилае, ки давлат ҷойгир набошад, ҳукумат ва мақомоти тандурустии минтақа бояд қадамҳои минбаъдаро дар стратегияи вокуниш ба нақша гиранд. Мақсади стратегия, дар сатҳи устувории паст нигоҳ доштан ё умуман бартараф кардани сирояти вирус мебошад.
Вокуниши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба пандемияи COVID-19
Дафтари минтақавии Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ин ҳуҷҷати муҳимро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақа барои вокуниш ба пандемияи COVID-19 таҳия кардааст. Котиби Генералии Созмони Миллали Муттаҳид ҷаноби Антонио Гутеррес қайд намудааст: " COVID-19 – ин мушкилии бузургест, ки мо дар якҷоягӣ аз рӯзи ташкилёбии СММ ба он рӯ ба рӯ шудем " ва бояд қайд намуд, ки ҷомеаи ҷаҳон чораҳои заруриро барои ҳалли мушкилот дар якҷоягӣ андешанд.
Кормандони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон нисбати марги нобаҳангоми собиқ директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд Нумонҷон Ҳакимов дар синни 75 солагӣ сахт андӯҳгин буда, изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.
Чанде қабл зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
"РӮЗИ ИЛМ" БО ТАНТАНА БАРГУЗОР ШУД
Дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи илм" маҷлиси тантанавӣ ва дар иртибот ба "Рӯзи бийналмилалии занону духтарон дар илм" Конференсияи илмии "Саҳми бонувон дар рушди илм" баргузор шуд, ки дар он директорон, муовинони директорҳо ва котибони илмии муассисаҳои илмӣ, кормандони вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат
18 март дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.
Дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ, рӯзи 18 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқот намуданд, ки он баҳри таҳлилу баррасии масъалаву мушкилоти ҳалталаби замона равона карда шуда буд.
7 марти соли 2020 Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Рахимӣ ва Директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ, Илҳом Мирсаидзода бо мақсади иҷрои бандҳои 8 а), 9 г) ва д)-и Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қатъномаи 1540 Шўрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №54 аз 9 ферали соли 2016 тасдиқ шудааст, санги аввал барои сохтмони маркази муайянкунии маводҳои химиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ядроиро (ХБРЯ) гузоштанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (СОЛНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - 2019)
Соли 2019 чун дигар солҳои даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми шарафманди тоҷик бобарору хотирмон буд, зеро шаҳрвандони мамлакат бо ҷонибдорӣ аз сиёсати ояндасози роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф ба комёбиҳои беназир ноил гаштанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони вазорату идораҳо
9-уми январи соли 2020 дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони вазорату идораҳо, ки дорои лоиҳаҳои амалкунандаи Агентии байналмилаллии нерўи атомӣ мебошанд баргузор гардид.
Бори аввал дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе монитори порталии радиатсионӣ, ки вазифаи асосии он кашфи маводи ядроӣ ва радиатсионӣ мебошад, насб гардид. Маросими расмии ба истифодадиҳии он имрӯз, 22 октябр доир гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иштирок ва сухан карданд.
29 август - Рӯзи байналмилалии амалиёт бар зидди озмоишҳои ҳастаӣ
Ин ягона моҳвораи радифӣ (дар акс) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба воситаи он оид ба озмоишҳои ҳастаӣ, ҳодисаҳои сейсмикӣ, радионуклидӣ, инфраовозӣ, гидроакустикии тамоми ҷаҳон ҳамарӯза маълумот дастрас мегарданд. Дар ин бора дар арафаи Рӯзи байналмилалии амалиёт бар зидди озмоишҳои ҳастаӣ мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Агентии амнияти ядроӣ ва ридиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон мудири озмоишгоҳи хизматрасонӣ-техникӣ, номзади илмҳои техникӣ Бахтиёр БАРОТОВ хабар медиҳад.
15 майи соли 2019 дар қасри Ҳофбург, Вена таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи умумии навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) баргузор гардид. Ҷаласа ба баррасии раванди татбиқи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ 1540 (масъалаҳои адами интишори силоҳи қатли ом) бахшида шуда буд.
Таъмини бехатарии радиатсионӣ дар Шӯрои байниидоравӣ баррасӣ гардид
Чанде қабл таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Вохӯрии намояндагони вазорату идораҳои марбута бо масъалаи назорати содиротӣ ва намояндагони САҲА
Рӯзҳои 18 - 19 марти соли 2019 дар Маркази омӯзишии минтақавӣоид ба пешгирӣ намудани паҳншавии силоҳи қатли ом ваназорати содиротӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқозва Афғонистон, ки дар назди ААЯР АИ ҶТ фаъолият менамояд, вохӯрии намояндагони вазорату идораҳои марбута бо масъалаиназорати содиротӣ ва намояндагони САҲА баргузор гардид.
Аз 26 феврал то 1 марти соли 2019 дар Маркази таълимииАгентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ семинари миллӣоид ба Баррасии имкониятҳои мавҷуда оид ба таҳқиқотиҷиноят бо истифодабарии маводи ҳастаӣ баргузор гардид. Дар семинар намояндагони Прокуратураи генералии ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддава мудофиаи граждании Ҳукумати ҶТ, Хадамоти гумрук, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Нуқтаи нигаҳдории партовҳои радиоктивииназди МИҲД ш.Душанбе ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣширкат варзиданд
12 – 13 январи соли 2017 дар Маркази омӯзишии минтақавииАгентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТдар ш. Душанбе, Тоҷикистон Семинар оид ба баррасӣва такмили минбаъдаи «Нақшаи стратегии солимгардониимайдончаҳои мероси саноати уранӣ дар ОсёиМарказӣ» баргузор гардид. Ин ҳуҷҷатаз ҷониби Гурӯҳи ҳамоҳангсозандаи (CGULS, IAEA) Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) омода карда шудааст.)
Рӯзҳои 6 - 10 уми феврали соли 2017 дар Маркази омӯзишииминтақавии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияиилмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Омӯзиши истифодабарандагон аз рӯи барномаи Воситаҳоидарёфткунии сайёр дар Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Аз 30 январ то 03 феврали соли 2017 дар Маркази таълимииАгентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ семинаримиллӣ оид ба таҳияи «Тартиби амалкунии стандартӣ (ТАС) ҳангоми кашфи маводҳои ядроӣва радиоактивӣ дар сарҳад» баргузор гардид. Дар семинар намояндагони Хадамоти гумрук, Қӯшунҳоисарҳадӣ ва Агентии амнияти ядроӣ варадиатсионӣ ширкат варзиданд
Рӯзҳои 6 - 10 уми феврали соли 2017 дар Маркази омӯзишии минтақавии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Омӯзиши истифодабарандагон аз рӯи барномаи Воситаҳои дарёфткунии сайёр дар Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Барномаи тестӣ Environment UniverTest
Дар доираи амалишавии лоиҳаи АБНА TAD/0/005 «Ворид намудани давраҳои омӯзишии баъд аз дипломӣ ва магистратура дар Маркази миллии таълим ва омӯзиш» аз 23 то 27 январи соли 2017 бо ташрифи экспертӣ намояндаи Донишгоҳи давлатии Беларус, Мудири шӯъбаи автоматизатсиякунонии комплексии Донишкадаи экологии ба номи Сахаров – Евгений Хаҷинов ба Маркази таълимии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ ташриф овард. Мақсад аз ташриф таҷҳизонидани синфхонаи компютерӣ бо барномаи тестӣ Environment UniverTest (Тести универсалӣ оид ба муҳити зист) барои санҷиши дониши азхудкардаи шунавандагон ва иштирокчиёни курсҳои омӯзишии гуногун дар мавзӯъҳои амнияти ҳастаӣ ва бехатарии радиатсионӣ мебошад.
Барномаитестӣ Environment UniverTest
Дардоираи амалишавии лоиҳаи АБНА TAD/0/005 «Вориднамудани давраҳои омӯзишии баъд аз дипломӣва магистратура дар Маркази миллии таълим ва омӯзиш» аз 23 то 27 январи соли 2017 бо ташрифи экспертӣнамояндаи Донишгоҳи давлатии Беларусь, Мудиришӯъбаи автоматизатсиякунонии комплексии Донишкадаиэкологии ба номи Сахаров – Евгений Хаҷинов баМаркази таълимии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионииАИ ҶТ ташриф овард.
12 – 13 январи соли 2017 дар Маркази омӯзишии минтақавии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ дар ш. Душанбе, Тоҷикистон Семинар оид ба баррасӣ ва такмили минбаъдаи «Нақшаи стратегии солимгардонии майдончаҳои мероси саноати уранӣ дар Осёи Марказӣ» баргузор гардид.
Иштирок дар чорабинии минтақавии қатъномаи 1540 дар шаҳри Минск, Ҷумҳурии Белорус
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои амалинамоии қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти СММ дар ҳамкорӣ бо Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки мутахассисони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки фаъолияташон ба қатъномаи 1540 алоқаманд аст, дар вохӯрии минтақавӣ бахшида ба қатъномаи 1540 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус, аз 2 то 5 августи соли 2016 ташкил намуд.
Вохӯрӣ бо мутахассисони соҳаи таъмини амнияти биологӣ
18 июли соли 2016 Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалинамоии қатъномаи 1540 Шўрои амнияти СММ дар ҳамкорӣ бо Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои бандҳои 1 д) ва 2 г) нақшаи зикргардида, вохўри бо мутахассисони соҳаи таъмини амнияти биологӣ баргузор гардид.
Вохуриҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба қатъномаи 1540
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалинамоии қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти СММ дар ҳамкорӣ бо Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардошти маълумотнокии муассисаю корхонаҳое, ки фаъолияташон ба қатъномаи 1540 алоқамандӣ дорад аз аввали моҳи май то охири июли соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳо ташкил намуданд.
Вохӯрӣ бо донорҳо дар доираи амалинамоии қатъномаи 1540-и ША СММ
28 апрели соли 2016 Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалинамоии қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти СММ дар ҳамкорӣ бо Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагиҳои давлатҳо-донорҳои муқими кишварамон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил намуданд.
Маросими ба истифода додани биноҳои партовҳои радиоактивӣ
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсозӣ Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалинамоии қатьномаи 1540 Шӯрои амнияти СММ дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мақсади иҷрои банди 7-и нақшаи зикргардида, 11 апрели соли 2016 маросими ба истифода дода шудани биноҳои партовҳои радиоактивии Муассисаи давлатии «Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ», ки воқеъ дар ноҳияи Файзобод мебошад, баргузор намуданд.
Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши амнияти ядроӣ
Системаҳои замонавӣ барои ошкор намудани қочоқи маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ дар сарҳадоти Тоҷикистон насб карда шуд
Озмоишгоҳи хизматрасонии техникии ААЯР соҳиби таҷҳизоти нав гардид
Дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи миллии Ҳамкории техникии МАГАТЭ (АБЭА) «TAD 1001 Пурзӯркунии имкониятҳои озмоишии мониторинги муҳити зист» Озмоишгоҳи хизматрасонии техникии ААЯР соҳиби таҷҳизоти нав гардид. Ба маҷмӯи таҷҳизот алфа-спектрометр ва гамма-спектрометри замонавии ширкати Canberra бо барномаи Genie 2000 ва системаи хунуккунии электрикӣ ва ҳамчунин лавозимоти озмоишӣ барои гирифтан ва нигоҳ доштани намунаҳо дохил мешаванд. Таҷҳизоти номбурда барои муайян намудани таркиби радионуклидҳо дар объектҳои муҳити зист (ҳаво, хок ва об) ва дигар масолеҳҳо (моддаҳо) истифода бурда мешавад.
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Комиссия оид ба танзими ядроии ИМА семинар дар мавзӯйи «Дастгирии иҷозат ва амалисозии назорати меъёрии пурмаҳсули манбаъҳои афканишоти ионофар (МАН) дар Тоҷикистон» бо намояндагони муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон (дар минтақаи Қӯрғонтепа) гузаронд.
Аз 13 то 17 январи соли 2014 дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзиши оид ба хизматрасонии техникӣ ба порталҳои радиатсионии мобилӣ ва таҷҳизот барои дарёфти гардиши ғайриқонунии маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ гузашт.
24 январи соли 2013 Озмоишгоҳи хизматрасонии техникии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ (ААЯР) дар чаҳорчӯбаи Нақшаи кории муштараки рӯзи 18.12.2011 имзошуда байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ИМА дар соҳаи мубориза бо қочоқи ядроӣ ва радиоактивӣ интиқоли бехатари 66 манбаъи радиоактивии аз истифода баровардашударо ба КВД «Нуқтаи гӯронидани партовҳои радиоактивӣ» ташкил намуд
Миссияи INSSP – Нақшаи муттаҳидаи дастгирии бехатарии ядроӣ
Аз 10 то 12 декабри соли 2012 ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ (мақоми танзимгари давлатӣ) миссияи МАГАТЭ INSSP – Нақщаи муттаҳидаи дастгирии бехатарии ядроӣ ташриф овард. Миссия аз шахсони зерин иборат буд:
Аз 12 то 16 ноябри соли 2012 дар Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон тибқи барномаи кории лоиҳаи миллии МАГАТЭ курси омузишии милли оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар саноат баргузор гардид. Дар курси омузишии мазкур намояндагони Вазорати саноат ва энергетика, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Институти хокшиносии АИК ЉТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ширкати алюминийи тоҷик, Институти геология ва сейсмологияи тоҷик ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ иштирок намуданд.
Аз 5 то 9 ноябри соли 2012 дар Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон тибқи барномаи кории лоиҳаи миллии МАГАТЭ курси омузишии милли оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар ташхис ва радиологияи интервенсионӣ баргузор гардид.
ТАШРИФИ МИССИЯИ ПАКТ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 26-30 МАРТИ 2012
Ташрифҳо ба муассисаҳо: - Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ - Идораи ВОЗ дар Тоҷикистон - Вазорати тандурустӣ
Мақсади семинар-практикум аз он иборат аст, ки 1) ба аъзо-давлатҳо додани маълумоти умумӣ дар бораи методологияи МАГАТЭ оид ба таҳияи стратегияи миллии омӯзиш ва тайёркунии кадрҳо дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ.
Аз 23 то 27 апрели соли 2012 дар шаҳри Душанбе семинари минтақавӣ барои сарҳадчиён, гумрукчиён ва кормандони мақоми танзимгар оид ба таъмини бехатарии радиатсионии Афғонистону Тоҷикистон
Аз рӯзи 2 то 6 уми апрели соли 2012 эксперти АБЭА (МАГАТЭ), ҷаноби Албинас Мастаускас – директори Маркази муҳофизати радиатсионии Ҷумҳурии Литва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Аз 5 ум то 9 уми март дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳо оид ба гузаронидани санҷиш дар муассисаҳое, ки манбаъҳои афканишоти ионофарро истифода мебаранд, мувофиқи талаботҳои АБЭА гузаронида шуданд. Аз 5 ум то 9 уми март дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳо оид ба гузаронидани санҷиш дар муассисаҳое, ки манбаъҳои афканишоти ионофарро истифода мебаранд, мувофиқи талаботҳои АБЭА гузаронида шуданд. Бо супориши мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон эксперти АБЭА - Зузана Пашкова аз Ҷумҳурии Чехия ташриф овард.
17 ноябри соли 2011 дар ш. Чкалови Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нӯҳуми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии энергияи атом бо мақсадҳои осоишта дар назди Кумитаи Интегратсионии ЕврАзЭС шуда гузашт
Лоиҳаи Комиссияи Аврупо оиди «Таъмини сарҳад бо мониторҳои доимӣ»
Аз 18 то 19- уми октябри соли 2011 дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ вохӯрӣ бо намояндагони Комиссияи Аврупо баргузор гардид.
Аз 26 то 30-юми сентябри соли 2011 дар Душанбе курси таълимии минтақавии Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (АБЭА) дар мавзӯи «Методологияи моделкунии таъсири омилҳои радиоатсинӣ ба муҳити атроф ва аҳолӣ» гузаронида шуд, ки дар он намояндагони давлатҳои Латвия, Литва, Болгария, Албания, Юнон, Венгрия, Македония, Полша, Словакия, Хорватия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
ТОҶИКИСТОНУ БРИТАНИЯИ КАБИР ОИД БА МОДЕРНИЗАТСИЯИ СИСТЕМАИ МУҲОФИЗАТИ ҶИСМӢ ВА БЕХАТАРӢ
23 августи соли 2011 дар Нуқтаи ҷумҳуриявии гӯронидани партовҳои радиоактивӣ (НҶГПР) ноҳияи Файзобод лоиҳаи Тоҷикистону Британияи Кабир оид ба модернизатсияи системаи муҳофизати ҷисмӣ ва бехатарӣ ба итмом расид.
Аз 5 ум то 9 уми март дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳо оид ба гузаронидани санҷиш дар муассисаҳое, ки манбаъҳои афканишоти ионофарро истифода мебаранд, мувофиқи талаботҳои АБЭА гузаронида шуданд. Аз 5 ум то 9 уми март дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳо оид ба гузаронидани санҷиш дар муассисаҳое, ки манбаъҳои афканишоти ионофарро истифода мебаранд, мувофиқи талаботҳои АБЭА гузаронида шуданд. Бо супориши мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон эксперти АБЭА - Зузана Пашкова аз Ҷумҳурии Чехия ташриф овард.
ИФТИТОХИ РАСМИИ ОЗМОИШГОХИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕХНИКИИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ЯРОИ ВА РАДИАТСИОНИИ АИ ЧТ
Дар санаи 14 январи соли 2011 ифтитохи расми ва ба истифода додани озмоишгохи хизматрасонии техникии Агентии амнияти ярои ва радиатсионии АИ ЧТ баргузор гардид.
МУАЙЯН НАМУДАНИ ХАТСАЙРХОИ КОХИШХУРДАИ ГАРДИШИ ГАЙРИКОНУНИИ МАВОДХОИ ЯДРОИ ВА РАДИОАКТИВИ
Дар санаи аз 11 то 12 январи соли 2011 дар Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии АИ ЧТ вохури бо намояндагони хукумати ИМА гузашт.
МУАЙЯН НАМУДАНИ ХАТСАЙРХОИ КОХИШХУРДАИ ГАРДИШИ ГАЙРИКОНУНИИ МАВОДХОИ ЯДРОИ ВА РАДИОАКТИВИ
Дар санаи аз 11 то 12 январи соли 2011 дар Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии АИ ЧТ вохури бо намояндагони хукумати ИМА гузашт.
КУРСИ ОМУЗИШИ ОИДИ МУХОФИЗАТИ ЧИСМИ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАНБАЪХОИ РАДИОАКТИВИ
Дар чахорчубаи созишномаи тарафайн байни Чумхурии Точикистон ва ИМА аз 8 то 10 декабри соли 2010 дар мехмонхонаи «Меркурий» «Курси омузишиоиди мухофизати чисми ва таъмини бехатарии манбаъхои радиоактиви» ташкил карда шуд.
СЕМИНАР ОИД БА ДОНИСТАНИ ТАЛАБОТИ ЧОРАХОИ БЕХАТАРИ, КИ БО МАНБАЪХОИ РАДИОАКТИВИ ВОБАСТААНД
Дар чахорчубаи созишномаи дутарафа байни Чумхурии Точикистон ва ИМА санаи 7 декабри соли 2010 дар толори конфронсии мехмонхонаи «Меркурий» «Семинар оид ба донистани талаботи чорахои бехатари, ки бо манбаъхои радиоактиви вобастаанд» барои хайъати рохбарияти вазорату идорахои гуногун, ки фаъолияташон бо таъмини чорахои бехатарии манбаъхои радиоактиви вобастаанд, гузаронида шуд.
НАКШАИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТХО ДАР СОХАИ МУБОРИЗА БО КОЧОКИ МАВОДХОИ ЯДРОИ ВА РАДИОАКТИВИ
22 сентябри соли 2010 дар Конфронс - зали «VEFA» - и ш. Душанбе байни намояндагони Хукумати Иёлотхои Муттахидаи Амрико ва Чумхурии Точикистон вохӯри шуда гузашт. Дар рафти вохӯри «НАКШАИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТХО ДАР СОХАИ МУБОРИЗА БО КОЧОКИ МАВОДХОИ ЯДРОИ ВА РАДИОАКТИВИ» мавриди мухокима карор гирифт.
КУРСИ ОМӮЗИШИ БАРОИ ДАСТУРДИҲАНДАГОН (ОМӮЗГОРОН)
Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва Донишгохи давлатии тиббии Точикистон якчоя бо Агентии байналмиллали оид ба энергияи атоми курси омӯзишии миллиро барои дастурдихандагони (омӯзгорони) маркази омӯзишию тадриси оид ба бехатарии радиатсиони ояндадар чахорчӯбаи лоихаи миллии TAD/0/003 «Таъсиси дар Чумхурии Точикистон» гузаронид, ки он аз 28 июн то 2 июли соли 2010 дар табобатгохи Ходжа-Оби-Гарм гузашт. Иштирокчиёни курси омӯзишии мазкур аз нафароне буданд, ки дар гузашта курсхои омӯзиши, тачрибаомӯзи ва ташрифхои илмиро бо кӯмаки МАГАТЭ гузашта буданд.
Агентии амнияти ядрои ва радиатсиони (Макомоти танзимкунандаи давлати) бо якҷоягии Маркази Байналхалкии Илмию Техники (МБИТ) аз 12 то 13 апрели конференсияи байналхалки дар мавзӯъи : «Масъалахои тероризми эхтимоли ва мубориза бар зидди пахншавии ЯКО дар Осиёи Маркази» гузарониданд.
Почтаи электронӣ:
info@cbrn.tj